Муҳаммадшарифи Гулханӣ - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик

Душанбе

Муҳаммадшарифи Гулханӣ - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, ДушанбеМуҳаммадшарифи Гулханӣ - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе 2012 - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
[2011.10.01][Омар Хайям]
Бегут за мигом миг и за весной весна;
Не проводи же их без песен и вина.
Ведь в царстве бытия нет блага выше жизни, -
Как проведешь ее, так и пройдет она.
(Перевод: Г.Плисецкого)
(0) |Добавил: olga_101185
fff
Страница 1 из 11
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » культура и образование-санъат ва маориф » Литература-Адабиёт » Муҳаммадшарифи Гулханӣ
Муҳаммадшарифи Гулханӣ
BonuДата: Среда, 2013.06.05, 21:30 | Сообщение # 1
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Гулханӣ
Адиби зуллисонайн, шоир ва нависанда Муҳаммадшарифи Гулханӣ дар таърихи адабиёти тоҷик ҳам дар шаклҳои гуногуни назм ва ҳам дар наср мавқеи намоён дорад. Номи адиб Муҳаммадшариф ва тахаллуси адабии ў «Гулханӣ» буда, дар ин бора Фазлии Намангонӣ дар «Маҷмўаи шоирон» мегўяд:
Хушо, Гулханӣ шоири пурфан аст,
Чӣ гулхан, ки зеботар аз гулшан аст.
Зи девонахўиву оташфанӣ,
Тахаллус ниҳода ба худ «Гулханӣ»
Ғазалҳо навишта латифу равон,
Ба дастури алфози кўҳистон.
Ки буданд аҷдоди ў дар диёр,
Писандидаи мардуми кўҳсор.Гулханӣ зодаи деҳаи Булқоси Қаротегин буда, тақрибан солҳои 70-уми асри XVIII ба дунё омадааст. Ў солҳои 90-уми асри XVIII ба шаҳри Намангон меравад. Аз сабаби тангии маишӣ шоир таҳсилро пурра фаро гирифта наметавонад. Баъдҳо бо фармони амир ба касби сипоҳигарӣ ҷалб карда мешавад. Сипоҳигарӣ барои Гулханӣ ҳамчун мактаби ҳаётӣ бисёр масъалаҳои гуногуни рўзгору зиндагиро ёд медиҳад ва шоир аз ин мактаби ҳаётӣ баҳраҳо бардоштааст. Пас аз чанде Гулханӣ ба дарбори Умархон роҳ меёбад ва ба доираи адабии қўқанд мепайвандад. Ў тадриҷан ба амир Умар таваҷҷўҳ пайдо намуда, ин ҳокимро одил ва саховатпеша ном мебарад ва мадҳ мекунад. Вале бо мурури вақт мебинад, ки пиндораш хатост, зеро ба меҳнати шоир ба назари хайрхоҳона нигоҳ намекунад: Ҳунар ҳарчанд ин ҷо метаровад аз ҳар ангуштам,
Зи бахти норасо коре надорад бо зар ангуштам.
Муҳаммадшариф ба шеър таваҷҷўҳи зиёд дошта, хеле барвақт ба эҷоди он майл кардааст. Ў дар ибтидо «Гулханӣ» тахаллус интихоб карда будааст. Сарчашмаҳо инчунин таъкид менамоянд, ки ў баъдҳо ба худ тахаллуси «ҷуръат»-ро муносиб медонад ва бо ин тахаллус эҷод мекунад.
Фазлии Намангонӣ («Маҷмўаи шоирон») оид ба тахассули аввалини Муҳаммадшариф ва шахсияти ў баҳс ба миён оварда мегўяд: Зи мулки кўҳистон бувад Гулханӣ,
Кунад паҳлавонӣ зи нерўманӣ.
Ба даргоҳи султони гетипаноҳ
Ҳавохоҳ ҳам шоиру ҳам сипоҳ.
Умуман зиндагии шоир чандон мувофиқи мақсад набуда, дар ашъори маҳфузмондааш низ доир ба ин ҷиҳат ишораҳои фаровони худи адиб ва сарчашманигорон ба мушоҳида мерасад. Масалан баъзе ишораҳои Фазлӣ низ бисёр лаҳзаҳои зиндагии иҷтимоии Муҳаммадшарифро равшан месозад: Сипоҳигарӣ кард, роҳат надид,
Ки осоиш аз ранҷу меҳнат надид.
Мурувват накардӣ ба ҳолаш амир,
Басе бенавоӣ кашид он фақир.
