ОЗМОИШИ ХУДОВАНД ИНСОНРО - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик

Душанбе

ОЗМОИШИ ХУДОВАНД ИНСОНРО - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, ДушанбеОЗМОИШИ ХУДОВАНД ИНСОНРО - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе 2012 - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
[2011.10.01][Саади]

(0) |Добавил: Admin
fff
Страница 1 из 11
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » культура и образование-санъат ва маориф » Религия - Дин » ОЗМОИШИ ХУДОВАНД ИНСОНРО
ОЗМОИШИ ХУДОВАНД ИНСОНРО
BonuДата: Воскресенье, 2014.01.12, 19:43 | Сообщение # 1
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Дар китоби «Ал-лӯълӯъу вал-марҷон» аз китоби «Саҳеҳи
Бухорӣ» овардаанд, ки Абӯҳурайра (разияллоҳу ъанҳу) гӯяд:
Шунидам, ки Пайғамбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)
гуфт: Дар байни қавми Банӣ Исроил се нафар буданд, ки яке
аз онҳо ба марази барас (пес) ва дуввумӣ ба бемӯӣ (кал) ва
саввумӣ ба кӯрии ҳар ду чашм мубтало буданд. Худованди
мутаъол хост ононро имтиҳон кунад, фариштаеро ба назди
эшон фиристод. Ибтидо ба назди марди барас рафт, ба ӯ
гуфт: Чӣ орзуе ба назди шумо аз ҳамаи орзуҳо ширинтар ва
маҳбубтар аст? Гуфт: Ширинтарин орзуям доштани рангу
19
пӯсти зебост, чун мардум аз қиёфаи ман нафрат доранд. Он
фаришта дасташро бар сару сурати ӯ кашид ва осори барасӣ
аз баданаш маҳв шуд, соҳиби рангу пӯсти зебое гардид.
Фаришта ба ӯ гуфт: Чӣ навъ молу сарватеро дӯст дорӣ, тақозо
кун. Гуфт: Шутурро дӯст дорам. Як шутури даҳмоҳаи
обистанро (ки ба назди арабҳо аз ҳар ҳайвони дигаре
боарзиштар аст) ба ӯ доду гуфт: Худованд дар он хайру
баракат қарор диҳад.
Баъдан ба назди кал рафт ва гуфт: Чӣ чизеро бештар аз
ҳар чиз дӯст дорӣ? Гуфт: Мӯи зебое, ки ин бемӯиро аз байн
бибарад, чун мардум аз ман дурӣ мекунанд. Фаришта ба сару
сурати ӯ даст __________кашид. Фавран сари ӯ хуб шуд, соҳиби мӯйҳои
зебое гардид. Гуфт: Чӣ навъ сарвату молеро дӯст дорӣ,
тақозо кун. Гуфт: Говро дӯст дорам. Говеро ба ӯ дод, ки
обистан буд ва гуфт: Худованд хайру баракатро барои шумо
дар он қарор диҳад.
Сипас ба назди кӯр рафт ва ба ӯ гуфт: Ширинтарин орзуи
шумо чист? Гуфт: Доштани ду чашми солим аст, то мардумро
бо онҳо бубинам. Бар рӯи чашмонаш даст кашид, фавран
Худованд чашмонашро солиму бино гардонид. Гуфт: Чӣ навъ
сарватеро дӯст дорӣ, тақозо кун. Гуфт: Гӯсфандро дӯст
дорам. Гӯсфанди бачадореро ба ӯ дод.
Ин шутур ва гову гӯсфанд зоду валад намуданд, то ин, ки
аввалӣ дорои галаи шутур ва дуввумӣ дорои галаи гов ва
саввумӣ дорои галаи гӯсфанд шуданд. Он гоҳ он фаришта ба
назди марди абрас дар ҳамон шаклу қиёфаи собиқи ӯ рафт ва
. гуфт: Ман фақиру бечора ҳастам, тамоми васоилу имконоти
сафарам тамом шудааст. Ҳеҷ чораву паноҳе ҷуз Худо
надорам ва баъд аз Худо бар шумо паноҳ овардаам. Ба
хотири Худое, ки ин рангу пӯсти зебо ва сарвати фаровонро
ба шумо додааст, шутуреро ба ман бидиҳед, то битавонам ба
василаи он ба манзилам баргардам. Гуфт: Ман ҳуқуқ ва харҷи
фаровоне ба ӯҳда дорам (наметавонам шутуреро ба шумо
бидиҳам). Фаришта ба ӯ гуфт: Мисли ин, ки ман шуморо
мешиносам, магар шумо барас набудед, ки мардум аз шумо
дурӣ мекарданд? Ва фақир набудед, ки Худованд шуморо
сарватманд намуд? Гуфт: Не, падар бар падар сарватманд
20
будаам. Фаришта ба ӯ мегӯяд: Агар дурӯггӯй бошӣ Худованд
туро ба ҳолати собиқ баргардонад.
Он гоҳ ба назди кал бо ҳамон сару сурати собиқи ӯ рафт ва
он чӣ ба марди абрас гуфт ба ӯ ҳам гуфт. Ва айни ҳамон
ҷавобро аз ӯ шунид, гуфт: Агар дурӯғгӯй бошед, Худованд
шуморо ба ҳолати собиқ баргардонад. Саранҷом ба назди
марди кӯр ба сурати як нобино рафт ва гуфт: Ман инсоне
ҳастам фақиру мусофир ва нобино ва тамоми васоили сафар
ва озуқаам тамом шудааст. Баъд аз Худо ҷуз ба шумо ҳеҷ
умеду паноҳе надорам. Шуморо ба касе қасам медиҳам, ки
чашмонатонро ба шумо баргардонд, гӯсфандеро ба ман диҳед,
то ба василаи он битавонам худро ба манзил бирасонам.
Марди кӯр гуфт: Қасам ба Худо, ба хотири ризои Худо, ҳар
чиро, ки шумо бихоҳед аз сарвати ман бардоред, аз шумо пас
намегирам ва монеъ намешавам. Он фаришта мегӯяд: Сарвату
моли шумо барои шумо хуб аст. Шумоён се нафар озмоиш
шудед, Худованд аз ту розй ва аз ду нафари дигар норозист.
Қитъа:
Эй камар баста касби рӯзиро,
Субҳхезӣ далели фирӯзист,
Баҳри хоби сабоҳ чашм мебанд,
3-он, ки ин хоб монеъи рӯзист.

