НАСИҲАТРО ТАРК НАКУНЕД - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик

Душанбе

НАСИҲАТРО ТАРК НАКУНЕД - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, ДушанбеНАСИҲАТРО ТАРК НАКУНЕД - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе 2012 - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
[2011.10.02][Омар Хайям]
Веселись! Ибо нас не спросили вчера,
Эту кашу без нас заварили вчера.
Мы не сами грешили и пили вчера -
Все за нас в небесах предрешили вчера.
(Перевод: Г.Плисецкого)
(0) |Добавил: Лана
fff
Страница 1 из 11
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » культура и образование-санъат ва маориф » Религия - Дин » НАСИҲАТРО ТАРК НАКУНЕД
НАСИҲАТРО ТАРК НАКУНЕД
BonuДата: Пятница, 2012.03.09, 20:17 | Сообщение # 1
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Шунидани панду насиҳат боиси ба камолот расидани инсон мешавад. Хушбахтӣ насиби он кас мешавад, ки ба панди шунидааш амал намояд. Ҳар кас кирдори носазоеро бинад, бояд ба ҳар равише набошад, он рафторро манъ кунад, ё ин ки нораво буданашро ба он шахс фаҳмонад. Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: “Агар дар қавме як нафар гунаҳкор бошад ва он қавм имкони манъ карданашро дошта бошанду манъ накунанд. Худои Таъоло азоби худро ба он қавм қабл аз мурданашон нозил мегардонанд”. Ин азоб ба шакли зилзила, тӯфон, бемориҳои гузаранда ва дигар офатҳо сурат мегирад.
Дар ҳадиси дигари Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) омадааст: “Ҳар гоҳ шумо уммати маро дар ин ҳол бубинед, ки аз золим гуфтани золим метарсанд, пас шумо аз он гурӯҳ ҷудо шавед”. Яъне маҷлис, маҳфил ва ҳамнишинӣ бо он гурӯҳро тарк намоед. Тавре аз ин гуфтаҳо бармеояд, ҳангоми дидани рафтори ноҷо хомӯш истодан гуноҳ аст. Ба гуфтаи Шайх Саъдӣ чунин рафтор ба он монанд аст, ки нобиноеро мебинӣ, ки лаби чоҳ омадаасту ӯро хабар намекунӣ:
Чу мебинӣ, ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст.
Аз ин рӯ, насиҳатро ҳеҷ гоҳ набояд тарк кард. Паёмбари Акрам (саллаллоху алайхи вассалам) ба саҳобагон чунин гуфтанд: “Ҳар гоҳ уммати ман амри маъруфу наҳйи мункарро тарк намоянд, аз баракоти ваҳй маҳрум мегарданд ва ҳар гоҳ якдигарро дашном диҳанд аз назари Худо меафтанд, яъне залил мешаванд”.
Ҳар гоҳ мардум амри маъруф (даъват ба корҳои нек) ва наҳйи мункар (боздоштан аз корҳои нораво) тарк намоянд, аз баракати ваҳй маҳрум мешаванд. Ваҳи, яъне Каломи Худо (Қуръони Маҷид) дар синаҳо мавҷуд аст, дар дӯконҳо ниҳода шудааст, лекин аз баракати ӯ (тақвою парҳезкорӣ) мардум ба он сабаб маҳруманд, ки таблиғи аҳкоми Худоро тарк намудаанд. Ҳамчунин имрӯз дашному бадгӯӣ байни мусулмонон он қадар ривоҷ ёфтааст, ки онҳо аз назари Худо афтода, дар чоҳи зиллату мусибат афтодаанд. Аз ин рӯ, вақте дуо мекунанд, асаре аз қабулияти он вуҷуд надорад. Аз мусибатҳо наҷот металабанд, вале роҳи халосӣ намеёбанд.
Имом Тирмизӣ ривоят мекунанд, ки Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) фармуданд: “Қасам ба он зоте, ки ҷони ман дар қабзаи қудрати Ӯст, ҳатман бояд шумоён якдигарро ба корҳои нек амр кунед ва аз бадиҳо ҷилавгирӣ намоед, вагарна наздик аст, ки Худо бар ҳамаи Шумоён азоб бифиристад. Дар он вақт шумоён ҳатман ба даргоҳи Худо дуо мекунед, аммо Ӯ дуои шумоёнро қабул нахоҳад кард (Зеро насиҳат ба якдигарро тарк намудаед).
Аз ин ҳадис маълум мешавад, ки аъмоли инсон тухми роҳату оромиш ё мусибату азоб ҳастанд. Аз корҳои неки инсон ниҳоли неъмату оромиш сабз мешавад, лекин аз аъмоли бад дари балою офатҳо кушода мегардад. Махсусан аз тарк намудани амри маъруфу наҳйи мункар ба сари мардум азоби умумӣ меояд. Ҳамчунин маълум шуд, ки якдигарро дашном додан боиси аз назари Худо афтодан мешавад. Ривоҷ ёфтани зинову бадкорӣ боиси қаҳтию зиллат ва тангдастӣ хоҳад гашт. Аз наҳсии зино маргу мир зиёд мегардад. Бо ривоҷ ёфтани беҳаёӣ вабо ва бемориҳои дигар зоҳир мешаванд, ки дар замони падарони гузашта ҳаргиз пеш наёмадааст.
Дар “Мушкот” омадааст: “Ҳар қавме, ки дар он ришва (пора) гирифтану ришва додан ва хиёнат ривоҷ ёбад, ҳайбати душман бар дили онҳо ғолиб мешавад. Касоне , ки закотро адо накунанд, боронгарӣ кам шуда хушксолӣ меояд. Зулм кардан ва қасами дурӯғ хӯрдан молро зоеъ ва занонро безурёт мекунаду ободиҳо вайрон мешаванд. Вақте ба ягон неъмат шукр накунанд, он аз даст меравад”.
Барои дур кардани мусибату душвориҳо лозим аст, ки инсон сифатҳои имонӣ, яъне зикри Худо, намоз, парҳезкорӣ, шукр, тиловати Қуръон, кӯмак ба ятимону бечорагонро одат намояд. Зеро аз саховат намудан мол тараққӣ мекунад, садақа додан ғазаби Худоро хомӯш мегардонад ва дар вақти мурдан хавфзадаю парешон намешавад. Аз тақвою истиғфор ризқ аз ҷое мерасад, ки худи кас онро чашмдор нест. Аз шукргузорӣ неъматҳо фаровон мешаванд. Касе , ки ҳоҷати мусулмонеро бартараф созад, Худо ӯро мадад хоҳад кард. Барои наҷот ёфтан аз азоби қабр ҳеҷ чизе аз ёди Худо болотару таъсирбахштар нест. Гуфтаҳои болоро ба самъи мардум расонидан ҳам як навъ насиҳат буда, ба хонандаю расонанда савоб мерасад. Зеро орифе фармудааст:
Хайр кун, ё далели хайре бош,
То туро ҳам дар он савоб диҳанд.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Понедельник, 2012.06.04, 15:26 | Сообщение # 2
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Хушо онон, ки Оллоҳ ёрашон аст,
Ки ҳамду қулҳуваллоҳ корашон аст.
Хушо онон, ки доим дар намозанд,
Биҳишти ҷовидон интизорашон аст.


