«Намоз – ниёзи ошиқон» - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик

Душанбе

«Намоз – ниёзи ошиқон» - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе«Намоз – ниёзи ошиқон» - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе 2012 - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
[2011.10.11][Омар Хайям]
Доколе будешь нас корить, ханжа ты скверный,
За то, что к кабаку горим любовью верной?
Нас радует вино и милая, а ты
Опутан четками и ложью лицемерной.
(Перевод: О.Румера)
(1) |Добавил: Лана
fff
Страница 1 из 11
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » культура и образование-санъат ва маориф » Религия - Дин » «Намоз – ниёзи ошиқон»
«Намоз – ниёзи ошиқон»
BonuДата: Четверг, 2012.11.01, 15:05 | Сообщение # 1
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Дар китоби «Намоз – ниёзи ошиқон» омадааст: Рӯзе саҳобагон аз расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам пурсиданд: «Эй Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), чаро баъзе аз мӯъминон хеле зебою нуронианд?» Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд:»Онҳо шабзиндадоронанд. Инсоне, ки дар дили шаб ба василаи намозу муноҷот бо Худованд роз мегӯянд, аз мабдаи нури нуронияти бештаре бонасиб мегардад. Асари он нури ботинӣ дар чеҳрааш ҳузур пайдо мекунад».
Намоз воқеан нури мӯъмин, чароғи қабр ва соябони рӯзи маҳшар аст. Баъд аз марг низ нури таҷаллии он дар бандаи мӯъмин зоҳир мешавад. Чунончи, дар ҳадис омадааст: «Рӯзи маҳшар намози бандаи мӯъмин тоҷе шуда бар сараш менишинад ва мисоли нуре гашта, ба рӯи он банда партав (рӯшанӣ) меафканад».
Партави ишқ пас аз марг нагардад хомӯш,
Ин чароғест, к-аз ин хона ба он хона равад.

Яке аз авомили иҷобатшавии дуо намоз мебошад. Ба воситаи намоз инсон ба Худо наздик мегардад. Малоик дуои бандаи намозхонро ба осмон мебаранд ва дарҳои иҷобатаро ба рӯяш мекушоянд.
Зумра ибни Ҳабиб мегӯяд, ки аз ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи намоз пурсиш шуд. Он Ҳазрат(саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи хосият, фоида ва асрори намоз чунин гуфт: «Намоз яке аз асосҳои шариати ӣслом аст. Намоз боиси ризои Парвардигор ва сират (роҳ) –и пайғамбарон ба сӯи Худост. Барои намозгузор дӯстии фариштагон, ҳидоят ва имон, нури маърифат ва шинохти Парвардигор, ташхиси (ҷудокунии) ҳақ аз ботил, баракат дар ризқу рӯзӣ, роҳату саломатии бадан, кароҳат ва нороҳатии Шайтон (таъмин) мебошад.
Намоз шафоаткунандаи намозгузор дар назди малакулмавт (фариштаи марг), мӯнис дар қабр,фарш (гилем)-и некӯ, ҷавоб барои Мункару Накир (пурсандагони қабр) мебошанд. Намоз барои банда тоҷест дар маҳшар, либоси бадан ва пардаест миёни намозгузору оташи дӯзах. Намоз бурҳон (ҳуҷҷат)-и хубе байни ӯву Парвардигор буда, боиси наҷоти банда аз ҷаҳаннам ва як василаи гузаштан аз Пули Сирот мебошад. Намоз сабаби фатҳу кушоиши дарҳои биҳишт ба сӯи намозгузор, маҳрияи ҳурони биҳиштӣ ва баҳои ҷаннат аст».

Қобили даргоҳи Ҳайи бениёз,
Ҳеҷ тоат нест беҳтар аз намоз…
Ин ибодат чун сутуни оини туст,
Шарти миллат, мазҳабу рини туст.


Uploaded with ImageShack.us


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Пятница, 2012.11.02, 13:08 | Сообщение # 2
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Рузи Маҳшар, ки ҷонгудоз бувад,
Аввали пурсиш аз намоз бувад.


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Пятница, 2012.11.02, 22:27 | Сообщение # 3
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Хар сахар бархез е дил хизмати чабор кун,
Гар тавони баъди хизмат гиряи бисёр кун,
Гиряву зори ачаб сармояи даргохи уст,
Хар даме субхи саодат хешро бедор кун


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Среда, 2012.11.07, 12:20 | Сообщение # 4
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Ба ҷаннат нест ҷои бенамозон,
Диҳад дузах сазои бенамозон.
Агар хоҳӣ, ки дар ҷаннат дароӣ,
Машав худ ошнои бенамозон.

