Шамсуддин махдуми Шоҳин - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик

Душанбе

Шамсуддин махдуми Шоҳин - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, ДушанбеШамсуддин махдуми Шоҳин - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе 2012 - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
[2012.09.12][Одежда и обувь для женщин]
Карнавальный костюм мелким оптом, очень дешёво
Наша компания ООО Пекинская Компания по одеждам Лиза. У нас продукты оптом. У нас хэллоуинские, игровые костюмы .карнавальные костюмы, маскарадные костюмы и взрослые костюмы. Кроме карнавалтные платья, у нас ещё есть корсет , клубные платья брендовая одеждаи т.д.
Предлагаем оптом и в розницу карнавальный костюм официантки по очень хорошим ценам в России.подробности по запросу.
  В нашем компании Вы можете выбрать любую понравившуюся вещь и заказать её для примерки. Мы с удовольствим привезем Ваш заказ, С правом выбора понравившихся вам вещей в удобное для вас время.
(0) |Добавил:
fff
Страница 1 из 11
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » культура и образование-санъат ва маориф » Литература-Адабиёт » Шамсуддин махдуми Шоҳин
Шамсуддин махдуми Шоҳин
BonuДата: Среда, 2013.06.05, 21:23 | Сообщение # 1
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Ғазалиёти Шоҳин
Кунад ба шеъри ту, Шоҳин, ақидаи комил,
Касе, ки мухлиси ашъори табъи мавзун аст.
Дар лирикаи Шамсуддин махдуми Шоҳин ғазал мавқеи марказӣ дорад. Ў дар ин ҷода давомдиҳандаи анъанаҳои назми беш аз ҳазорсолаи тоҷик мебошад. Хидмати таърихии ў ҳамчун шоир аз он иборат аст, ки дар заминаи суннат навпардозиву тозакориҳо кард. Аз ин рў, дар лирикаи Шоҳин ва хусусан дар ғазалиёти ў ишқу ошиқӣ, нозу ҷафои маҳбуба, васфи ҳусну ҷамоли маъшуқа, исёнҳои қалбиву садои дилҳои лабрези муҳаббат, ҳолати ошиқи ҳайрону истиғнои маҳбубаи бемеҳр, пойдорию устувории ошиқу ношикебоию аҳдшиканиҳои маҳбуба, муҳаббати қалбию садоқати ошиқ ва носабуриву ҷафопешагии дилбар, азоби ҳиҷрону фироқ, нозбардориву пуртоқатии ошиқу кибру ғурур, фахру таннозии маҳбуба аз мавзўъҳои аввалиндараҷаи ғазалиёти Шоҳин аст. Ба ин маънӣ, «ман»-и қаҳрамони лирикӣ маънии васеътар мегирад. Ба мавзўъҳои иҷтимоӣ: қувват гирифтани зулм, пешгириии ноадолатиҳо, ҳимояи бенавоёну бечорагон, софдиливу раҳмхорӣ, дурандешиву назарбаландӣ ва ғайра бештар ворид мешавад. Дар баробари мавзўъҳои мазкур: васфи табиат ва махсусан манзаранигорӣ, ситоиши баҳорон ва ҷузъиёти пурнафосати ин фасли зебои сол: абрҳои нилгуну мурғобипайкар, пахтамонанду кўҳҷусса, резиши борони найсону шилдир-шилдири обҳои ҷўйборон, вазидани насими субҳу накҳати гулҳои муаттари баҳорӣ, чаҳ - чаҳи булбулону нағмаи гунҷишкҳо, дамидани сабзаҳои махмалину гулҳои гуногунранги дарахтон ва ғайра, ки ин ҳама дар ғазалиёти Шоҳин ҷанбаъҳои қавии иҷтимоӣ мегиранд, ифодагари ҳадафҳои муайяну розҳои гуногунанд. Ин мавзўъҳоро ҷузъиёти дигар: маю бодагусорӣ - ҳамчун рамзи хушгузаронии умр, баҳрабардорӣ аз ҳаёт, дурӣ аз ғаму кулфат ва ноҷуриҳои рўзгорон ва ғайра пурра мегардонад.
