Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик

Душанбе

Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, ДушанбеҚорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе 2012 - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
[2012.04.16][Квартиры]
Продам 2-х комнатную квартиру в центре города по ул.Рудаки в 8-ми этажном доме. Общая площадь 32 кв.м. Две раздельные комнаты, совмещенный санузел. Есть холодная (отдельный мотор) и горячая (термекс) вода. Застекленный балкон, хороший ремонт, в зале встроенный электрический камин, в спальне встроенные шкафы. Квартира продается с мебелью. Заинтересовавшимся звонить по телефону
+7 950 696 70 49
+7 930 721 20 19
(1) |Добавил: chrisi_88
fff
Страница 1 из 11
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » культура и образование-санъат ва маориф » Литература-Адабиёт » Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ
Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ
BonuДата: Среда, 2013.06.05, 21:28 | Сообщение # 1
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ
Яке аз шоирони тавонои адабиёти нимаи дуюми асри ХIХ тоҷик қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ буда, соли 1818 дар шаҳри Бухоро дида ба дунё кушодааст. Возеҳ дар ибтидо дар дабиристони қориён таҳсил намуда, баъди хатми таълимкадаи мазкур ба мадраса дохил мешавад. Яке аз устодони бонуфузи ў дар мадраса домулло ҳоҷибойи Хўҷандӣ буда, аз ин шахс Возеҳ улуми ҷории даврро омўхтааст. Шоир илмҳои дигарро аз қабили улуми адабӣ, таърих ва инчунин табииётро низ хеле хуб аз худ мекунад. Баъди хатми мадраса Возеҳ ба хидмати ҳокими Кармина-Музаффархон роҳ меёбад. Муҳити ҳукмронии дарбори Музаффархон ба Возеҳ чандон писанд намеафтад ва аз ин рў, дере нагузашта шоир боз ба Бухоро бармегардад. Вақте ки Музаффархон ба тахти ҳукумати марказӣ менишинад, кори Возеҳ боз омад намекунад, зеро муносибати ҳоким бо Возеҳ чандон хуб набудааст.
Возеҳ аз фурсат истифода намуда ду корро сомон медиҳад: аввал ин ки дар як қасидаи худ аз амир Музаффархон хеле ва хеле бо самимияти хосса ёд намудааст, аз ҷумла: Хуршедфитрато, малико, хусраво, даме
Чашми ризо ба сўи мани бенаво кушой.
Гар муфлисам ба симу зар, аммо ба синаам
Бас ганҷҳои фазлу маъонӣ намуда ҷой.
Рў карда омадам ба дарат бо ҳазор умед,
Дил баста омадам ба ҷанобат ба сад раҷой… Дуюм ин ки соли 1871 вай тазкираи худро таҳти унвони «Тўҳфат-ул-аҳбоб фи тазкират-ул-асҳоб» («Тўҳфаи дўстон ва зикри ёрон»)-ро ба итмом расонида, онро ба амир Музаффархон пешкаш мекунад. Дар тазкираи Возеҳ беш аз 145 нафар қувваҳои адабии охири асри ХVIII ва оғози садаи ХIХ ҷой дода шудаанд, ки онҳо дар қаламрави Бухоро, қўқанд, Самарқанд ва дигар марказҳои илмӣ-фарҳангии Осиёи Миёна зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Дар муносибат бо чунин корҳои Возеҳ амир чӣ гуна иқдом намудааст, равшан нест ва ин чиз мусаллам аст, ки Возеҳ асосан бо пешаи хаттотӣ касби маош мекардааст. Инчунин, Возеҳ аз улуми табииёту риёзиёт, фиқҳ ва тиб низ ба таври бояду шояд баҳраманд будааст.
Соли 1885 дар аморат тағйирот ба вуҷуд меояд, ба ҷои Музаффархон писари ў-амир Абдулаҳадхон сари қудрат меояд.
Баҳори соли 1886 қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ бо нияти ба ҷо овардани ҳаҷ роҳи Арабистонро пеш мегирад. Ў тавассути Туркманистон, қафқоз, Истамбул ба Арабистони Саъудӣ меравад ва дар бозгашт соли 1887 ба Бухоро роҳи ў аз қаламрави Ироқу Эрон мегузарад.
