Пандномаи бузургон - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик

Душанбе

Пандномаи бузургон - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, ДушанбеПандномаи бузургон - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе 2012 - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
[2011.10.14][Омар Хайям]
Египет, Рим, Китай держи ты под пятой,
Владыкой мира будь, - удел конечный твой
Ничем от моего не будет отличаться:
Три локтя савана и пядь земли сырой.
(Перевод: О.Румера)
(1) |Добавил: Лана
fff
Страница 1 из 11
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » культура и образование-санъат ва маориф » Литература-Адабиёт » Пандномаи бузургон (Оила)
Пандномаи бузургон
BahrihidoaytДата: Вторник, 2015.04.14, 06:38 | Сообщение # 1
Рядовой
Группа: Пользователи
Сообщений: 1
Награды: 0
Репутация: 0
Статус:
Хонадон бошад асоси зиндагӣ,
Маҳфили зебову хосизиндагӣ.
Хонадон бошад сафои ҷону тан,
Хонадон мебошад оғози ватан.
Сангар аст он, ҳаст истеҳкоми мо,
Нанги мо, номуси мову номи мо.
З-ин сабаб хоҳем аз ҷон, дўстон,
Ҷумларо обод бодохонадон!

Добавлено (2015.04.14, 06:35)
---------------------------------------------
Бидон эй писар, ки Офаридгор чун хост, ки ҷаҳон обод монад, асбоби насл падид кард дар шаҳвати ҷонвар ва падару модарро сабаби хастии фарзанд кард. Пас ҳамедун аз мӯҷиби хирад бар фарзанд аст худро ҳурмат доштан ва нигоҳубин кардан ва низ воҷиб аст асли худро нигоҳубин кардан ва ҳурмат доштан ва асли ӯ ҳам падару модар аст. То нагӯӣ, ки падару модарро ба ман чӣ ҳақ аст, ки эшонро ғараз шаҳват буд на мақсуд ман будам. Ҳарчанд ғараз шаҳват буд, хурсандии аз ҳад зиёди Модарон аст, ки баҳри фарзанд хештанро ба куштан диҳанд. Ва камтар ҳурмати модару падар он аст, ки ҳарду воситаанд миёни ту ва Офаридгори ту. Пас, чандон ки Офаридгори худро ва худро ҳурмат дорӣ, воситаро низ дархури ӯ бибояд дошт. Ва он фарзандро, ки мудом хирад раҳнамои ӯ бувад, аз ҳаққу меҳри падару модар холӣ бошад.
Ва падару модарро ҳам тавон аст ва ҳам фармон. Аммо тавон аст ба парварддани ту ва фармон аст ба хубӣ омӯхтан.
Ва зинҳор, эй писар, ки ранҷи падару модар хор надорӣ, ки Офаридгор ба ранҷи дили модару падар бисёр уқубат кунад.... Пас ҳаққи модару падар аз рӯи хираду мардумӣ бингар, ки падару модар манбати некиву асли парвариши туанд...
Пас ҷаҳд кун то ба хирад тавонгар бошӣ, ки тавонгарии хирад аз тавонгарии мол беҳтар бошад ва ба хирад мол тавон ҳосил кард ва ба мол хирад ҳосил натавон кард. Агар хирад дорӣ, бо хирад ҳунар омӯз, ки хирад бе ҳунар чун тане бошад бе ҷома...
Бузургон фармудаанд:

Добавлено (2015.04.14, 06:38)
---------------------------------------------
Гиромитар аз хуни дил чиз нест,
Хирадмандфарзанд бо дил якест.
Писандидатар кас зи фарзанд нест,
Чу пайванди фарзанд пайванд нест.
Чу фармонпазиранда бошад писар,
Навозанда бояд, ки бошад падар.
Зи фарзанд бошад падар шоддил,
Зи ғамҳо бад-ӯ дорад озод дил.

 
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » культура и образование-санъат ва маориф » Литература-Адабиёт » Пандномаи бузургон (Оила)
Страница 1 из 11
Поиск:

Powered by Султанов Баходур Анварович © 2017 Яндекс цитирования Находится в каталоге Апорт Яндекс.Метрика
Поддержать форум на Forum-top.ru