Дар баробари инҳо мавзўъҳои боз ҳам қавитари иҷтимоӣ: шикоят аз зулму золимӣ, норизоӣ аз ноадолатиҳову ноодилии зимомдорон, нотавонбинию ҳасудхуриҳо, найрангбозиву мардумфиребӣ, кибру ғурур, бўҳтону дурўғгўӣ ва ғайра низ сахт маҳкум карда мешавад, ки Шоҳин дар ҷузъиёти ифодаву тасвири онҳо низ тозакориҳо дорад. Албатта, дар ғазалиёти Шамсуддин Шоҳин ишқу ошиқӣ, васфи ҷамоли маҳбуба бо кулли ҷузъиёт, ҳолати ошиқ ва саргузашти пурпечутоби ў дар ҷои аввал меистад, ки шоир дар ин ҷода хеле қавипанҷа ва соҳибҳунар аст. Чунончи, ба ин ғазали ишқии шоир рў меорем: Ай, ки аз қадди расо ғояти сарви чаманӣ,
Сарвӣ, ай моҳ, ба қад, лек ба ораз суманӣ.
Лабу дандони ту, ай сарвқади симандом,
Беҳтар аз лаъли Бадахшониву дури аданӣ.
Гуфтамаш шонасифат панҷа ба зулфи ту занам,
Ханда зад, гуфт: Илоҳӣ ба бало панҷа занӣ.
Турки ман дўш ғазаб карду бигуфт: «ўлдураман»,
Гуфтам оҳиста ба гўшаш, ки киро? Гуфт: Санӣ.
Кард хосияти лаъли лаби ҷонон, Шоҳин,
Тўтии табъи маро шўҳра ба шаккар шиканӣ. Ғазали боло ишқӣ буда, дар он симои маҳбуба аз ҳар ҷиҳат: рўй, лабу дандон, қаду баст, мўю зулф, инчунин олами ботинии дилбар: оташин шудану ғазаб кардан, хандаи зоҳирӣ намудану қасди ҷон доштан ва ғайра басо зебою дилкаш, гуворову ҷолиб, ҷаззобу назаррабо ба тасвир гирифта шудааст. Тасвирҳо низ ўҳдабароёна ва мувофиқи ҳадафанд. Бо мақсади кор гирифтан аз хусусиятҳои шаклӣ низ ғазали зикршуда ҳунармандона мебошад. ғазал радиф надорад, вале қофияҳои он хеле ҷолибанд ва ҳатто калимаи ўзбекӣ низ ҳамқофия оварда шудааст, ки аз забондонии шоир дарак медиҳад.
Дар ғазали боло калимаҳои чаманӣ, суманӣ, аданӣ, занӣ, санӣ, шаккаршиканӣ ҳамқофияанд. Решаи қофия дар шакли -анӣ буда, «н» ҳарфи равӣ ва ҳарфи «ӣ» васл аст. қофия аз нигоҳи навъии он мутлақ мебошад.
Аз нигоҳи коргирӣ аз вазн бошад, ғазали мазкур дар баҳри Рамали мусаммани махбуни маҳзуф иншо шудааст ва шакли афоъили он чунин аст:
- v - - / v v - - / v v - - / v v –
- v - - / v v - - / v v - - / v v –
яъне, фоъилотун, фаъилотун, фаъилотун фаъилун.