Ки аз тангдастӣ ба ҷон омадӣ,
Зи бемоягӣ дар фигон омадӣ.
Поёни умри Муҳаммадшарифи Гулханӣ дар қўқанд гузашта, ба даврони ҳукмронии Муҳаммадалихон (1822-1842) рост омадааст. Ин амири бетадбир ба қатли Гулханӣ фармон додааст. Вафоти шоир ба ҳамин тариқ, солҳои 1826-1827 иттифоқ афтодааст.Мероси адабии ГулханӣЧунон ки қаблан таъкид шуд, Гулханӣ бо ду забон-тоҷикӣ ва ўзбекӣ, дар ду навъи адабӣ: назм ва наср аз худ андак бошад ҳам, мероси адабии пурмўҳтаво ба ёдгор гузоштааст. ҳоло аз ин адиб чанд ғазалу як қасида ва як қиссаи тамсилӣ бо номи «Зарбулмасал» ба забони ўзбекӣ маълум аст. Яъне аниқтараш 12 ғазалу як қасида ва аз 12 ғазал 7-то ба забони тоҷикӣ ва 5 то ба забони ўзбекӣ эҷод гардидааст.
Фаъолияти адабии Муҳаммадшарифи Гулханӣ ҳангоми таҳсил ва сипоҳигарӣ бо эҷоди шеърҳои лирикӣ оғоз гардидааст.
Муҳаммадшариф бо тахаллусҳои «Гулханӣ» ва «ҷуръат» эҷод кардааст. Мавзўи ғазалиёти Гулханӣ суннатӣ буда, ишқу исёнҳои ботинии инсон, васфи ҳусну ҷамоли маҳбуба, нозу ифтихори ў, садоқати ошиқу бемеҳрии маъшуқа, барди ҳиҷрону сўзи фироқ ва ғайра мебошад. Яке аз мавзўъҳои дўстоштаву марказии ашъори шоир ҳаҷву истеҳзо, тамасхуру танқид аст. Вале дар ҳар сурат дар ғазалҳои шоир ишқу масоили дигари иҷтимоӣ бештар мавқеъ дорад. Чунончи: Ай бути ширинлабу симинтану рангинқабо,
Пой то сар ҷилваи макру фану нозукадо.
Мазҳари ҷавру ҷафову зулм, ҳам бедоду кин
Дар сипеҳри дилрабоӣ моҳи бемеҳру вафо.
Мубталои холу зулфу оразу чашми ту буд,
Ҳиндуву кашмирию римиву туркони Хито.
З-оташи шамъи рухат парвона бесабру шикеб
Ҳусн – саркаш, ишқ – ғолиб, ман – забун, дил – бенаво.
Гар набошад ёди мижгонат ба дасти ў асо.
Аз тапиданҳои дил дар гўш меояд садо.
Зиндагиҳо ба рағми даҳр то кай Гулханӣ
Чанд гўӣ ёр бераҳму фалак ноошно.
Ғазали мазкур аз рўи мавзўъ ва мазмуну мўҳтаво ишқӣ, иҷтимоӣ, шиквоӣ буда, бемеҳриву бераҳмиии маҳбуба, маккориву ҷафопешагии ў ба тасвир омадааст.
Аз нигоҳи ҳунари эҷод низ ғазали боло хуб аст. Шоир аз санъати таносуби сухан, тавсиф, ташбеҳ, муболиға, тазод, истиора, киноя, маҷоз, ҷамъу тақсим, нидо ва ғайра нисбатан хуб кор гирифта шудааст. Аз нигоҳи хусусиятҳои шаклӣ низ ғазал нисбатан ҷолиб эҷод гардидааст. Шоир дар ин ғазал радифро ба кор набурда, дар он калимаҳои рангинқабо, нозукадо, вафо, хито, бенаво, асо, садо, ноошно ҳамқофия шудаанд. Аз нигоҳи навъҳои қофия, калимаҳои қофияшуда бо равӣ «о» тамом шудаан ва аз ин рў, шакли қофия муқайяд аст. ғазал дар баҳри рамали мусаммани маҳзуф ё мақсур иншо гардидааст, ки афоъили он чунин мебошад:
- v - - / - v - - / - v - - / - v - (ё худ: - v ~)
яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун ё ин ки фоъилон.
Муҳаммадшарифи Гулханӣ умуман дар ҳунари ғазалсароӣ чандон бад нест, зеро эҷодиёти ин шоир низ дар заминаи суннати ниёӣ зуҳур кардааст.
