Қиссаҳои ибратангез - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик

Душанбе

Қиссаҳои ибратангез - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, ДушанбеҚиссаҳои ибратангез - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе 2012 - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
[2012.04.15][Квартиры]
Сдам, сниму, куплю, продам квартиру (дом) в Душанбе. Более 100 предложений. Все районы. Возможно посуточно. Цена от 20 до 5000 USD/мес. 
Телефон в Душанбе: 907-75-08-20 (моб)
(5) |Добавил: Admin
fff
Страница 1 из 11
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » культура и образование-санъат ва маориф » Религия - Дин » Қиссаҳои ибратангез
Қиссаҳои ибратангез
BonuДата: Вторник, 2013.05.14, 18:56 | Сообщение # 1
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Киссае, ки калбро ба гиря андохт... Бо номи Худои таборак ва таъол. Бародарон ва хохарон! Мехохам аз яке аз шохахои имон, ки хело барои ману шумо мухим аст бароятон кисса кунам ва дуст дорам инро бо киссае, ки худат хам медони бароят мухтасар кунам. Сабр ва истикомат бар тоату фармон бардори аз Худо ва дар рохи Худо.Аз сабр ва намоз ёри чўед. Ва ин ду кор душворанд, чуз барои ахли хушўъ (хоксорон, фурўтанон)». (Сураи Бакара, ояти 45) Хазрати Али (р) мефармояд: – Сабр барои имон ба манзалати сар барои тан аст. Яке аз бузургтарин намунаи сабр ва истикомат бар тоату фармонбардори аз Худо ва дар рохи Худо, ороишгари духтари Фиръавн аст. Ин зан рузе мухои духтари Фиръавнро шона мезад ва машгули ороиш буд, ки шона аз дасташ афтод. У гуфт: «Бисмиллох» (У фаромуш кард, чун имонашро махфи нигох дошта буд, вале муъмин ин гуна аст, ки имонаш медурахшад ва уро аён мекунад) Дар ин хангом духтари Фиръавн гуфт: «Падарам худост?» Ороишгар гуфт: «Парвардигори ману ту ва падарат Аллох(ч.ч) аст» Духтар гуфт: «Оё ту Худои дигаре гайр аз падарам дори?» Ороишгар гуфт: «Худои ману ту ва падарат Аллох (ч.ч) аст» Духтар гуфт: «Ба падарам мегуям» Ва ин корро хам кард. Фиръавн аз ин кор огох шуд ва ба ороишгар гуфт: «Оё ту Худои дигар гайр аз манд дори?» Зани ороишгар гуфт: «Парвардигори ману ту Аллох(ч.ч) аст» Фиръавн гуфт: «Оё ин зан фарзанде дорад?» Гуфтанд: «Чахор фарзанд дорад, ки яке аз онхо ширхора аст» Фиръавн гуфт: «Онхоро биёваред ва як дег хам биёваред ва зери он оташ равшан кунад то гудохта шавад» Модарам! Саъй кун тассавур куни, ки чи иттифоке хохад афтод, Худатро ба чои ороишгар карор бидех. Фиръавн писари бузурги ин занро гирифту аз зан пурсид: «Оё Худое чуз ман дори?» У гуфт: «Парвардигори ману ту Аллох(ч.ч) аст» Фиръавн писарро дар назди чашмони модараш дар оташ андохтанд. Писар доду фигон карду аз байн рафт. Субхоналлох! Худоё ин чи сабра аст, ки ба ин модар насиб гардониди? Пас дуюму сеюмашро хам дар оташ андохтанд, аммо ин зан посухе чуз ин, ки «Парвардигори ману ту Аллох(ч.ч) аст» надошт. Ин сахна дар ру ба руи модар иттифок меафтод. Навбати фарзанди ширхора расид ва дар ин чо калби модар барои фарзанди ширхораш ва уро махкам дар огуш гирифт. Дар ин чо кудаки ширхора ба забон омаду гуфт: «Сабуру бурдбор бош модар! Чун ту бар хак асти» Пас бачаву модарро дар оташ андохтанд. Мебинам, ки аз ин кисса мутаасир шудед ва калбатон ба шиддат ба дард омад. Ашкхоятонро пок кунед, зеро Паёмбар(сас) мефармояд: «Вакте ба олами боло мерафтам буи хуше ба машомам расид, ки то кунун чунин буе ба машомам нарасида буд. Гуфтам: Эй Чабраил! Ин буи чист? Гуфт: Ин буи ороишгари духтари Фиръавн ва чахор фарзанди уст» Худоё! Дар гаму шоди ашк аз чашмон сарозер мешавад! Бародарам! Хохарм! Оё сабрро омухти? Оре яке аз бузургтарин анвоъи сабр, сабру истикомат дар рохи худо ва барои дини Худост