Аз нигоҳи ҷилои ҳунарӣ бошад, шоир бо ёрии санъатҳои шеърӣ: таносуби сухан-чаман, сарв, суман; даҳон, лаб, дандон, гуфтан, лаъли лаби ҷонон, шаккаршиканӣ ва ғайра истиора-эй моҳ, турки ман, сарвӣ ва монанди инҳо. Умуман санъатҳои ташбеҳ, нидо, тавсиф, муболиға, ширу шакар, суолу ҷавоб, ташхис ва ғайра истифода гардидаанд, ки хеле гуворову мақбулу матлубанд. Онҳо барои тасвири зебоиҳои дилбар, ҷузъиёти ҳусни ў, олами ботинӣ, офаридани хулқу атвор, муносибату гуфтори вай, адаби муомила ва шахсияти қаҳрамони лирикӣ ва ғайра истифода шудаанд.
Аз мутолиаи ғазал маълум мешавад, ки шоир хеле маҳорату дониш, истеъдоду ҳунар, завқу салиқа, табъу тавони воло дошта, аз ин суннати адабӣ ва таърихи пайдоишу рушду инкишофи ғазал ва саромадани он: Саъдии Шерозӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Хусрави Деҳлавӣ, ҳасани Деҳлавӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, ҷомӣ, ҳилолӣ ва Бедил басо хуб бехабар мебошад.
Дар ғазалиёти Шоҳин маҳбуба бештар яклухт баҳо дода намешавад. Шоир ин образи лирикиро хеле эҳтиёткорона ва бо ҷузъиёти симои зоҳирӣ ва олами маънавии ў ба тасвир мегирад. Барои мисол ба ғазали зерин рў меорем ва мебинем, ки қаҳрамони лирикӣ-ман, мани эҷодкор, мушоҳидакор, ҳунарманд, донишманд низ ҳаст. Ҳама аҷзои ту хубу ҳама аъзои ту хуш,
Ҳама ҷои ту ба хубӣ зи ҳама ҷои ту хуш.
Нест сарве ба чаман чун қади раънои ту хуб,
Нест моҳе ба фалак чун рухи зебои ту хуш.
Хуштар аз ҷон набувад тўҳфа агар фармоӣ,
Кунам ин тўҳфаи хуш назри кафи пои ту хуш.
З-он чунон зиндагие, к-аз ту ба ҳирмон гузарад,
Ба ту савганд, ки мурдан ба таманнои ту хуш.
Хуш бувад таъми шакар, лек ба коми ман аз ўст,
Заҳрханде зи лаби лаъли шакархои ту хуш.
ҳама дилбастагии хуш ба яке дораду ман,
Бастаам дил ба ҳама зулфи сумансои ту хуш.
Пеши он моҳ бинеҳ ҷону дилу сар, Шоҳин,
То кадомин кунад аз ин ҳама колои ту хуш.
Ғазали зикршуда бо тақозои мавзўъ, мазмуну мўҳтаво ишқӣ буда, дар он симои маҳбуба ҳам куллӣ ва ҳам ҷузъ-ҷузъ васф карда мешавад. Ҳадаф аз аъзо ҷузъиёти аъзост. Зеро ҳар аъзо дар навбати худ, аз маҷмўи ҷузъҳо иборат аст. Аз ин рў, шоир ҷузъҳоро алоҳида ва узвҳоро ҷудогона ба тасвир гирифтааст. На моҳи осмон мисли рўи ёр асту на сарви чаман монанди қади ў. Шакар сарчашмаи шириниҳост, вале коми шоир на аз ў, балки аз лаъли лаби ёр ширин аст. Касон бо ҳар чизе дилбастагие доранд, вале шоир ба зулфайни сумансои ёр дилбаста мебошад. Аз ин рў, аз ҷон хуштаре барои инсон ва азизтаре дигар вуҷуд надорад. Қаҳрамони лирикии шеър-ошиқ розест, ки онро нисори кафи пои маҳбуба созад. Зеро зиндагӣ бидунӣ ў бемаъност. Байтулавҷи шеър бо байти тахаллус якҷо эҷод гардида (дар ғазали боло), шоир зимни он се узве, ки бе ҳар кадоми онҳо инсон наметавонад зинда бошад, ба маҳбуба пешниҳод месозад, то кадоми онҳоро ихтиёр кунад. Ин аст, ки ғазали мазкур дар ғояти шевоию равонӣ, салисиву ширинӣ, гувороиву дилнишинӣ, марғубиву мақбулӣ эҷод шудааст.