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Среда, 2012.09.12, 22:29 | Сообщение # 3
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Гар кори фалак ба адл санчида буди,
Ахволи чахон чумла писандида буди.
В-ар адл буди ба корхо дар гардун,
Кай хотири ахли фазл ранчида буди?


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Четверг, 2012.11.08, 09:50 | Сообщение # 4
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Фурсати умр азиз аст, азизаш доред,
Ҳар нафас гавҳари ноёб ту арзон мафуруш.

Добавлено (2012.11.08, 09:50)
---------------------------------------------
Ба дунё дил мабандад ҳар ки мард аст,
Ки дунё сар ба сар андӯҳу дард аст.

Ба гуристон гузар кун, то бубинӣ,
Ки даврон бо рафиқонат чӣ кардаст.

Ба гуристон гузар кардӣ, дуо кун,
Дуо кардӣ, ба хотир ёди мо кун.

Ту ҳам рӯзе ба гури тангу торик,
Дуохоҳандаӣ аз турку тоҷик.

Замин рӯзе кунад се бор фарёд,
Чаро дар ғафлатӣ, эй одамизод,

Ба ҳасратҳо дароӣ рӯзе дар дили ман,
Ғарибӣ оқибат бар манзили ман.


Худованд собиронро дуст дорад
 
Боец_Дата: Вторник, 2012.11.13, 12:24 | Сообщение # 5
Подполковник
Группа: Почетные
Сообщений: 215
Награды: 4
Репутация: 4
Статус:
Ба касоне, ки ба шумо хасуди мекунанд эхтиром гузоред, зеро онхо аз самими калб мутакид хастанд, ки шумо аз онхо бехтаред.

Зоти Ту ғаниву мо ҳамма муҳтоҷем,
Муҳтоҷ ба ғайри худ магардон моро.
 
gulijonДата: Среда, 2012.11.14, 16:14 | Сообщение # 6
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Ҳар ки ба роҳи ростӣ даъват кунад, ба қадри ҳар ки аз ӯ пайравӣ кунад, аҷр (cавоб) дорад, бе ин ки аз аҷри онҳо кам шавад ва ҳар ки ба роҳи залолате даъват намояд, ба андозаи ҳама тобеъонаш гуноҳ дорад, бидуни ин ки аз онон кам шавад..

Добавлено (2012.11.14, 15:29)
---------------------------------------------
Матни пандҳои Ҳоҷӣ Мирзо:

Ба зинҳорӣ ба сад зинҳор, зинҳор,
Забон аз ранҷиши мардон нигаҳ дор.

Ҳамон қавме бар офат мубтало шуд,
Зи озори дили марди Худо шуд.

Ки сад бор ин ҷаҳон аз оҳи дил сухт,
Валекин беадаб ибрат наомӯхт.