Аз ғазалҳои маҳфузмондаи тоҷикии ў маълум мешавад, ки шоир ғазалҳои ишқии худро бо оҳангҳои бисёр қавии иҷтимоӣ дар омехтагӣ эҷод намудааст:
Гудозу сўзу дарду доғ з-инсон бар ман аст имшаб,
Чу шамъ эғозу анҷоми ман аз худ рафтан аст имшаб.
Зи ман уммеди нақди дину дил дигар бувад нодир,
Чароғи корвонам гўӣ чашми раҳзан аст имшаб.
Баёзи гардани соқӣ таҷаллигоҳи маҳфил шуд,
Гилеми тўри моро гўӣ водӣ Эман аст имшаб.
Зи поям барфикандӣ, по ба поят ман сарафкандам,
Барафкан парда аз рухсор, афкан-афкан аст имшаб.
Кулаҳ бишкаст соқи, мўҳтасиб паймонаи майро,
Ту бишкан фарқи он бадхўй, бишкан-биштан аст имшаб.
Ба имшаб-имшаб додӣ навиди васл дере шуд,
Ҳанўзам гўш дар роҳи ту чашми равзан.
Ғазали боло дорои шаш байт буда, аз нигоҳи мазмуну мўҳтаво ишқӣ- иҷтимоӣ нест. Зеро шамъ барин сўхтаму аз худ гузаштан ва фурўравӣ ба хотири таҷаллии маҳфил ифодаҳои сўфиёна мебошад. ҷанбаи ҳунарии ғазал низ чандон бад нест. Шоир аз санъатҳои бадеии таносуби сухан, ташбеҳ, маҷоз, киноя, истиора, муболиға, тазод, тавсиф, талмеҳ ва ғайра хуб кор гирифтааст.
Аз нигоҳи хусусиятҳои шаклӣ низ ғазали зикршуда ҷолиб аст: ғазал мураддаф буда, калимаҳои «аст имшаб» радиф аст, зеро аз оғоз то анҷом такрор мешавад. Радифи мазкур мураккаб мебошад, зеро аз ду калима иборат аст. Калимаҳои радифшуда бори ғоявии шеърро бар ўҳда гирифтаанд.
Дар ғазали зикршуда калимаҳои ман, рафтан, раҳзан, Эман, афкан, ишкан, равзан ҳамқофия шудаанд. Аз сабаби он ки қофияшавандаҳо бо ҳарфи равӣ «н» ба охир мерасанд, ин навъи қофияро қофияи муқайяд мегўянд.
Аз нигоҳи вазн, ғазали зикршуда дар баҳри ҳазаҷи мусаммани солим эҷод гардидааст, ки афоъили он чунин аст:
v - - - / v - - - / v - - - / v - - -
яъне, мафоъӣлун, мафоъӣлун, мафоъӣлун, мафоъӣлун.
Дар ашъори Муҳаммадшарифи Гулханӣ ҳаҷву истеҳзо, мазаммату танқид низ мақоми махсус дорад. Ин ҷанбаъ ҳам дар назм ва ҳам дар наср ба хубӣ мушоҳида карда мешавад. Масалан, шоир бо радифи бидеҳ ғазале дорад, ки қофияву радиф дар он на танҳо вазифаи хушоҳангиву хотирмонӣ, равонию дилнишинӣ, ҷолибию ҷаззобӣ дорад, балки беш аз он бори ғоявию маъноӣ мекашад.
Чунончи: Ҳазратам, аз гушнагӣ мурдам, ба ман нунам бидеҳ,
Кофирам, гўям агар инам бидеҳ, унам бидеҳ.
Гандуму мошу биринҷам деҳ, ки даркорӣ ҳамўст.
Ман намегўям ақиқу лаълу марҷунам бидеҳ,
Бар танам як лоғ дору ишкамам пур кун зи нун,
Бо ту, биллаҳ, ман намегўям, ки имунам бидеҳ.
Аз тиҳидастӣ агар нўкор мурад ҳайф аст, ҳайф,
Ай, табиби ҳозиқи нўкар, ту дармунам диҳед.
Ҷума деҳу нун, зи ранҷу фоқа мегардон халос,
Кай туро гуфтам, ки бар ман ганҷи қорунам бидеҳ.
Аз тағуёни дарат кас нест чун ман беасос,
ҳавливу боғу сарову қасру айвунам бидеҳ.
Гулханиро ай қатури баччамардон кам мадон,
Футтаву шофам бидеҳ, аспам бидеҳ, тунам бидеҳ.