Аз нигоҳи коргирии ҳунар низ ғазал басо ҳунармандона мебошад. Шоир тасвирҳои лирикиро тавассути санъатҳои шеърии таносуби сухан, ташбеҳ, истиора, муболиғаву иғроқу ғулув, маҷозу рамзу киноя, тавсиф ва ғайра хеле ва хеле ўҳдабароёна ба кор мебарад. Дар натиҷа баёнаш-гуворо, тасвирҳо-зебову дилнишин, ҷобаҷогузории калимаҳо, ибораҳо мувофиқи табъ ва мазмунсозиву маъниофаринӣ басо устодона мебошад. Чунин ҳунари эҷод, албатта на ба ҳар адиби қаторӣ даст медиҳад. На ҳар эҷодкори хоҳишдошта метавонад бо чунин санъату бо чунин ҳунари эҷодӣ асари санъату адабиётро таълиф намояд. Аз тарафи дигар, агар Шамсуддин Шоҳин шоири камҳунару пастистеъдод мебуд, бо саромадони жанри ғазал, шоирони дараҷаи аввали таърихи адабиёти форс-тоҷик пайравӣ намекард. ҳол он ки худи пайравӣ, дар навбати аввал омўзиш, мутолиа, ҷустуҷў аст. Шоир барои он ки пайравӣ кунад, онро хуб меомўзад.
Аз ҷиҳати хусусиятҳои шаклӣ низ ғазали боло ҷолиб мебошад. ғазали зикршуда мураддаф буда, радифи он мураккаб («ту хуш») аст. Радиф дар ин ғазал дар баробари таъкиди маънову мақсад, бештару зиёдтар бори ғоявӣ мекашад. Мақсади шоир дар ҳадди баланд васф намудани маҳбуба буда, аъзову аҷзои васфшавандаро бо беҳтарин шабеҳот, ҷолибтарин қиёсҳо, накўтарин хисол мехоҳад ҷилва бидиҳад, то писанди омма бошад. Аз ин рў, бештар меҷўяд, меомўзад, муқоиса мекунад ва натиҷа мегирад. Дар мантиқи оддии ифода ҳунару дониш, маҳорату истеъдод, санъату заковати худро ба намоиш мегузорад. То хонанда қазоват кунад, ки асари санъат барои ў чӣ арзише дорад ва оё қалби ўро тасхир мекунад?! Радифи мураккабе, ки Шоҳин барои ғазали боло пайдо кардааст, ана ҳамин гуна ҷанбаъҳо, таъкидҳоро фаро гирифтааст. Аз ин рў, маҳз радифи мазкур ба ғазал оҳанги хубу марғуб низ дода тавонистааст. Дарёфти қофияҳо низ дар ғазали мазкур хеле ҷолиб ва ҳунармандона мебошад. Дар ғазал калимаҳои аъзои, ҷои, зебои, пои, таманнои, шакархои, сумансои, колои бо ҳамдигар ҳамқофия шудаанд. Кофияҳо аз рўи навъ мутлақ буда, дар калимаҳои ҳамқофия ҳарфи равӣ «о» мебошад ва пас аз равӣ унсури дигар - васл омадааст. ҳадаф ваҳдати мавзўъ ва таъмини адои хуш дар ғазал аст. ғазали мазкур аз нигоҳи интихоби вазн ҳам хеле ҷолиб мебошад. Зеро дар баҳри Рамали мусаммани махбуни маҳзуф иншо шудааст, ки шакли афоъили он чунин аст:
- v - - / v v - - / v v - - / v v -
- v - - / v v - - / v v - - / v v -
Яъне: фоъилотун/ фаъилотун/ фаъилотун/ фаъилун
Яке аз тозакориҳои Шоҳин дар мавзўъ ва мазмуну мўҳтавои ғазалсароӣ он аст, ки баёни шоир дар пурсўзтарин ғазалҳо ҳам, то андозае ҷанбаи зарофат касб мекунад. Ў ғазалҳои басо пурсўзу оҳро бо як тарзу усули ба худ хоси шўхиангезу зарифона мавриди эҷод қарор медиҳад, ки дар ғояти салосату ҷазолат ва дилкашиву гўшнавозӣ мебошанд. Чунин тарзи баёни шоир то ба ҳадде устодона аст, ки ба мавзўи марказии ғазал-ишқу исёнҳои қалбӣ заррае ҳам мухолиф нест, ҳадафи қаҳрамони лирикиро халалдор намекунад. Масалан, ғазали зерин далели гуфтаҳои болост: Қурбони лаби лаъли шакархои ту гардам,
Мафтуни хати ғолияпирои ту гардам.
