Хаким Санои Газнавй - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик

Душанбе

Хаким Санои Газнавй - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, ДушанбеХаким Санои Газнавй - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе 2012 - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
[2012.04.20][Предложения о сотрудничестве]
Компания АкмиЛайт - лидер продаж люминесцентных материалов организовывает дилерскую сеть по реализации самосветящейся краске. Предлагает выгодные условия сотрудничества, сертификаты качества продукции, а так же обеспечит своевременной поставкой товара. Подробнее на сайте компании. (1) |Добавил: acmelight
fff
Страница 1 из 11
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » культура и образование-санъат ва маориф » Литература-Адабиёт » Хаким Санои Газнавй
Хаким Санои Газнавй
AlisherДата: Пятница, 2007.09.07, 22:46 | Сообщение # 1
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 593
Награды: 3
Репутация: 5
Статус:
Хаким Санои Газнави шоир ва мутафаккири асри 12 мебошад. Соли таваллуди шоир аник нашудааст. Маълумоти миёна ва мадрасавиро дар Газна гирифтааст. Баъдтар ба шахрхои Балх, Хирот, Нишопур ва ба хач рафтааст.
Хаким Санои Газнави сохибдевон буда, манзумахои "Корномаи Бахт", "Хадикат ул хакикат", "Тарик ул тахкик", "Сайр ул ибод", "Корнома", "Ишкнома", "Аклнома", "Гарибнома", "Авфнома" ва амсоли инхо махсули хомаи уст.


Счастье это не жизнь без забот и печалей, счастье - это состояние души (Дзержинский)
 
AlisherДата: Пятница, 2007.09.07, 22:49 | Сообщение # 2
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 593
Награды: 3
Репутация: 5
Статус:
Гарибу ошикам бар ман назар кун,
Ба назди ошикон як шаб гузар кун.
Бубин он руи зарду, чашми гирён,
Зи бадахди дили худро хабар кун.
Туро рухсат ки дод эй мехрпарвар,
Ки чони ошикон зеру забар кун.
На бас корест куштан ошиконро,
Бирав фармон ба у кори дигар кун.
Санои рафту бо худ бурд хичрон.
Ту номаш ошики хастачигар кун.


Счастье это не жизнь без забот и печалей, счастье - это состояние души (Дзержинский)
 
AlisherДата: Пятница, 2007.09.28, 00:53 | Сообщение # 3
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 593
Награды: 3
Репутация: 5
Статус:
Дустиро кас ба як бадй нафрухт,
Бахри кайке гилем натвон сухт.


Счастье это не жизнь без забот и печалей, счастье - это состояние души (Дзержинский)
 
ГостьДата: Вторник, 2009.05.19, 23:51 | Сообщение # 4
Группа: Гости





Ман худамро борхо мирондаям,
Зиндагиро борхо гирёндаям.
Дар мазори ишки ман хон фотиха,
Охирин лабхандаам гурондаям.
 
gulijonДата: Вторник, 2012.11.20, 13:15 | Сообщение # 5
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Рубоиёти Саноӣ

Ҳарчанд бувад мардуми доно дарвеш,
Сад раҳ бувад аз тавонгари нодон беш.
Инро бишавад чоҳ, чу шуд мол аз пеш,
В-он шод бувад мудом аз дониши хеш.

Добавлено (2012.11.20, 13:15)
---------------------------------------------
Кай баста кунад ақл саропардаи ишқ,
Кай боз орад хирад зи раҳбурдаи ишқ.
Бисёр зи зинда беҳ бувад мурдаи ишқ,
Эй хоҷа чӣ воқифӣ ту аз хурдаи ишқ.


Худованд собиронро дуст дорад
 
SumayaДата: Вторник, 2012.11.20, 14:35 | Сообщение # 6
Майор
Группа: Почетные
Сообщений: 108
Награды: 4
Репутация: 4
Статус:
Онй, ки фидои ту равон мебояд,
Пеши рухи ту нисор чон мебояд.
Ман хеч надонам, ки киро монй ту
Эй дуст, чунонй, ки чунон мебояд.