Хусусан бори ғоявию мавзўӣ ва маъноиву мундариҷавӣ бар душ доштани радиф дар ғазали боло, аз он ҳам маълум мегардад, ки дар мисраи интиҳоии ғазал, калимаи радифшуда бидеҳ се дафъа таъкид карда мешавад. Яъне мақсади шоир аз зикри ашёи зарурӣ ҳамин аст, ки бо он эҳтиёҷ дорад. Аз ин рў, ин калима, ки эҳтиёҷи қаҳрамони лирикиро қонеъ мегардонад.
Аз нигоҳи ҳунарӣ, албатта, ин ҷолиб аст. Аз тарафи дигар, ҷанбаҳои дигари ҳунарии шеър, масалан, коргирӣ аз санъатҳои бадеӣ ҳам хеле писандида мебошад. Шоир аз санъатҳои бадеии таносуби сухан, нидо, тазод, муболиға, маҷозу киноя, тавсиф, ташбеҳу истиора ва ғайра хуб истифода кардааст.
Хусусиятҳои шаклии ғазал низ хеле ҷолиб аст. Шеър мураддаф буда, чунон ки ишора кардем, калимаи бидеҳ қофия қарор дода шудааст. Ин калима эҷодиёти номбаркардаи адибро фаро мегирад. Аз ин рў, бори ҳадафӣ низ бар ўҳда дорад. Радифи содда аст. Қофияҳои ғазали мазкур: нунам, унам, марҷуам, им унам, дармунам, қорунам, айвунам ва ғайра мебошад.
Аз нигоҳи сохтор қофияҳои интихобшуда мутлақ буда, пас аз равӣ «н» унсурҳои дигар низ ҳаст:
Вазни ғазал низ ҷолиб аст. Он дар баҳри рамали мусаммани маҳзуф ё мақсур эҷод шудааст. Аз нигоҳи афоъил он чунин аст:
- v - - / - v - - / - v - - / - v - (ё - v ~)
яъне: мафоъилун, фоъилотун, фоъилотун ё ин ки - v ~ мебошад.
Умуман, лирикаи Гулханӣ аз нигоҳи мазмуну мўҳтаво ва мавзўъи ишқӣ, иҷтиомӣ ва ҳаҷвӣ буда, дар он унсурҳои шеваи гуфтугўии мардумони кўҳистони тоҷик хеле мавқеъ дорад.«Зарбулмасал»: мавзўъ ва мазмуну мўҳтавои он.Ҳаҷву истеҳзо ва танқид яке аз мавзўъҳои ҷовидонаи адабиёти бадеист. Ин суннати адабӣ дар адабиёти охири асри XVIII ва оғози асри XIX буд. Маҳз чунин талаботи ҳаёт дар он рўзгор «Зарбулмасал»-и Гулханӣ барин асарҳои ҷавобгўи даврро ба миён овардааст. «Зарбулмасал»-и «Гулханӣ асари насрат-тамсилӣ буда, ҳадафи нависанда аз эҷоди асар бе восита танқиди салтанати амир Умархон набудааст. Ин асари мансури Гулханӣ ба забони ўзбекӣ таълиф шудааст. Муаллиф асосан аз ҳикоёти «Калила ва Димна» хеле хуб истифода бошад ҳам, бунёди хати сужаи асар бар як ҳикоят «Махзан-ул-асрор» гузошта шудааст. Дар ҳикояи Низомӣ саҷараи ду бумро мушоҳида намудани Анўшервон тасвир карда мешавад. Яъне дар вайронае ду бум ба ҳам саҷара мекарданд. Зеро буме ба назди буми дигаре бо мақсади хостгорӣ омадааст. Мехоҳед барои писари худ духтари буми дигарро хостгорӣ кунад. Ба ҳамин тариқ, дар ҳамин ҳолат аз назди ҳамон макони вайрона Анўшервон бо вазири донишманди худ Бузургмеҳри Бахтакон мегузоштанд. Анўшервон саҷараи бумҳоро мушоҳида намуда аз вазираш мепурсад, ки гўш кун, то он ду парранда дар бораи чӣ сўҳбат доранд? Бузургмеҳр лаҳзае ба саҷараи бумҳо гўш дода, аз мақсади онҳо бохабар гардида, ба Анўшервони одил мегўяд, ки онҳо фарзандони худро хонадор кардан мехоҳанд. Бум барои ширбаҳои духтараш панҷоҳ ҳазор деҳи вайрона талаб карда истодааст. Буми дигар ба шумо ишора намуда гуфт, ки: -Агар ҳамаи шахс шоҳ бошад, сад ҳазор деҳаи хароб хоҳам дод.