Лаб мегазӣ, ай шўх, надонам, ки чӣ гўӣ,
Аз нозукии тарзи адоҳои ту гардам.
Як ҷои ту тахсис ба гаштан натавон кард,
Ай, ман ба ту шайдо, зи ҳама ҷои ту гардам.
ҷон назри саропои ту гуфтам ба шаби васл,
Рухсат бидеҳ акнун зи саропои ту гардам.
Гуфтӣ, ки ба Шоҳин занадам дарду балоҳо,
Кай мезанад, аз дарду балоҳои ту гардам.
Ғазали мазкур аз нигоҳи мавзўъ ва мазмуну мўҳтаво ишқӣ буда, симои маҳбуба ҳамчун образи лирикӣ аз калимаи нахустини мисраи аввал маълум мешавад. Ошиқ танҳо барои лаби лаъл худро қурбон кардан мехоҳад. Зеро мафтуни абрувону гесувони ғолияпирост. Лаб газидани маҳбуба – киноя аз рондани ошиқ ва огаҳӣ аз ағёр аст. Вале инро ошиқ назокати адо меҳисобад. Умуман, маҳбуба таннозу саркаш, бемеҳру бемурувват аст. Ошиқ бовафову устувор, ростқавлу фидоӣ мебошад, вале ҳанўз соҳибихтиёр нест. Чунин ҳолати қаҳрамони лирикӣ хоси ғазали аср буда, дар жанрҳои достонӣ ( ҳатто дар эҷодиёти худи Шоҳин) вазъият дигархелтар аст. Яъне ошиқ нисбатан бепарво ва ҳар чӣ бодобод аст.
Аз ҷиҳати хусусиятҳои шаклӣ низ ғазали боло ҷолибу матлуб аст. Радифи ғазал мураккаб буда, аз ду калима фароҳам омадааст: «Ту гардам». Аз моҳияти маъноии радиф пайдост, ки ошиқ саргардону овора аст. Пас радифи ғазали боло дар баробари таъмини хушоҳангию равонӣ, инчунин бори ғоявӣ бар дўш дорад. қофияҳои ғазали боло низ ҷолиб буда, калимаҳои шакархо, ғолияпиро, адоҳо, ҷо, саропо, балоҳо ҳамқофия шудаанд. ҳамаи калимаҳои ҳамқофияи боло бандаки изофии «и» доранд. Дар калимаҳои мазкур ҳарфи решагии қофия «о» буда, аз рўи хелҳои қофия мутлақ аст. ғазали мазкур дар баҳри ҳазаҷи мусаммани ахраби макфуфи маҳзуф иншо шудааст. Шакли афоъили ғазал чунин аст:
- - v / v - - v / v - - v / v - -
- - v / v - - v / v - - v / v - -
яъне: мафъўлу мафоъӣлу мафоъӣлу фаъўлун.