Шинос эй курдил оташнафасро,
Бикун андеша рӯзи пешу пасро.

Саг аз ихлос омад ҷинси одам,
Зи беихлосӣ одам шуд зи саг кам.

Муҳибон хӯрда сад санги маломат,
Ту кай мемонӣ ай солик саломат.

Ба зикри Ҳақ касе, ки кард оҳанг,
Зи ҳар су навкари шайтон занад санг.

Зи ҳар сӯ меҷакад саг бар сари роҳ,
Назар бар саг макун, ру сӯи Аллоҳ.

Ҷаҳон ҷои гудози дустон аст,
Зи дуниҳо ба душман бустон аст.

Надид Фиръавни кофир дарди сарро,
Надид шаддодиёнаш чашми тарро....

Добавлено (2012.11.14, 16:14)
---------------------------------------------
Хез, эй солик, ба шаб дар зикри Ҳақ бедор бош,
Раҳрави роҳи ҳақӣ, ғофил машав, дар кор бош.
Ҳам дари тавба кушода, ҳам дари файзи азал,
Ёди исён кун саҳаргоҳон ба истиғфор бош.
Рӯзи фориғ нест касбу кори зиндагӣ,
Шаб ба ёди зикру фикри ҳазрати Ҷаббор бош.
Ҳамчу шамъи сарбурида ашк рез аз сӯзи дил,
Бо фиғону нолаву бо синаи афгор бош,
Нолаву зории муштоқон хуш ояд ёрро,
Ошиқи зорӣ агар, дар нолаҳои зор бош.
Мардумон дар хобу ту хун хӯр ба шабҳои дароз,
Ганҷи ваҳдатро биёбӣ, доимо ҳушёр бош.
Васли сӯзишҳо зи бедардӣ расад парвонаро,
Доғи сӯзи ишқ агар хоҳӣ, ба ёди ёр бош.
Аз адаб набвад, ки ӯ бедору ту хоби дароз,
Дарди ӯ дар дил агар пайдост, бо дилдор бош.
Ҳосили ҳар ду ҷаҳон дода ба як шӯри Ҷунун,
Даст афшон аз ду олам, соҳиби дидор бош.


Худованд собиронро дуст дорад

Сообщение отредактировал gulijon - Среда, 2012.11.14, 15:30
 
BonuДата: Понедельник, 2012.12.31, 19:50 | Сообщение # 7
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Зи ёди Хак машав гофил,агар хуше ба сар дори,
Бубин,то манзили укбо чи рохи пурхатар дори.
Нафасро сарфи тоат кун,бигу авроди субхони,
Ба зикри Хак шуди моил,хузури бахру бар дори


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Четверг, 2013.01.31, 11:18 | Сообщение # 8
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Шавад рӯзе, ки дар болини ҳасратҳо фиғон дорӣ, 
Нафас дар ғарғара чун мурғ ҷону дил тапон дорӣ. 
Ба сақфи хона чашми хеш дузӣ зору пурҳасрат, 
Куҷо бар рози дилгӯе дами теғи забон дорӣ. 
Бувад қобиз паи ҷонат Азозил дар паи эмон, 
Чӣ мушкилҳои пурошӯб андар ин миён дорӣ. 
Чӣ суд аз тахту давлат, ки ба рӯи тахта меоӣ, 
Ки рози оҷизе бар дасти ғассолон аъён дорӣ. 
Қабои сурх мепӯшию аз чоки кафан ғофил, 
Саре пурҳасрат андар зери ақди ӯ ниҳон дорӣ. 
Ба рӯи рахши дунё эминӣ аз маркаби чубин, 
Чу тифли найсаворӣ, сӯи гӯристон давон дорӣ. 
Ба гӯри тору пурваҳму хунук дар бистари хорӣ, 
Ба чандин доғу ҳасратҳои гуногун макон дорӣ. 
Равоқи манзари чашмат пур аз хоки лаҳад гардад, 
Ки то субҳи қиёмат инчунин хоби гарон дорӣ. 
Ҷунунӣ, то тавонӣ,фикри мурданро ба зистан кун, 
Машав ғофил,ки роҳи сахту азми корвон дорӣ.   (Маъдан-ул-ҳол)


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Пятница, 2013.04.05, 13:21 | Сообщение # 9
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Эй писар султони нафси хеш бош, 
Козии имони нафси хеш бош. 
То напечи дар балою дарду гам, 
Аз паи дармони нафси хеш бош.

Эй писар бо чахл доим разм кун,
 Аз паи ахлоки неку азм кун. 
Сар фуру кун, то ки боши сарбаланд, 
Хоксориро ба худ сарназм кун.

Эй писар аз боги ирфон мева чин, 
Илмро бо чашми бедори бубин. 
Бо амал илмат чу гардад хамкарин, 
Дар ду олам мешави болонишин.

Эй писар аз фарзи Оллох сар матоб,
 Бар намозу рузаи Хак баршитоб. 
Пеша кун ахкоми Куръону Хадис, 
Хифз кун хар мисраи он Шахкитоб.