Барояд то ба ҳафтум Арши аъло,
Зи дузах нолаҳои бенамозон.
Агарчи соҳиби мулканду моланд,
Машав худ дар суроғи бенамозон.
Зи хеши бенамозон зан нагиред ,
Мадеҳ духтар ба шоҳи бенамозон.


Худованд собиронро дуст дорад
 
Боец_Дата: Вторник, 2012.11.13, 12:19 | Сообщение # 5
Подполковник
Группа: Почетные
Сообщений: 215
Награды: 4
Репутация: 4
Статус:
Вакт кимат аст, онро барои корхои кимат истифода бурдан лозим аст. Киматтарин кор бошад ибодат кардани Худованд аст.

Зоти Ту ғаниву мо ҳамма муҳтоҷем,
Муҳтоҷ ба ғайри худ магардон моро.
 
gulijonДата: Среда, 2012.11.14, 15:20 | Сообщение # 6
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Рӯзу шаб парҳез кун аз сӯҳбати он бенамоз,
Зан махоҳ аз бенамозон, низ вайро зан мадеҳ,
То нагардӣ дузахӣ аз шумии он бенамоз.
Лаън шуд бар бенамозон аз Худою аз Расул,
Ҳам малоик, ҳам замин, ҳам осмон бар бенамоз.
Бенамозе хаста бошад, ту бар ӯ пурсиш макун,
Гар бимирад бенамозе, ту макун бар вай намоз.


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Вторник, 2013.03.12, 21:59 | Сообщение # 7
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Бикун зикри Худо хар лахза эй дуст.
Хар он чи аст хама аз хикмати уст.
Ба максад расаду дил шод гардад.
Хар он касе, ки Худо гуфту Худо чуст.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Среда, 2013.03.13, 15:06 | Сообщение # 8
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Намозатро сари имон ҳамедон,
Касеро сар набошад, нест имон.
Макун дигар баҳона эй, ҷавонмард,
Намозатро ҳамебояд адо кард.


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Пятница, 2013.04.05, 13:19 | Сообщение # 9
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Бенамозе гар бихандад, хандаи у зебанда нест,
У чи механдад, намедонад Худоро банда нест,
У намедонад, ки чои бенамозон дузах аст,
Хар гунохест дар чахон аз бенамози бадтар нест.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Среда, 2013.04.17, 16:13 | Сообщение # 10
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Нафъу фоидаҳои намози панҷгона барои саломатии инсон

Намоз дар баробари моро бо Худованд наздик кардан, боз нафъҳои зиёде ба саломатии инсон доранд, ки илми тиб низ онро муайян кардааст:
1. Маҷмӯъи ҳаракоте, ки мо барои гузоштани намоз анҷом медиҳем, нарму осон ва ба дур аз печидагӣ аст, ба гунае, ки анҷоми ин ҳаракот ба ҳеҷ ваҷҳи мӯҷиби эҳсоси хастагии қалб намегардад. Баръакс, аз баракати ин ҳаракот инсони намозгузор ҳамеша дар худ эҳсоси хушиву ҳушёрӣ менамояд;
2. Ҳаракати хун дар ноҳияи мағзи сари афроди намозгузор дар муқоиса бо афроде, ки намоз намегузоранд муассиру комилтар сурат мегирад. Нуктаи хеле ҷолиб ин аст, ки дар ноҳияи сари инсон мавзеъе вуҷуд дорад, ки танҳо дар ҳолати сар ба саҷда гузоштани инсон гардиши хун дар ин мавзеъ гардиши идеалии худро касб мекунад. Ба ин далел тиб исбот намудааст, ки афроде, ки бештар сар ба саҷда мегузоранд, камтарин мизони ихтилоли гардиши хун дар навоҳии мағзи сарро доранд. Гузашта аз ин, чунин афрод камтар бо мушкили қувваи ҳофиза рӯ ба рӯ мегарданд. Пизишкон дақиқ намудаанд, ки ин даста афрод, яъне касоне, ки амали сар ба саҷда гузоштанро муназзам, ҳамарӯза анҷом медиҳанд, бо касолати ба истилоҳи тиббӣ «деманс сенил» (заъфи зеҳну идрок) дучор намешаванд;
3. Намоз беҳтарин василаи танзими хоб аст. Ҳатто ин нукта муайян шудааст, ки нерӯи издиёди (изофӣ) ҷамъшуда дар организм ба ҳангоми рукӯъ ва суҷуд дар намоз ба беҳтарин сурат аз бадан рафъ мегардад;
4. Аз лиҳози тиббӣ соъоти анҷоми намоз беҳтарин фурсат барои эҳё ва тақвияти раванди гардиши хун дар бадани инсон маҳсуб меёбад.
5. Ҳаракоте, ки ҳамарӯза афроди намозгузор панҷ маротиба зимни адои намоз анҷом медиҳанд, боиси ҷилавгирӣ аз таҳшин шудани аносири нолозим дар ноҳияи рагҳои бадан мегардад.