Вазни мазкур яке аз маъмултарин авзон дар эҷоди ғазал ва ба хусус ғазалҳои ишқӣ ба шумор меравад.
Дигар аз хусусиятҳои ғазалҳои Шоҳин аз он иборат аст, ки вобаста ба авзои сиёсӣ-таърихии замон оҳангҳои шиквоӣ, ҳасбиҳолӣ нисбатан қувват мегирад. Албатта, баландтарин нуқтаи чунин оҳангҳо ҳанўз дар асри XIII ба назар мерасанд. Эҷодиёти Сайфи Исфарангӣ, Сайфи Фарғонӣ, Камоли Исмоил ва дигарон оҳангҳои бисёр қавии иҷтимоӣ доранд. Вале бунёди оҳангҳои иҷтимоии ин давра дар эҷодиёти Шамсуддин Шоҳин комилан дигар хел аст.
Тозакориҳои Шоҳин пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки ноҷуриҳои рўзгор, ноадолатиҳои зимомдорон, зулму золимӣ, бухлу ҳасад, яъсу ноумедиҳо, нокомиҳо ва ғайра дар омезиш бо мавзўъҳои ишқӣ хеле дилнишину гуворо ва басо ҳунармандона рўи кор омадаанд. Муҳимтар он аст, ки ошиқ ноком ва маҳбуба комёб мебошад. Чунончи: Касе чу ман набувад дар ҷаҳон нишони фироқ,
ҳазор тири бало хўрда аз камони фироқ.
Нахуст рўз, ки ошиқ шудам ба завқи висол,
Набуд дар дили ман ҳеҷ аз ин гумони фироқ.
Чӣ сон ба ғунчаи табъам шукуфтагӣ бахшад,
Баҳори васл, ки дорад зи пай хазони фироқ.
ҳаёти ман ҳама вобаста бар висоли ту буд,
Аҷал, биё, ки кунун мерасад замони фироқ.
ҳамон наволаи заҳри аҷал бувад, Шоҳин,
Нахуст тўъма, ки гирӣ агар зи хони фироқ.
Дар ғазали боло ба ҷои висол фироқ пеш омадааст, ки хеле ҷонгудоз, дилхарош, ҷигарсўзу синакабоб аст. Ин ҳама шўридагию сўзи ошиқро баландтар намуда, баръакс маҳбуба ҳамфикру қарини рақиб мебошад. Ошиқ ҷонибдори висол аст, вале маҳбуба дўстдори ҳаҷру фироқ. Ошиқ ҷидду ҷаҳд дорад, ки висолро дарёбад, вале маҳбуба гурезпо ва фироқҷуву ҳиҷронхоҳ аст. Аз ин рў, ошиқ ғарқи яъсу нокомиҳо ва навмедиву номуродиҳост, вале маҳбуба бераҳму золимтабиат ва бемеҳру бевафо мебошад. Ошиқ ягона илоҷи воқеаро дар шикваю ноилоҷӣ дармеёбад, вале маҳбуба бепарвою фориғбол аст. Ин аст, ки Шамсуддин Шоҳин баҳри таъкиди маъно ва таъсирпазирии мазмуни ғазал фироқро ҳамчун радиф интихоб кардааст. Ў фироқро хазони умр ва висолро баҳори ҳаёт меномад, ки дар маъниофарӣ падидаи тозаву ҷолиб аст. Аз нигоҳи бадеиёт ва ҷанбаъҳои ҳунарӣ низ ғазали боло хеле хушоянда аст. Дар ғазали зикршуда санъатҳои бадеии таносуби сухан, тазод, муболиға, иғроқу ғулув, ташбеҳ, тавсиф, киноя, маҷоз ва ғайра басо ҳунармандона истифода шудаанд.