Эй писар бар дардмандон чора шав, 
Дастгири мардуми бечора шав. 
Бар гаму андуху дард Дардошно, 
Хонаи уммеди хар овора шав.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Среда, 2013.04.10, 08:12 | Сообщение # 10
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Донам ҳар одамӣ зи рўзи нахуст,
Ҳақ ду манзил барош карда дуруст.
 
То ба дунё ба бандагӣ кўшанд,
На чу ҳайвонхўранду ҳам нўшанд.
 
Бишиносад Худойро аз дил,
Ки нагардад ба рўзи ҳашр хиҷил.
 
Даст кўтоҳ кун зи зулму ситам,
Ҳам зитасвиру ҳила, ришват ҳам…
 
Гар ту, эй банда, ҳақшинос шавӣ,
Эмин аз хавфу аз ҳарос шавӣ,
 
На, ки чун ҳокимони маъмурин,
Бошӣ чун гургдоимо ба камин.
 
Моли мардум агарчи ширин аст,
Масдари лаънат асту нафрин аст.
 
Моли мардум хўранд чун пари коҳ,
Моли давлат баранд бар танхоҳ.
 
Вой, аз ин хўрдани ту мурдан беҳ,
Ҳам аз инзишт ҷон супурданбеҳ.
 
На туро шарм аз Худо на зи шоҳ,
Мекунӣрўйи худ бадаст сиёҳ.
 
Ҳақ бидодаст бар ту мансабу ҷоҳ,
Хуни мардум хўрӣ, маъозаллоҳ.
 
Оз бигзору ҳирс як сў кун,
Аз Худо тарсу бар Худо хў кун.
 
Гар туро шарму гар ҳаё бошад,
Иззату давлат аз Худо бошад.
 
В-ар ту мағрур гаштӣ, аз иззат
Зуд афтӣ ба кўчаи зиллат.
 
Вазъи манро чу ҳалқа соз багўш,
Ғайри танҳои худ махўру мапўш.
 
Гар хўрӣ, заҳри қотилат гардад,
Қоъиди роҳи ботилат гардад.
 
Ман зи кирдори хеш ҳайронам,
Лек побанди фазли яздонам.


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Среда, 2013.04.10, 20:40 | Сообщение # 11
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Бикардам такя бар номи каломат гуфта Бисмиллоҳ, [/size]
[size=16]Мунаввар шуд ду дунё аз ҷамоли нури Бисмиллоҳ. 
Ба "Бисмиллоҳ" Илоҳо тез кун теғизабонамро, 
Ба Раҳмону Раҳим қарин кун мағзи ҷонамро!
 [size=10][/size]


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Пятница, 2013.04.19, 10:23 | Сообщение # 12
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Суханони ҳидояткунанда