Худованд собиронро дуст дорад
 
imomov_rДата: Суббота, 2013.05.04, 15:31 | Сообщение # 11
Лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 87
Награды: 3
Репутация: 3
Статус:
Caбaби иззати мавҷуд, намоз aсту намоз.
Зинати даргaҳи Маъбуд намоз acту намоз.
 
gulijonДата: Суббота, 2013.05.04, 15:36 | Сообщение # 12
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
НАМОЗ АСТУ НАМОЗ
Caбaби иззати мавҷуд намоз aсту намоз,
Зинати даргaҳи Маъбуд намоз acту намоз.
Бенамоз аз назари лутфи Худo маҳрум аст,
Шаръро мақсаду мақсуд намоз асту намоз.
Кур-курона макун зуҳду риё, ҷуду сахо,
Буди тоат ҳама аз буди намоз асту намоз.
Рӯзу шаб гар ба Ҳусайн ибни Алӣ гиря кунӣ
Шарти аввал, ки диҳад cуд, намоз acту намоз,
Пеши султон ҳама кас тӯҳфаи лоиқ бибарад,
Тӯҳфа бар ҳазрати Маъбуд намоз асту намоз.
Шоҳи Атшон, ки ҳама ошиқу девонаи ӯст,
Гуфт: иззу шарафу ҷуд намоз асту намоз.
Нафс боз паси ин баст чу қомат бa намоз,
Гуфт: такбир ба такбир ба Маъбуд намоз асту намоз.
Ба паямбар чу Худо амр ба меъроҷ намуд.
Гуфт: меъроҷи ту мақсуд намоз асту намоз
Ба намоз узр набошад, чу ба тан ҷон дорӣ,
Он чи Ҳақ аз ҳама бистуд, намоз асту намоз.
Haзди мизони амал мавқеи дeвoни ҳucoб,
Қозии шоҳиду машҳуд намоз aсту намоз,
Гуфтам: эй ақл зи тоъат ҳамагӣ афзал чист?
Ақл ҳамвора бифармуд, намоз асту намоз.

'Ба каромоти Худо ғарра машав Зарробӣ,
Ба башар он чи диҳад суд, намоз асту намоз.


Худованд собиронро дуст дорад

Сообщение отредактировал gulijon - Суббота, 2013.05.04, 15:38
 
BonuДата: Понедельник, 2013.05.06, 11:45 | Сообщение # 13
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Кадом вақт инсон метавонад ба худои худ роз гӯяд?
Дар намоз.
Чи гуна мо метавонем аз Аллоҳ ҳар чизе хостем пурсон шавем?
Агар дар намоз пурсон шавем.
Кадом вақт Аллоҳ ҳама талаби моро қабул ва амалӣ мекунад?
Агар мо дар намоз талаб кунем.
Беҳтарин ибодат ва савоби бисёртарин дошта кадом аст?
Намоз.
Кай Аллоҳ ба ҳар як сухани гуфтаи инсон гӯш медиҳад?
Дар намоз.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Понедельник, 2013.05.06, 13:52 | Сообщение # 14
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Намоз хону намоз хону намоз хон,
Агар дорӣ ба сар ҳушу ба тан ҷон.
Ту қадри неъмати Ҳақро бидонӣ,
Бигардад бар ту осон кандани ҷон.


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Вторник, 2013.05.07, 15:16 | Сообщение # 15
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Аниси қалби худ танҳо Худо кун, 
Худоро дар дили шабҳо дуо кун, 
Зи ишқи Ҳақ агар ашке чакондӣ, 
Барои дустонат хам дуо кун! 

Аз худоят ноумед мабош... дарҳои тавбаи илоҳӣ ҳамеша бар рӯят боз аст..ва басӯят нидо медиҳад, ки: боз ой...ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест...гар кофару габру бутпарастӣ боз о.

Добавлено (2013.05.07, 15:16)
---------------------------------------------
Эй инсони ғофил!...
Бидон, ки дарвозаи раҳмати илоҳӣ ба рӯят ҳамеша боз аст..ҳаргоҳ дар чолаи гуноҳ уфтодӣ боз ба сӯйи худоят баргард, ҳатман туро хоҳад бахшид...тавба бикун ва кори имрӯзатро ба фардо магузор... шояд фардо хеле дер шуда бошад!..