Аз Аллох бубин, хар он чи меояд ба сар...
 
alensikaДата: Пятница, 2012.11.30, 22:20 | Сообщение # 7
Полковник
Группа: Почетные
Сообщений: 330
Награды: 6
Репутация: 3
Статус:
Сурати худ дар ойинайи дили хеш
Беҳ тавон дид, аз он ки дар гили хеш.
Бигсил он силсила, ки пайвасти
Ки зи гил дур чун шуди-расти.
З-онки мазламаасту дил, рўшан,
Гили ту гулханесту, дил - гулшан.

Свой облик (сурат) в зеркале своего сердца
Лучше можно узреть, чем в своей глине.
Разорви те путы, которыми связан
Как только отдалился от глины - спасён.
Поскольку, глина темна, а сердце светло.
Глина твоя подобна огненной печи, а сердце - цветнику.


ОДАМ АЗ ГУЛ НОЗУКУ АЗ САНГ САХТ АСТ
 
gulijonДата: Суббота, 2013.01.26, 14:21 | Сообщение # 8
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Рафтаст бари дуст, наёяд бари ман дил,
Донад, ки чу у як бути дамсоз наёбад.
Гаштаст дил огох, ки ман хеч намондам,
З-он боз наёяд, ки маро боз наёбад.


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Понедельник, 2013.01.28, 21:51 | Сообщение # 9
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Эй мусалмонон надонам то чи даврон омадаст, 
Ин чи бедорию бадбахти ба халкон омадаст. 
Ин чи бедорию бадбахти дар олам,ки муставхи шудаст, 
Аз барои чабру зулму бори исён омадаст. 
Авратон бешарм гашта кудакон пас беадаб, 
Лофу кизбу бехаёи бенамози кори эшон омадаст. 
Илмро кадре намонда олимонро хурмате, 
Вакти танбуру рубобу ною анбон омадаст.a 
Олиме аз дар дарояад бо хазорон илму фазл, 
Тахнахо созанд ки муфлис аз пайи нон омадаст. 
Золиме аз дар дарояад бо хазорон чабру зулм, 
Хона орояанд,ки у аз пеши султон омадаст. 
Дар замонаш неъмату мурги кабоб оранду пеш, 
Ки фалон ибни фалон имруз мехмон омадаст. 
Олимонро хор доранд золимонро бас азиз, 
Лочарам бар халк мехнат хамчу борон омадаст. 
Ту Саноиро биомурз эй Карим аз фазли хеш, 
З-он ки ин дунё бар у Валлохи зиндон омадаст.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Вторник, 2013.01.29, 08:15 | Сообщение # 10
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Эй нигори дилбари зебои ман,
Шамъи шаҳрафрӯзи шаҳророи ман.
Ҷуз барои диданат дида мабод,
Равшании дидаи бинои ман.
Ҷону дил кардам фидои меҳри ту,
Хоки поят бод сар то пойи ман.
Аз ҳама халқон дилоромам туӣ,
Эй латифу чобуки зебои ман.
Раҳмате бар ман куну дастам бигир,
Гар наёрӣ раҳм бар ман, вои ман.
Зор менолам зи дарди ишқи ту,
З-он ки то ту бишнавӣ овои ман.


Худованд собиронро дуст дорад

Сообщение отредактировал gulijon - Вторник, 2013.01.29, 08:19
 
BonuДата: Вторник, 2013.03.12, 21:37 | Сообщение # 11
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
[font='Times New Roman', serif][/font]Дустони Худо рохи Худо пеша намоед,
Бахри зафари Дини хак, андеша намоед.
Имруз ки ч,ахон бе сухани зинда харобаст,
Пайваста ба ободии ин беша намоед.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Суббота, 2013.03.16, 14:59 | Сообщение # 12
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Чу дарди ошиқӣ ба ҷаҳон ҳеҷ дард нест,
То дарди ошиқӣ начашад мард, мард нест.
Оғози ишқ як назараш боҳаловат аст,
Анқоми ишқ ҷуз ғаму ҷуз оҳи сард нест.
Ишқ оташест дар дилу обест дар ду чашм,
Бо ҳар кй ишқ ҷуфтаст, з-ин ҳар ду фард нест,
Шаҳдест бо шарангу нишотест бо тараб,
Доруи дарднок аст онро ки дард нест.
Он кас ки ишқ бозаду ҷон бозаду ҷаҳон,
Бинмой ошиқе, ки рух аз ишқ зард нест.