Унсурҳои шаклии ғазали зикршуда: қофия, радиф, матлаъ, мақтаъ, истифодаи тахаллус, интихоби вазн ва ғайра низ матлуб аст. ғазал дар баҳри Муҷтасси мусаммани махбуни маҳзуф ё мақсур иншо шудааст, ки афоъили он чунин мебошад:
v - v - / v v - - / v - v - / v v ~
яъне: мафоъилун, фаъилотун, мафоъилун, фаъилон.
Аз нигоҳи радифу қофия бошад ғазали боло боз ҳам ҷолибтар аст. Зеро ғазали мураддаф бо он характернок аст, ки дар матлаъ алакай мазмуну мўҳтаво ва моҳияту мақсад аз эҷоди он барои хонанда комилан маълум мегардад. Чунки тавассути радиф таъкиди маъно ва шаҳомати ғоявии ғазал ба намоиш гузошта мешавад.
Радифи ғазали боло аз нигоҳи шакл радифи сода аст. ғазали мазкур аз нигоҳи қофия ҳам ҷолиб мебошад. Дар он калимаҳои нишони, камони, гумони, хазони, замони, хони ҳамқофия буда, шакли қофия муқайяд мебошад. Дар калимаҳои қофияшуда ҳарфи равӣ «н» буда, пас аз равӣ ҳарфи дигаре наомадааст. Калимаҳои қофияшаванда ҳам ҳадафи муайян доранд, ки ҳолати қаҳрамони лирикиро ифода менамоянд. Зеро нишони фироқ, камони фироқ, гумони фироқ, хони фироқ ҳамагӣ ибораҳое ҳастанд, ки ҳолати рўҳӣ ва ҳадафу мақсади қаҳрамони лирикиро ифода кардаанд. ҳолати мазкур қариб дар ҳамаи ғазалҳои Шоҳин ба мушоҳида мерасанд. Вобаста ба авзои замон ва муҳити зиндагии Шоҳин қаҳрамони лирикии ғазалҳои ў, хусусан ошиқ парешону нотавон, ноилоҷу шикастадил аст. Шикояти Шоҳин тадриҷан дар баъзе ҳолатҳо оҳангҳои эътирозӣ низ гирифтаанд: Ҳама чун куштаи теғи ту шуд инак, Шоҳин,
Биниҳод аз сари таслим ба поят гардан.
Ҳамаро куштӣ, агар мекушиям, зуд бикуш,
То бубинам, ки маро кушта чӣ хоҳӣ кардан.
Шикояти қаҳрамони лирикӣ аз омилҳои сиёсию иҷтимоии ҷомеъа, аз ноўҳдабароии зимомдорон нест, бошад ҳам хеле ҷузъӣ аст. Ў бештар аз тақдиру аз саршавишт, аз чархи гардун шиква дорад. Чунончи: То кай, ай чархи муарбад, зи паи кинаи ман,
Фитнаи даҳр барангезиву ошўби замон.
Ё худ:
Бар далели дониши ман гўш нанҳод осмон,
Варна бар даъвии худ чандин ривоят доштам.
Дар баъзе мавридҳо шоир зиндагии хешро дар ҳадди интиҳо мебинад, ки нишони лашкари ғаму кулфатҳои рўзгор шудааст. Дар чунин ҳолат ба Офаридгор муроҷиат мекунад, ки дигар ба зимомдорон боварӣ надорад: Ҷаҳонпарвардигоро, нотавонам,
Ягона нотавоне дар ҷаҳонам.
Яке мурғам ҷудо аз ошёна,
Зи ҳар сў новаки ғамро нишона.
Ба дўшам баски бори ғам нишастаст,
Сарам бар дўши зону нақш бастаст.
Чӣ бадбахтам, ки ҳар сўе ниҳам рўй,
Зи оби дида бинам пеши рў чўй…
Чунин оҳангҳои қавии иҷтимоӣ дар ашъори Шоҳин кам нестанд. қариб дар ҳамаи шаклҳои шеърии эҷодкардаи шоир шиква аз гардиши айёму чархи тезрав ба назар мерасад. З-ин сон, ки хоҳиши даҳр ҷуз шўру шар набошад,
Бадтар дар ин замона айб аз ҳунар набошад.