Добавлено (2013.04.08, 08:34)
---------------------------------------------
Подшоҳе,ки раво дорад ситам бар зердаст,Дӯстдорашрӯзи сахтӣ душмани зуровар аст.Бо раъиятсулҳ кун в-аз ҷанги хасм эмин нишин,З-онкишоҳаншоҳи одилро раъият лашкар аст.

Добавлено (2013.04.19, 15:26)
---------------------------------------------
Шояд зиндагӣ он ҷашне набошад, ки орзуяшро доштӣ, аммо ҳоло, ки ба он даъват шудаӣ, то метавонӣ зебо бирақс
Издивоҷ монанди бозор рафтан аст то пул, эҳтиёҷ ва ирода надорӣ бозор нарав.
Инсон агар фақир ва гурусна бошад беҳтар аз он аст, ки паст ва беотифа бошад.
Вақте зиндагӣ сад далел барои гиря кардан ба шумо нишон медиҳад, шумо ҳазор далел барои хандидан ба он нишон диҳед.

Добавлено (2014.01.12, 19:43)
---------------------------------------------
Бозгашт ба Ислом ин нест, ки бар парчами худ «Аллоҳу акбар» бинависем, балки бозгашт ба Ислом ин аст, ки дилҳоямонро бо «Аллоҳу акбар» лабрез кунем ва онро ангезаи кирдор ва ҳадафи зиндагиямон гардонем. (Муҳаммад Ғаззолӣ)


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » культура и образование-санъат ва маориф » Религия - Дин » ОЗМОИШИ ХУДОВАНД ИНСОНРО
Страница 1 из 11
Поиск:

Powered by Султанов Баходур Анварович © 2017 Яндекс цитирования Находится в каталоге Апорт Яндекс.Метрика
Поддержать форум на Forum-top.ru