Мехоҳӣ, ки ризои Парвардигорро дарёбӣ?
Паёмбари Худо (с) мефармояд:
قال رسول الله صلى الله عليه و سلم (( إن الله ليرضى عن العبد يأكل الأكلة فيحمده عليها و يشرب الشربة فيحمده عليها )
«Худо аз бандааш розӣ мешавад чун луқмае мехурад Худоро барои он шукр мегӯяд, ва чун қатрае об бинӯшад, барои он Худоро шукр мегӯяд» (Муслим)
Мехоҳӣ, ки подоши як ҳаҷро дарёбӣ?
Паёмбари Худо (с) мефармояд:
قال رسول الله صلى الله عليه و سلم (( العمرة فى رمضان تعدل حجة أو حجة مع ))
«Умра кардан дар Рамазон баробари як ҳаҷ ё як ҳаҷ кардан бо ҳамроҳии ман аст» (Мутафақун алайҳ)
Мехоҳӣ, ки амалат пас аз маргат канда нашавад?
قال رسول الله صلى الله عليه و سلم (( إذا مات إبن أدم إنقطع عملة إلا من ثلاث , صدقة جارية أو علم ينتفع بة أو ولد صالح يدعو لة )) «Чун фарзанди одам бимирад амалаш (аз ҳамаи чиз) канда мешавад, магар аз се чиз, садақаи ҷория, илме, ки аз он баҳра бурда мешавад ва фарзанди нек, ки барояш дуо мекунад». (Муслим)
Мехоҳӣ, ки дар биҳишт бароят хонае бошад?
Паёмбари Худо (с) мефармояд:
قال رسول الله صلى الله عليه و سلم (( من بنى مسجداً لله بنى الله لة فى الجنه مثلة )) «Касе барои Худо масҷиде бино кунад, Худованд барояш дар ҷаннат монанди он хонае месозад». (Муслим)
Мехоҳӣ, ки дуоят пазируфта шавад?
Паёмбари Худо (с) мефармояд:
قال رسول الله صلى الله عليه و سلم (( الدعاء بين الأذان و الإقامة لا يرد )) «Дуои байни азон ва иқомат пазируфтанист». (Абудовуд)
Мехоҳӣ бароят савоби яксола рӯза навишта шавад?
Паёмбари Худо (с) мефармояд:
قال رسول الله صلى الله عليه و سلم (( صوم ثلاثة أيام من كل شهر يعدل صوم الدهر كله )) «Рӯза доштани се рӯз дар ҳар моҳ баробари рӯза доштани як соли пурра аст». (Мутафақун алайҳ)
Мехоҳӣ, ки дар ҷаннат бо Паёмбари Худо (с) бошӣ?
Паёмбари Худо (с) мефармояд:
قال رسول الله صلى الله عليه و سلم (( أنا و كافل اليتيم كهاتين فى الجنه و أشار بإصبعية السبابة و الوسطى )) «Ман ва сарпарасти ятим дар ҷаннат ин гуна (яъне дар паҳлӯи якдигар) ҳастем» ва бо ангушти шаҳодат ва ангушти миёнаи худ ишора намуд. (Бухорӣ ва Муслим)
Мехоҳӣ, ки подоши як шаб зиндадориро дарёбӣ?
Паёмбари Худо (с) мефармояд:
قال رسول الله صلى الله عليه و سلم (( من صلى العشاء فى جماعة كأنما قام نصف الليل و من صلى الصبح فى جماعة كأنما صلى الليل كلة ) «Касе намози хуфтанро дар ҷамоат адо намояд, гӯё ними шабро шабзиндадорӣ намудааст, ва касе намози бомдодро дар ҷамоат адо намояд, гӯё ҳамаи шабро зиндадорӣ намудааст». (Муслим)
Мехоҳӣ дар се дақиқа як хатми Қуръон намоӣ?
Паёмбари Худо (с) мефармояд:
قال رسول الله صلى الله عليه و سلم (( قل هو الله أحد تعدل ثلث القرأن )) «Қул ҳуваллоҳу аҳад (яъне сураи Аҳад) баробари сеяки Қуръон аст». (Муслим)
Мехоҳӣ, ки Худо аз дидорат хуш шавад?
Паёмбари Худо (с) мефармояд:
قال رسول الله صلى الله عليه و سلم (( من أحب لقاء الله أحب الله لقائة )) «Касе дидори Худоро хуш дошта бошад, Худованд аз дидораш хуш мешавад». (Муслим)
Мехоҳӣ, кӣ дар паноҳи Худо бошӣ?
Паёмбари Худо (с) мефармояд:
قال رسول الله صلى الله عليه و سلم (( من صلى الصبح فهو فى زمة الله )) «Касе намози бомдодро адо намояд, дар зимаи Худо хоҳад буд». (Муслим)
Мехоҳӣ Худо бар ту дуруд гӯяд?
Паёмбари Худо (с) мефармояд:
قال رسول الله صلى الله عليه و سلم (( من صلى علي صلاه صلى الله علية بها عشراً )) «Касе бар ман дуруд гӯяд, Худованд барояш даҳ дуруд мефиристад». (Муслим)
Мехоҳӣ Худованд туро баландмартаба гардонад?
Паёмбари Худо (с) мефармояд:
قال رسول الله صلى الله عليه و سلم (( و ما تواضع أحد لله إلا رفعه الله عز و جل )) «Касе барои Худо тавозӯъ намекунад, магар ин ки Худованд ӯро баланд мегардонад». (Муслим)
Мехоҳӣ миёни ту ва оташи дузах дӯрӣ андохта шавад?
Паёмбари Худо (с) мефармояд:
قال رسول الله صلى الله عليه و سلم (( من صام يوماً فى سبيل الله باعد الله بينة و بين النار سبعين خريفاً ) «Касе дар роҳи Худо як рӯз рӯза бидорад, Худованд миёни ӯ ва оташ ҳафтод сол дӯрӣ меандозад». (Бухорӣ ва Муслим)
Мехоҳӣ ба Парвардигорат наздик бошӣ?
Паёмбари Худо (с) мефармояд:
قال رسول الله صلى الله عليه و سلم (( أقرب ما يكون العبد من ربه و هو ساجد فأكثروا الدعاء )) «Наздиктарин ҳоле, ки банда ба Парвардигораш аст, дар ҳоли дар саҷда будан аст, пас (дар саҷда) дуои бештар кунед»


Худованд собиронро дуст дорад

Сообщение отредактировал gulijon - Пятница, 2013.04.19, 10:27
 
BonuДата: Пятница, 2013.04.19, 15:15 | Сообщение # 13
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Зиндагӣ мисли бозии "шатранч" ҳаст, баъд аз бозӣ шоху шохзода вазиру сарбоз куллан хамаро дар як кутти чой медиханд...
Нурмаҳмад Шамс

Добавлено (2013.04.19, 15:13)
---------------------------------------------
Се чизро эхтиром бояд дошт: волидайн, устод, конун.Се чизро хосил бояд кард: илм, ахлок, ва шарофат. Се чизро азиз бояд дошт:-имон,неки, садокат. Се чизро ба эхтиёт бояд бардошт:- калам, фахм, ва кадам. Аз се чиз дуруст истифода бояд намуд: акл, химмат, ва сабр. Се чизро хамеша пок бояд нигах дошт: чашм, либос, ва хаёлот.се чизи дигар дар хама пайдост: -хуши, гам, ва марг.