Дар баъзе ҳолатҳо андешаҳои ў то андозае ба ақидаҳои Аҳмади Дониш шабоҳат пайдо мекунад. Аз ин монандӣ метавон чунин натиҷа гирифт, ки ин ҳолат пас аз мутолиаи «Наводир-ул-вақоеъ» рух додааст: Ҳар давлате, ки бинам, омодаи завол аст,
Дар даҳр бо чунин ҳол будан басе маҳол аст.
Ҳасби ҳол ва оҳангҳои баланди иҷтимоӣ дар ғазалиёти Шоҳин каме ба ҷилои нав ва хос садо медиҳанд. Шоҳин тавассути чунин оҳангҳои ҷасуронаи шикоятиву ҳасбиҳолӣ на танҳо ҷомеаи онрўзаи феодалиро танқид менамояд, балки сарварону зимомдорони вақтро низ сахт мазаммат мекунад: Ман он гулам, ки зи ошўби бесуботии даҳр
Накарда тоза димоғи касе, хазон шудаам.
Ба ҳеҷ боб маро нест рўи хурсандӣ, ҷуз ин қадар ки ғуломи шаҳи ҷаҳон шудаам.
Оҳангҳои ҳасбиҳолӣ ва шиквоию танқидии ашъори Шамсуддин Шоҳин арзишманд низ ҳастанд. Зеро мо пеш аз ҳама рўзгори зиёиёни эҷодкор, табақаҳои дигари иҷтимоӣ ва умуман мардумро дар давраи муайяни таърихӣ меомўзем. Аз тарафи дигар, хонанда муносибати эҷодкоронро бо зимомдорон, бо шахсиятҳои сиёсӣ ва пеш аз ҳама, шоир ва шоҳро пай бурда метавонад. ҳолати мазкур барои баҳо додан ба адабиёти давр ва муайян намудани арзишҳои адабӣ мусоъидат менамояд. Эҷодиёти Шоҳин аз он шаҳодат медиҳад, ки ў дар нимаи дуюми асри XIX яке аз намоёнтарин симоҳои адабиёти тоҷик будааст.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.

Сообщение отредактировал Bonu - Среда, 2013.06.05, 21:24
 
imomov_rДата: Четверг, 2013.07.04, 12:18 | Сообщение # 2
Лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 87
Награды: 3
Репутация: 3
Статус:
Дилам ҳамчу минқори булбул ду ним аст,
Ки домони он гул ба дасти насим аст.
Туро з-он қаду кокулу зулф ҷоно,
Алиф дар миёну зи ду нуну ҷим аст.


Сообщение отредактировал imomov_r - Четверг, 2013.07.04, 12:19
 
gulijonДата: Понедельник, 2014.08.11, 09:29 | Сообщение # 3
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Сухан ҳар он чи ки хуштар бувад,манаш гуфтам,
Гуҳар ҳар он чи ки беҳтар бувад, манаш суфтам.
Вале иї суд, ки умрам ба ғунчги бигзашт,
Ба бод рафтаму чун гул ба боғ нашкуфтам.
Надидам ин ҳама ҳосил зи рўзгори вучуд,
Чуз ин қадар, ки ба шоми адам фурў хуфтам.
Набаста сурати чамъияте ба худ Шоҳин,
Зи тундбоди ачал чун ғубор ошуфтам.


Худованд собиронро дуст дорад

Сообщение отредактировал gulijon - Понедельник, 2014.08.11, 09:32
 
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » культура и образование-санъат ва маориф » Литература-Адабиёт » Шамсуддин махдуми Шоҳин
Страница 1 из 11
Поиск:

Powered by Султанов Баходур Анварович © 2017 Яндекс цитирования Находится в каталоге Апорт Яндекс.Метрика
Поддержать форум на Forum-top.ru