Пас аз сафар ў хотираҳои хешро дар шакли китоби сафарӣ таълиф менамояд, ки дар ин асар оид ба рушди мамолики хориҷа ва аз ин бояд сарварони ҳукумати Бухоро ба ягон хулосаи зарурӣ биёянд ва ба ҳамин маъно тасвирҳо дида мешавад. Вале ин асар ба аморати Бухоро ва балегўёни дарбор писанд наомад ва суханони Возеҳро онҳо ҳамчун ношукрӣ пазируфтанд ва ба ў тамоман аҳамият надоданд. Дар ин бора аз баъзе намунаҳои ашъори Возеҳ иттилоот метавон пайдо намуд, ки гуфтааст: Зи бас гирифта дил аз вазъи олами пирам,
Ба рўзгори ҷавонӣ чу ғунча дилгирам.
Чу дил шикаставу ошуфтаю парешонам,
Ки ҳамчу мавҷ набошад қабули таъмирам.
Насиби ман ба ҷаҳон ғайри талхкомӣ нест,
Магар, ки рехта айём заҳр дар ширам.
Ҳадиси ояти ҳиҷрон рақам задӣ, Возеҳ,
Ки нест ҳоҷати шарҳи саҳеҳу тафсирам.
Умуман, дар лирикаи Возеҳ оҳангҳои яъсу навмедӣ, шикастадиливу шикастанафсӣ, шикваҳо аз нодориву тангдастӣ, бенавоию қашшоқӣ хеле баланд садо медиҳанд. Намунаи қазовати мазкур ғазали зерин аст, ки шояд шоир дар ҳамин айёми камбағалии хеш таълиф намуда бошад.
Чунончи: Ман, ки аз ташвиши даврон хотирам зери ғам аст,
Рўзи идам дар назар монанди шоми мотам аст.
Карда ғамҳои ҷаҳон ҷо дар дили ношоди ман,
Лоҷарам ҷуз ман ба олам ҳар ки бинӣ хуррам аст.
Одамият дар мизоҷи аҳли олам ёфт нест,
Бошад аз ҳайвон басе кам, он ки гўӣ одам аст.
Рафт то ҷое камоли нуқсу нуқсони камол,
Соҳиби ҷаҳли мураккаб бошад, он к-ў аълам аст.
Бошад эмин аз ғурури ин шаётинофатон,
Чун Сулаймон ҳар ки таслимаш нигини хотам аст.
Дил ба нони хону оши косаи дунон мабанд,
Филмасал гар қурси хуршед аст в-ар ҷоми ҷам аст.
Баъд аз ин, Возеҳ, чу Урфӣ аз фалак фарёд хоҳ:
«Ман ба ҷое меравам, к-он ҷо қадам номаҳрам аст».
Албатта, тахмин метавон намуд, ки чунин абёти моҳияти бисёр қавии иҷтимоидошта шояд аз нигоҳи эҷод ба даврони пирии шоир рост омада бошанд. Чунин ашъори лирикии шиквоӣ дар осори маҳфузмондаи Возеҳ кам нест. Ў бештар ранҷу кулфатҳо, тангдастию шиканҷаҳои замонро зимни нақши лирикии маҳбуба хеле ва хеле хуб ба тасвир мегирад. ҷузъиёти тасвир дар лирикаи ишқии Возеҳ бо ин характернок аст, ки пурра воқеӣ, ҳаётӣ, мушаххас, муқаррарӣ буда, аз ноҷўриҳои рўзгор ҳосил шудаанд. Масалан, ғазали зерини Возеҳ намунаи бисёр хуби чунин қазоват мебошад: Ёр темори дили хастаи мо кард?-Накард,
Гузаре ҷониби арбоби вафо кард?-Накард.
Чашмаш аз лутф сўи ғамзадагон дид?-Надид,
Дилаш аз меҳр ба мо майли сафар кард?-Накард.