Добавлено (2013.04.19, 15:15)
---------------------------------------------
То ном физоӣ, нафси худро кам кун,
Одамгарӣ кун, валек бо одам кун.
Мегуфт даравгаре ба ман вақти дарав:
Чун хӯшаи гандум ба замин сар хам кун.
Хушбахт касе, ки хидмати ёр кунад,
Ҳар ҷо, ки қадам ниҳод, гулзор кунад.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Суббота, 2013.05.04, 15:43 | Сообщение # 14
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Ба қадри гавҳари ҷон рас бародар!
Мадеҳ дилро ба ҳар як кас бародар!
Бигӯ: "Аллоҳ-Аллоҳ" то тавонӣ
Барои мо Худо худ бас бародар.


Худованд собиронро дуст дорад

Сообщение отредактировал gulijon - Суббота, 2013.05.04, 15:43
 
BonuДата: Четверг, 2013.05.30, 15:44 | Сообщение # 15
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Ҳамди беҳад ва ситоиши бепоён ба он Зоти поки бузургу бахшандаву ғамраҳокунандаи меҳрубон!
Сипас салому дуруди бепоён ба хатмкунандаи анбиё Муҳаммади Мустафо (с.а.с) ва бар ҷамиъи олу асҳоби эшон.
Бори дигар шукронаи Худой, ки моро мусалмон офарид. Иловатан, дар радифи хурсандиву
масруриҳои мо Парвардигори Азза ва Ҷалл баҳри дафъи гуноҳҳои мо меҳрубонии хешро бар сари мо рехтааст

Зани хирадманд ва хушёр зане аст, ки он чиро Аллох ва Расулуллох (с) дуст медоранд ба чо оварад ва хаки шавхарашро ба хуби адо намуда дар ичрои фармоишоти у кушиш кунад. Чунки итоати шавхар сабаби дохил шудани зан ба Бихишт мегардад.Ва Паёмбари Акрам (с) мефармоянд;Ва зан дар хонаи шавхараш посбон (нигахбон) аст, дар рузи Киёмат аз ин чиз пурсида мешавад». (Бухор| ва Муслим).
Хаки дигари мард бар хамсараш он аст, ки дар хона бимонад ва бе ичозати шавхар аз хона берун наравад. Хатто агар ба масчид бошад, хам бояд аз шавхар ичозат бигирад.
Аллох чунин мефармояд:Ва дар хонахоятон бимонед_. (Сураи ал-Аызоб 33).


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Понедельник, 2013.06.03, 15:27 | Сообщение # 16
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Тавба кун то руи Ҳақ ёрат шавад,
То паямбар худ мададгорат шавад.
Тавба пайвандад саморо бар замин,
Тавба чун обест баҳри муслимин.
Тавба иблисро парешон мекунад,
Тавба кофирро мусулмон мекунад.
То мусулмонон мусулмонтар шаванд,
Ҳамдигарро мунису ёвар шаванд.
Саҷда бар ман кардани мардум хатост,
Меҳр яктост он ҳам меҳри Худост.


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Пятница, 2013.06.07, 20:54 | Сообщение # 17
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Худое,ки болову паст офарид, Сазовори хар даст даст офарид

Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
imomov_rДата: Среда, 2013.06.12, 10:36 | Сообщение # 18
Лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 87
Награды: 3
Репутация: 3
Статус:
Чаро одам чунин гумроҳ бошад,
Берун аз гуфтаи Аллоҳ бошад. 
Бибандад дил ба дунёву ба молаш, 
Ки фикри охират рафта зи ёдаш. 
Натарсад аз Худою аз Расулаш,
Натарсад аз азоби қабру гураш. 
Натарсад аз қиёмат аз сироташ, 
Битарсад аз барои пулу молаш. 
Бигуяд он Худо эй бандаи ман, 
Бикун ту саҷда танҳо барои ман. 
Бигуяд он расули меҳрубон ҳам 
Ки эй одам магард хурсанд дар олам. 
Битарс аз олами сузони Аллоҳ. 
Вале одам ханузам он гумроҳ аст, 
Бикушад аз барои пулу молаш,
Фурушад ҳам имону ҳам ҷаҳонаш. 
Надорад андаке андеша одам, 
Ки охир месузад дар он ҷаҳаннам.
Вале одам ба ҷои зикри он зот,
Биранчонад касеро худаш шод 
Биёед дустон ҳушёр гардем,
Ба ин дунёи фонӣ дил набандем. 
Бадан дорем, ки лоиқи биҳишт аст, 
Биёед уро дар дузах наандозем. 
Бигуем бо забон зикриХудоро. 
Саловоти Муҳаммад Мустафоро. 
Бигуем зикри Аллоҳи Каримро,
Бигуем лаън шайтони раҷимро.


Сообщение отредактировал imomov_r - Среда, 2013.06.12, 10:39
 
gulijonДата: Суббота, 2013.06.22, 14:34 | Сообщение # 19
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Нома бо номи Ҳақ оғоз кунам,
Қуфли ин дар ба сано боз кунам.
Лиллаҳил ҳамд, ки гуёям аз Ӯ,
Дида бикшодаву биноям аз Ӯ,
Ғутта дар баҳри муноҷот зада,
Даст дар домани ҳоҷҷот зада.
Талаби мақсад аз Ӯ месозам.