-Анўшервони ҷавоби бузургмеҳрро шунида хеле мутаассир мешавад, ки ҳоло ҳам дар сиёсати пешгирифтаи ман усули мамлакатдории ман, нуксонҳо зиёд будаанд. Бояд аз паи ислоҳи нуқсонҳо шуд… Гулханӣ дар ҳамин заминга сўҳбати ду кабутари қудошавандаро зикр намуда, ба ин восита амир Умархонро одилу адолатпарвар нишон медиҳад.
Образҳои амалкунандаи асари Гулханӣ намояндагони табақаҳои гуногуни ҷамъият буда, нависанда нуқсонҳои онҳоро хеле соддаву оддӣ фош месозад. қаҳрамонҳои асар ҷонварҳои гуногун ва бештар паррандаҳо мебошанд. Образҳои тансилии асар: Бойўғлӣ, Япалоққўш, қўрқуш, Маликшоҳин, Худҳуд, Шўрнўл ва ғайра буда, ҳар кадом хислату характер, рафтору кирдор, муносибату гуфтори ба худ хос доранд.
Дар маркази асар амалиёти қудогии Япалоққуш ва писари ў қуланкир султон ва инчунин Бўйўғлӣ ва духтари зебои вай Гунашбону меистанд. Муаллиф писарў падарро, ки аҳли меҳнатанд, ҷонибдорӣ мекунад. Маликшоҳин аз хизматҳои қуланкир хуб розӣ аст. Вале Бойўғлӣ марди мағрур, худписанд, ҳавобаланд ва инчунин мумсик аст. Аз ин ҷост, ки ў япалоққушу писари ўро писанд намекунад. ҳатто Япалоқ куҷову ман куҷо? – мегўяд.
Агар сухан дар бораи шахсиятҳои сиёсии давр, рўҳониён, амалдорони муосираш равад, адиб ба образҳои тамсилӣ: паррандаҳо, ҷонварҳои дигарро ба кор мегирад. Агар сухан дар бораи табақаҳои дигари иҷмоӣ: савдогаро, муфтиҳо, баққолон, судхўрдҳо равад, Гулханӣ номи ҳақиқии онҳоро ба кор мебарад. Чунончи Саид Азимҷони Сўфӣ, Муҳаммад Қосим – даллоли рангфурўш, Муҳаммад Аминхўҷаи Муфтӣ ва дигарон, ки ҳар кадом бо ному касбу пешаашон зикр шудаанд. Усули корбурди ҳикояҳо ва ҳикоясозӣ дар асари Гулханӣ ва «Калила ва Димна» монанд аст. Масалан, «қўрқуши хостгор дар ҳузури Бойўғлӣ ҳикояти Муҳаммадқосими даллоли рангфурўшро нақл мекунад:
-Қўқуш гуфт: Омади суханони ту ба Муҳаммадқосими далоли рангфурўш монанд аст, ки як рўз барои деворзанӣ мардикор андохтааст. Дар вақти намози аср, ҳангоми таҳорат ба мардикор нигоҳ карда истода тақияшро ба оби равон афтонда аст. Ў гирифта танавониста тавонашро аз мардикор гирифтанӣ шудааст. Баъд аз кор мардикор музд талаб кардааст. Муҳаммадқосим тоқии ман се танга буд, тоқии ту базўр як танга аст. Бо як тангаи музди корат ду танга мешавад. ҳаққи як тангаи ман дар гардани туст. Зеро ман ба ту нигоҳ кардам ва тоқиям ба об афтод. Акнун товони онро ту медиҳӣ. Боз як рўзи дигар кор карда деҳ. Дар ин ҳикоя образи даллол – манфӣ аст, ки ба образи мусбат – мардикор муқобилгузорӣ шудааст. Дар асар порчаҳои шеърӣ ва ҳикояҳои хурд-хурд манзхум низ зиёданд. Аз ҷумла ҳикоёти «Сангпушт» ва Каҷдум» (насрӣ), «Маймуни наҷҷор» (манзум) мебошанд. Умуман Гулханӣ аз ҳикоёти классикони дигари таърихи адабиёт истифода кардааст:
Муҳим он аст, ки асари Гулханӣ барои соддабаёнӣ ва мактаби вуқуъгўии минбаъдаи (девори шўравӣ) адабиёти тоҷик заминаи хуб фароҳам овард.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » культура и образование-санъат ва маориф » Литература-Адабиёт » Муҳаммадшарифи Гулханӣ
Страница 1 из 11
Поиск:

Powered by Султанов Баходур Анварович © 2017 Яндекс цитирования Находится в каталоге Апорт Яндекс.Метрика
Поддержать форум на Forum-top.ru