Худованд собиронро дуст дорад
 
SumayaДата: Понедельник, 2013.03.18, 08:10 | Сообщение # 13
Майор
Группа: Почетные
Сообщений: 108
Награды: 4
Репутация: 4
Статус:
Асли ҳама шодӣ аз дили шоди ту бод!
То банда бувад ҳамеша бо ёди ту бод!
Бедод ҳамекунию додам надиҳӣ,
Доди ҳама кас фидои бедоди ту бод!


Аз Аллох бубин, хар он чи меояд ба сар...
 
gulijonДата: Пятница, 2013.03.29, 12:21 | Сообщение # 14
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Ҳар киро дар дил хумори ишқу барноӣ бувад,
Кори ӯ дар ошиқӣ зорию расвоӣ бувад.
Ин манам зоре, ки аз ишқи бутон шайдо шудам,
Оре, андар ошиқӣ зорию шайдоӣ бувад.
Эй нигорин, чанд фармоӣ шикебоӣ маро?
Бо ғами ишқат куҷо дар дил шикебоӣ бувад.
Мар маро гуфтӣ: Чаро бар рӯи ман ошиқ шудӣ?
Ошиқӣ, ҷоно, на худкомию худроӣ бувад.
Шуд дилам сафроӣ аз дасти фироқи ин ҷамол,
Он ки сафроӣ нашуд дар ишқ, савдоӣ бувад.
Аз ҷамоли Юсуфе серӣ наёбад ҷовидон,
Ҳар киро бар ҷону дил ишқи Зулайхоӣ бувад.


Худованд собиронро дуст дорад

Сообщение отредактировал gulijon - Пятница, 2013.03.29, 12:22
 
imomov_rДата: Пятница, 2013.03.29, 15:46 | Сообщение # 15
Лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 87
Награды: 3
Репутация: 3
Статус:
Нолаи най зи дард холӣ нест,
Шавқаш аз рўйи зард холӣ нест.
 
gulijonДата: Суббота, 2013.03.30, 12:55 | Сообщение # 16
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Саноиро мусаллам шуд, ки гўяд зўҳди пурмаънӣ,
Надонад қимати назмаш ҳар он к-ў гўши кар дорад.


Худованд собиронро дуст дорад

Сообщение отредактировал gulijon - Суббота, 2013.03.30, 12:56
 
BonuДата: Суббота, 2013.03.30, 13:26 | Сообщение # 17
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Зоҳирнакунам пеши рақибон алами дил,Бо мардуми беғам натавон гуфт ғами дил

Добавлено (2013.03.30, 13:26)
---------------------------------------------
Малико, зикри Ту гӯям , ки Ту покиву Худоӣ,
Наравам ҷуз ба ҳамон раҳ , ки Туам роҳнамоӣ.
Ҳама даргоҳи Ту ҷӯям , ҳама аз фазли Ту пӯям,
Ҳама тавҳиди Ту гӯям , ки ба тавҳид сазоӣ.
Ту зану ҷуфт надорӣ, Ту хуру хуфт надорӣ,
 Аҳади безану ҷуфтӣ , малики комравоӣ.
На ниёзат ба валодат на ба фарзанд – т ҳоҷат,
Ту ҷалилул ҷабарутӣ , Ту насирул умароӣ.
Ту ҳакимӣ , Ту азимӣ , Ту каримӣ , Ту раҳимӣ,
Ту намояндаи фазлӣ , Ту сазоворӣ саноӣ.
Барӣ аз ранҷу гудозе , барӣ аз дарду ниёзе,
Барӣ аз биму умеде , барӣ аз чуну чароӣ .
Барӣ аз хӯрдану хуфтан , барӣ аз ширку шабеҳӣ.
Барӣ аз сурату ранге , барӣ аз айбу хатоӣ.
Натавон васфи Ту гуфтан , ки Ту дар фаҳм нагунҷӣ,
Натавон шибҳи Ту гуфтан , ки Ту дар ваҳм наёӣ.
(Ҳаким Саноӣ).


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Вторник, 2013.04.02, 15:15 | Сообщение # 18
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Дӯстият мабод бо нодон,
Ки дӯстиш бувад офати ҷон.