Соате мўниси ғамхонаи мо буд?-Набуд,
Тарки ҳамсўҳбатии аҳли дуо кард?-Накард.
Бар муроди дили аҳбоб даме рафт?-Нарафт,
Дарди ушшоқи ҷигархора даво кард?-Накард.
Аз парешонии ман зулф туро гуфт?-Нагуфт,
Ё ки тақрири ғамам боди сабо кард?-Накард.
Бар ғами бекасиам ҳеч касе сўхт?-Насўхт,
Аз шиканҷи ситами чарх раҳо кард?-Накард.
Коми Возеҳ фалаки шаъбадабоз75 дод?-Надод,
Раҳм бар вай нафасе баҳри Худо кард?-Накард.
Поёни умри қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ дар Бухоро сипарӣ гардида, ў соли 1894 дар ҳамин ҷо олами фониро падруд гуфтааст. Мероси адабии Возеҳ Дар суханпардозиву иншои насрам нест мисл,Нест касро андарин фазлам маҷоли мункирӣ.
Дар луғоти форсиву туркиву лафзи араб
Бурдам аз майдони маънӣ гўйи сабқу бартарӣ.
Бо вуҷуди ҳамаи мушкилоти зиндагӣ, ноадолатиҳои иҷтимоӣ, тангии маишӣ, нооромиҳои замон қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ тавонистааст аз худ осори гаронарзиш боқӣ гузорад. Возеҳ се забонро: тоҷикӣ, арабӣ ва туркиро хеле хуб омўхта будааст ва бо ин забонҳо эҷод кардааст, вале бисёр афсўс, ки на ҳамаи он осори гаронқадр то ба ин рўзҳо омада расидааст. Аз мероси адабии қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ то кунун чунин асарҳо маҳфуз мондаанд: «Тўҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ул-асҳоб», «Савонеҳ-ул-масолик ва фаросих-ул-мамолик» ё «ғароиб-ул-хабар фи аҷоиб-ус-сафар», «Кони лазат ва хони неъмат». Ин асари қорираҳматуллоҳи Возеҳ дар хусуси тайёр намудани таъомҳои миллӣ, шириниҳо ва анвоъи нон, ки дар миёни мардумони Осиёи Миёна ва ба хусус бухороиён ҷорӣ будааст, маълумоти судманду муфид медиҳад. Асари дигари Возеҳ «Ақоид-ун-нисо» («Эътиқоди занон») ном дошта, дар ин асар урфу одат, расму хурофоте, ки миёни занони нодону нохондаи ватани шоир-Бухоро ҳукмфармо будааст, ҳаҷву танқид карда мешавад.
Ниҳоят, осори манзуми қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, ки аслан бо забонҳои тоҷикӣ, арабӣ ва туркӣ эҷод гардида, қисми зиёди он осор аз миён рафта будааст. ҳоло қисман ба забонҳои тоҷикиву арабӣ маҳфуз мондааст, ки онҳо на дар шакли девон, балки дар шакли парешон, аз сарчашмаҳои асри шоир қисман гирдоварӣ карда шудаанд.
Инчунин баъзе асарҳои дигари ў низ то кунун маҳфуз мондаанд ва ё дастрас нестанд, танҳо унвони онҳоро муаллифони сарчашмаҳо ёдрас кардаанд. Ба силки чунин осор: «Шақоиқ-уд-дақоиқ»-дар тавсифи илмҳо ва олимони ҳамон соҳа, «Ароис-ул-абкор ва наводир-ул-афкор»-асари бадеӣ буда, аз ҳикоёти манзуму мансури мухталифи ба забонҳои тоҷикию арабӣ эҷодшуда иборат мебошанд ва ниҳоят «Тўҳфаи амонӣ», ки оид ба илми тиб аст, дохил мешаванд.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » культура и образование-санъат ва маориф » Литература-Адабиёт » Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ
Страница 1 из 11
Поиск:

Powered by Султанов Баходур Анварович © 2017 Яндекс цитирования Находится в каталоге Апорт Яндекс.Метрика
Поддержать форум на Forum-top.ru