Добавлено (2013.05.14, 18:56)
---------------------------------------------
Аз имоми Аъзам киссае хикоят мекунанд ки рузе хазрат аз масчид берун мешуд баногох марде тозону сарсон вориди масчид шуд ва гуфт:Эй имом маро панох дех ки мекушандам.Хазрат гуфт:
-Рав пушти дари масчид пинхон шав.он мард хамчунин кард.
Ногох гурухе вориди масчид шуд дар дасти хар кадоме шамшер.ва пурсиданд:
Эй имом чунин марде бо чунин киёфа надидаи?
Хазрат гуфт:
-равед дар пушти дар пинхон аст.Ва онон чун нигох карданд касе нест.ва дар газаб шудандв агуфтанд:
-Агар имом набуди барои дуругат саратро мебуридем.ва рафтанд аз он чо.
Ва он мард дертар баромад гуфт:
Ай имом чаро маро ба онхо нишон доди?
Имоми Аъзам гуфт:
-Агар дуруг мегуфтам хар оина туро пайдо мекарданд ва катлат мекарданд.

Добавлено (2013.05.14, 18:56)
---------------------------------------------
Аз хазрати Мусо(а) киссае омадааст,ки хазрат рузе ба биёбоне гузар мекард ва нигохаш ба марде бархурд,ки барахна то миёнаш дар рег фуру рафтааст.Он мард чун Мусо(а)-ро бишнохт пурсид:
-Эй паёмбари Худо,азми кучо дори?
Мусо(а) гуфт:
-Ба мулокоти Парвардигори худ мешитобам.
Марди дар рег фуру рафта гуфташ:
-Эй Мусо,агар пеши Парвардигорат рафти бигу ба у то барои ман либосе ато кунад ки барахна гаштам.
Да чавоб Мусо гуфташ:
-Шукр бигуй!
Он мард дар газаб шуда гуфт:
-Ай Мусо(а) чи гуна шукр гуям ки тамоман барахна мондам!!
Дар ин холат шамоли сахт шуд ва он регхое ки атрофи мард ними барахнагии уро мепушонд парешон гашт ва мард тамоман урён шуд ва донист хатогии хешро ва муночот кард ба Худо;
-Худоё,тавба кардам тавба кардам,маро бубахш,маро бубахш ки куфр гуфтам ба неъматхои ту!!
Худоё моро аз бечорагиву факр эмин бидорад ва аз чумлаи шокирону собирон бигардонад то рузи махшар бо бори гуноххои худ шармсор нагардем!!

Добавлено (2013.05.14, 18:56)
---------------------------------------------
Дар киссахо омадааст,ки марде писаре дошт ва он писар дар зухду такво ончунон бузругу ба мартаба расида буд ки падар аз худотарсиву имони сахти писараш хабаре надошт.Казоро рузе падар ду халтае гирифту писарашро гуфт:
-Писарам бархез ба чое меравем.
Писар ки дар рохи хидоят тарбия ёфта буд чизе падарашро нагуфта хамрхои падараш рохро пеш гирифт.
Падар назди боге тавакуф кард ва писар донист ки падар ба максади дузди ин чо омадасту уро хамрохаш гирифтаст аммо сухане аз забон берун накард .Ва дохили бог гашт падар ва писарашро дунболаш хонд.Хар ду назди дарахте карор гирифтанд.Падар назди дарахти себ карор гирифту болои он баромад ва писарашро гуфт:
-Хамин чо биист агар касеро бидиди маро хабар кун.
писар итоат кард,ва замоне пас писар бо нидои тарсомез гуфт:
-Падар фаро фаро ки дид!
падар аз тарс аз болои дарахт худро поён фиканд атрофро нигох кард касеро надид ва гуфт:
-Эй писар девона шуди магар,касе нест охир ку!Ки дид?
Писар дар чавоб гуфт:
-Худо дид падар!
Падар аз ин сухани писар охе аз дил бароварду халтахоро аз даст партофта баромада рафт хатто писарашро фаромуш кард.
Худоё моро хам чунин таквою имони мустахакам насиб гардон то фардо дар бозори киёмат шармсор нагардем


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » культура и образование-санъат ва маориф » Религия - Дин » Қиссаҳои ибратангез
Страница 1 из 11
Поиск:

Powered by Султанов Баходур Анварович © 2017 Яндекс цитирования Находится в каталоге Апорт Яндекс.Метрика
Поддержать форум на Forum-top.ru