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Среда, 2013.05.08, 08:21 | Сообщение # 16
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Бидон, эй муӯъмини покизакирдор,
Намози хешро дар вақт бигзор.
Намозат асли имон аст эй ёр,
Намозат файзи Раҳмон асту дидор.
Намозат шуд дуъоятро иҷобат,
Намозат шуд қабули ҷумла тоат.
Намозат роҳати тан, низ ҷон аст.
Намози ту садои душманон аст.
Намозат соя бошад рӯзи маҳшар,
Намозат мӯниси гӯр аст, бингар.
Намозат парда аст аз нори сӯзон,
Нигаҳ дорад намозат бар ту имон.
Намозатро сари имон ҳамедон,
Касеро сар набошад, нест имон.


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Пятница, 2013.08.30, 18:36 | Сообщение # 17
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
НАМОЗ калиди ҷаннат
боз медорад, ҳамоно имон ба Офаридгор ва амал
кардан ба қонунҳои Ӯст. Ва ин қонунҳоро Аллоҳтаъоло
ба воситаи пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад
саллаллоҳу алайҳи васаллам барои хайру маслиҳати
бандагони худ фиристода ва онҳоро чунон возеҳу равшан
баён намуда, ки ба воситаи ин қонунҳо вазифаҳои ҳар:
шахсеро, ки саъодати дунё ва охирати ӯро таъмин
мекунад, муайян намуд.
Дини ислом он чи ки ба зиндагии ҷомеъа зарари
куллй дорад онро манъ ва ҳаром гардонида дунёро ба
сулҳу сафову оромиш, даъват мекунад. Дини исломи
комилтарин динест, ки нисбат ба ҳар чизе, ки мавриди
эҳтиёҷи башар аст одилона ҳукм мекунад.
Пас бар ҳар фарди мусалмон хоҳ нохоҳ воҷиб
аст, ки ба он ҳукмҳо ба таври бояду шояд амал кунад,
то саодатмандона ба мақоми шоистаи инсоният бирасад.
Чуноне ки Худованди муттаъол мефармояд:
"Иннаддина ъиналлоҳил ислом "
"Албатта дини хақ назди Худо (дини) Ислом аст"
(Оли Имрон, 19).
"Ва ман ябтаги гайрал исломи динан фа лан
юкбала минху ва ҳува фил охирати минал-
хосирин"
Ҳар кас ғайр аз Ислом динеро ихтиёр кунад, аз ӯ
қабул нахоҳад щуд ва ӯ дар охират аз зумраи
зиёнкорон маҳшур мешавад (Оли Имрон, ояи 85).


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Вторник, 2015.07.28, 13:39 | Сообщение # 18
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Комати наврастаатро бенамози хам кунад,
Ризки Аллох додаатро бенамози кам кунад.
Ин хама сармояи умри ту бошад, эй азиз,
Умри хафтодсолаатро бенамози кам кунад.
Ту машав гофил зи ин ганчинаи ноёфтани,
Ки намозу руза хар як бандаро одам кунад.
Бо хазар бош аз азобу кисмату такдири хеш,
К–ин нишони бенамози, бандаро сархам кунад.
Бош коим вакти фарзаш, то шави бе дарду гам,
Бенамози, бехудои, бандаро пургам кунад.
Пас Хамадони адо кард, як газал аз панди Хак,
Кош хони ин маъони, ки туро одам кунад.

"Зайдуллои Хамадони"

Добавлено (2015.07.28, 13:39)
---------------------------------------------
Азизам субҳидам вақти Намоз аст,
Намози Бомдод розу ниёз аст.
Талаб авфи гуноҳ аз фазли беҳад,
Ки Ҷаннат бо ҳама дарвоза боз аст.
Бикун ҳангоми Пешин пешдастӣ,
Чаро ту ғафлати танҳо нишасти.
Шитоб кун суи масҷид бо таҳорат,
Ки гардад ҳоҷатат хам чу ибодат.
Адо кун Асрро дар вақти фарзи,
Шавад сокит зи ту фармони қарзи.
Бикун фармону Амрашро риоят,
То дар майдони маҳшаргоҳ наларзи.
Адои Шом ин фазли калон аст,
Ки ин ваъда зи Холики ҷаҳон аст.
Биё то ёри даргоҳи Убошем,
Ки меҳри Ҳақ бардилҳо ниҳон аст.
Намози Хуфтанашро бо ҷамоъат,
Ба анҷом мерасонем, боқироат.
Ҳама панҷвақт Намоз амри Худо аст,
Барои инсу ҷинс баҳри адо аст.


Худованд собиронро дуст дорад

Сообщение отредактировал gulijon - Вторник, 2015.07.28, 13:41
 
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » культура и образование-санъат ва маориф » Религия - Дин » «Намоз – ниёзи ошиқон»
Страница 1 из 11
Поиск:

Powered by Султанов Баходур Анварович © 2017 Яндекс цитирования Находится в каталоге Апорт Яндекс.Метрика
Поддержать форум на Forum-top.ru