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Пятница, 2013.04.05, 13:32 | Сообщение # 19
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Огоз кунам сухан ба номат, 
Эй сохиби ганчи пурсаодат. 
Аз кудратат олам офариди,
 Аз хок Ту одам офариди. 
Аввал рухи поки МУСТАФФОРО, 
Аз чумлаи халку амбиеро. 
Умре ба Ту ман гуям саное, 
К-аз гайри Ту дигар нест Худое.
 Хар,ки накунад ба Ту бовар, 
Шарманда шавад ба рузи махшар.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Пятница, 2013.04.05, 15:34 | Сообщение # 20
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Эй дидани ту ҳаёти ҷонам,
Нодиданат офати равонам.
Дил  сўхтан ба оташи ишқ,
Бифрўзад ба нури фазл ҷонам.
Бе ишқи висоли ту набошад,
Ҷуз ном зи айб бар забонам.
Акнун,ки дилам рабудӣ аз ман,
Берўйи ту буд чун тавонам.
Дардест маро дар ин дил аз ишқ,
Дармон-ш ҷуз аз ту менадонам.
Бар бўйи ту з-орзуи рўят,
Ҳамвора ба кўйи ту давонам.
То гўш шабе шунид номат,
Ҷуз номи ту нест бар забонам.
То лола шудам ҳиҷоби лўълў
Лўълўст ҳамеша бар рухонам.
Гулнори биҳӣ шудам зи тимор,
В-ин ашк ба ранги нордонам.
Буд холи рухи ту, эй нигорин,
Шўри дилу нури дидагонам…
Пеш ой бутову бода пеш ор,
Биншин барии хеш як замонам.
Аз дасти ту гар чашам шаробе,
То ҳашр чу Хизр зинда монам.


Худованд собиронро дуст дорад

Сообщение отредактировал gulijon - Пятница, 2013.04.05, 15:37
 
BonuДата: Понедельник, 2013.04.08, 06:50 | Сообщение # 21
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Аз ишки ту, эй сангдили кофиркеш
Шуд сухтаву гашта чахоне дарвеш.
Дар шахр чунин ху, ки ту оварди пеш
Гури шухадо хазор хохад шуд беш


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
imomov_rДата: Понедельник, 2013.04.08, 15:05 | Сообщение # 22
Лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 87
Награды: 3
Репутация: 3
Статус:
Орифонанд мурғи ин анҷир,
Ошиқонандмарди ин нахчир.
 
Рўзи кўрони олами ғаддор,
Тезбинони зулмати шаби тор.
 
Дўзаху худро аён дида,
Оташу об дар дилу дида…
 
Андарун аз фурўғи Ҳақпурнур,
Гарм гашта зи шавқиў чун нур…
 
Ҳама чун зарра нестӣҳастанд,
Ҳама аз ҷомимеҳри ў мастанд.
 
gulijonДата: Вторник, 2013.04.09, 13:00 | Сообщение # 23
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Афлок ба тири ишқ битвонам суфт,
В-офоқ ба боди ҳаҷр битвонам руфт.
Дар ишқ чунон шудам, ки битвонам гуфт,
К-андар як чашми пашша битвонам хуфт.


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Пятница, 2013.10.18, 20:22 | Сообщение # 24
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
1) Мусулмонон, мусулмонон, мусулмони, мусулмони,
Аз ин оини бединон пушаймони, пушаймони.
2) Мусулмони кунун исмест бар урфеву одоте,
Дарего, ку мусулмони, дарего, ку мусулмони?
3) Фуру шуд офтоби дин, баромад рузи бединон,
Куч,о шуд дарди Будардову он исломи Салмони?
4) Ч,ах,он яксар х,ама пурдеву пургуланду умматро
Ки ёрад кард ч,уз Ислому ч,уз Суннат нигах,бони.
5) Бимиред аз чунин ч,оне к-аз у куфру х,аво хезад,
Азеро дар ч,ах,он ч,онх,о фуру н-ояд мусулмони.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » культура и образование-санъат ва маориф » Литература-Адабиёт » Хаким Санои Газнавй
Страница 1 из 11
Поиск:

Powered by Султанов Баходур Анварович © 2017 Яндекс цитирования Находится в каталоге Апорт Яндекс.Метрика
Поддержать форум на Forum-top.ru