Ҷон ба раҳи талабаш мебозам.

Добавлено (2013.06.22, 14:34)
---------------------------------------------
Ё  Раб,  зи ду  кавн бениёзам  гардон,
В-аз  афсари  фақр  сарфарозам  гардон.
Дар  роҳи  талаб  маҳрами  розам  гардон,
З-он  раҳ,  ки  на  суи  туст, бозам  гардон.


Худованд собиронро дуст дорад

Сообщение отредактировал gulijon - Четверг, 2013.06.20, 16:44
 
BonuДата: Воскресенье, 2013.06.30, 20:36 | Сообщение # 20
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Худовандо танхо туро дуст медорам ва танхо аз ту мадад ва ёри талаб мекунам чун гайри ту дигар ба касе бовари нест танхо ту хак хасти танхо ту маро дарк карда метавони танхо ту дар хеч холате танхом намегузори танхо ту абади хасти танхо ту дарди дили маро медони ва дарк мекуни ва малхами ин дарди ман танхо дар дасти ту аст гайри ту ба хечкасе бовари надорам Эй Худованди мехрубон аз ту мехохам дар ин лахзахои душворе ки дорам кумакам кун то аз дустони наздикам латмае дидам факат ту хасти ки нигох намекуни банда факир аст доро танхо ба калбхои бандагонат нигох мекуни пас Худовандо дар ин калби заифи кучаки ман танхо ту хасти Худовандо шифои ин дарди ман танхо дар дасти ту аст ман ба хар он чи ки ба ман медихи шукргузори мекунам чи шоди бошад чи мусибат ман ба хамаи додаю надодаат шукрона мекунам чун харчи ки аз ту ба бандагонат мерасад бе подош нест ман аз ту намехохам ки маро зуд шифо дихи танхо мехохам барои ман сабр дихи то тавонам ин дардро тахамул кунам Эй Худованди Бузург дар хеч холате танхям нагузор ман аз танхои метарсам агар ту хамрохам боши барои ман кофи аст

Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Четверг, 2013.07.04, 10:38 | Сообщение # 21
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Ҳаст дини Мустафо дини ҳаёт,
Шаръи ў тафсири ойини ҳаёт.
Гар заминӣ, осмон созад туро,
Он чи Ҳақ мехоҳад, он созад туро.
Сайқалаш ойина созад сангро,
Аз дили оҳан рабояд зангро.
То шиъори Мустафо аз даст рафт,
Қавмро рамзи бақо аз даст рафт.


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Четверг, 2013.08.29, 15:10 | Сообщение # 22
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Дигар миллат ки коре пеш гирад
Дигар миллат ки нуш аз неш гирад
Нагардад бо яке олам ризоманд
Ду оламро ба души хеш гирад
Икбол

Добавлено (2013.07.25, 14:51)
---------------------------------------------
Аз дил ба дил рахест, дар ин гунбадисипехр,
Аз руи кина кинаю аз руи мехр мехр.
Галатаст ин ки гуянд, ки ба дил рахест дилро,
Дили ман зи гуса хун шуд дили ту хабар надорад.

Добавлено (2013.07.25, 14:52)
---------------------------------------------
Худоё Худовандо ба калбам мехри худ ва мехри дустонатро чой гардон Худовандо хечгох аз ту ноумед намешавам хамеша умед ба рахмати Ту дорам умед дорам ки дар хама холат хамрохами чуноне дар куръони карим омада аст ки Аллох хамрохи собирон аст пас сабр пеша хохам кард иншаАллах самараашро дар дунё ё дар охират хохам дид хечгох умедамро намеканам аз рахмати Ту Эй Рахиму Эй Рахмон!

Добавлено (2013.07.25, 14:53)
---------------------------------------------
Худовандо Эй холики тамоми махлукот Эй оромкунандаи дардхо дар ин дунёи фони танхо туро дорам ту Мехрубонтарини мехрубонхои даводихандаи дардхои осонкунандаи мушкилотхои аз ту мехохам маро танхо нагузори метарсам ... метарсам ки бар васвасаи шайтони лаъин ё фитнаи ин дунё гирифтор шавам аз Ту мехохам ки маро дар панохи хеш нигах дори Омин Ё Рабъал Ъоламин

Добавлено (2013.07.25, 14:55)
---------------------------------------------
Худовандо моро дар паноҳи худ нигаҳ дор мо ғайр аз ту дигар ёридиҳандае надорем моро биомурз моро аз ҷумлаи солиҳон гардон Худовандо дар ҳеҷ ҳолате танҳоямон нагузор моро аз ҷумлаи наҷотёфтагон қарор деҳ Эй меҳрубонтарин меҳрубонҳо дуои моро қабул фармо илоҳи омин Ё Рабъал Ъоламин .!

Добавлено (2013.07.25, 14:55)
---------------------------------------------
Гамгин машав!!! Оё намебини, ки абри сиёх чи тавр пароканда мешавад, шаби торик чи тавр сафед мешавад, боди ба шур омада чи тавр ором мегардад ва туфон чи тавр хомуш мешавад!!!Бинобар ин сахтихои ту низ ба фарохи 3индагиат ба хуши ва ояндаат ба накуи мубаддал хоханд гашт

Добавлено (2013.07.25, 15:06)
---------------------------------------------
Аз гуфтаҳои Имом Шофеъӣ {раҳматуллоҳиалайҳ}:كلّما تعلَّقت بشخص تعليقا، أذاقك الله مرّ التعلُّق، لتعلم أَنَّالله يغار على قلبٍ تعلَّق بغيره، فيصد عن ذلك ليردك إليه. (الإمام الشافعي)Ҳар гоҳ, ба касе ғайр аз Худо дилбибандӣ, Худои таъоло талхии ин дилбастагиро ба ту мечашонад, то бидонӣ, ки
Худои таъоло аз диле ки ба ғайри ӯ мутаъаллиқ шавад, рашк мебарад, пас аз он
манъат кунад, то туро ба сӯи худ бозгардонад. (Имом Шофеъӣ)

Добавлено (2013.07.27, 15:59)
---------------------------------------------
Дуо кун ба суи маъбуди Рахмон
Ки то шуяд туро дар бахри гуфрон

Добавлено (2013.08.29, 15:10)
---------------------------------------------
ХУДОЁ ВАХТЕ,КИ ИН АМОНАДРО АЗ БАДАНИ МО МЕГИРИРИ ТАВБАЙ МОРО КАБУЛ БИГАРДОН ВА КАЛИМАХОЙ ШАХОДАД ВА ТАЙБАРО БАР ЗАБОНИ МО БУРО БИГАРДОН ВА МАРГИ МОРО МАРГИ БАРОХАД БИГАРДОН ВА БАЪДИ ИН АМОНАДРО ГИРИФТИ ХУДОЁ МОРО МАХФИРАД БИГАРДОН ПАЙГАМБАР САЛАЛЛОХИ АЛАЙХИ ВА САЛЛОМ МЕГУЯД ,ВАКТИ САХАР,КИ ХЕСТЕД ТАНИ ШУМО СОЛИМ АСТ ШУКРОНА БА СУЙ ХУДО КУНЕН, КИ ХУДОВАНД МЕТОНИСТ, КИ ХАМИ ЧАШМИ ШУМО ПУШИДЕД РУЗИ КИЁМАТ  КУШОДА КУНАД.
 ХАР САХАР БАР ХЕСТИ ХИЗМАТИ ЧАБОР БИКУН
 ГАР БИТОНИ БАЪДИ ХИЗМАД ГИРЯЙ БИСЁР БИКУН.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Понедельник, 2013.10.28, 10:08 | Сообщение # 23
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Дилатро хонаи ман кун,
Мусаффо карданаш бо ман.
Ба ман дарди дил ифшо кун,
Муддаво карданаш бо ман.
Биафшон катраи ашке,
Ки ман хастам харидораш.
Биёвар заррае ихлос,
Ки дарё карданаш бо ман.
Агар гум кардаи чоно,
Калиди хонаи моро,
Биё як лахза бо мо бош,
Ки пайдо карданаш бо ман.
Агар дархо ба руят баста шуд,
Дил бад макун боз ой,
Дар ин хона ту садо кун,
Ки хам во карданаш бо ман.
Ба ман гуй хоччати худро,
Ичобат мекунам онро.
Талаб кун он чиро хохи,
Мухайё карданаш бо ман.
Биё кабл аз вукуъи марг,
Ту равшан кун хисобатро.
Биёвар неку бадро чамъ,
Уминхо карданаш бо ман.
Агар умре гунох карди,
Машав ноумед аз рахмат.
Ту тавбаномаро бинвис,
Ки имзо карданаш бо ман!!!


Худованд собиронро дуст дорад

Сообщение отредактировал gulijon - Понедельник, 2013.10.28, 10:10
 
BonuДата: Среда, 2013.11.06, 19:22 | Сообщение # 24
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Хазрати Оиша(р) аз Паёмбар,
саллаллоху алайхи ва саллам, пурсид, ки чи касе
бузургтарин хаќро бар гардани зан дорад? Паёмбар,
саллаллоху алайхи ва саллам, фармуданд: Шавхараш.
Боз пурсидам: Ва чи касе бузургтарин хаќро бар
гардани мард дорад? Фармуданд: Модараш.
«Субулу-с-салом», чилди 4, сах. 1463 ва«Сунани Нисоии
Кубро», чилди 5, сах. 363, хадиси 9148


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » культура и образование-санъат ва маориф » Религия - Дин » НАСИҲАТРО ТАРК НАКУНЕД
Страница 1 из 11
Поиск:

Powered by Султанов Баходур Анварович © 2017 Яндекс цитирования Находится в каталоге Апорт Яндекс.Метрика
Поддержать форум на Forum-top.ru