Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик

Душанбе

Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, ДушанбеХоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе 2012 - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
[2011.11.13][Омар Хайям]
Кто губам прекрасным улыбку беспечную дал,
Кто в удел скорбящим печаль сердечную дал?
Пусть он не дал нам счастья, - довольно с нас и покоя,
Ибо многим он слезы и муку вечную дал.
(Перевод: В.Державина)
(0) |Добавил: Лана
fff
Страница 1 из 11
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » культура и образование-санъат ва маориф » Литература-Адабиёт » Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ (Ҳайёт ва фаъолияти эҷодии шоир)
Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ
gulijonДата: Четверг, 2013.03.28, 08:07 | Сообщение # 1
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Хоҷа Абуисмоил Абдуллоҳ ибни Мансурмуҳаммад 10 майи соли 1006 ҳиҷрии қамарӣ дар дар мавзеъи Кўҳандизи Ҳирот таваллуд ёфтааст. Ў шоир, нависанда, ориф ва фақеҳи машҳури исломӣ буда, бо лақаби Пири Ҳирот ва Шайхулислом шўҳратманд аст. Забони арабиро дар кўдакӣ ёд гирифта, улуми фиқҳ, тафсир, ҳадис ва илми адабро дар мадрасаҳои Ҳирот ва Нишопур фаро гирифтааст. Имом Шарифи Марғазӣ дар фиқҳ устодаш буд. Ҳадисро дар Ҳирот дар назди донишманди маъруфи исломӣ Абулфазл Муҳаммади Ҷорўдӣ омўхтааст. Илми тафсир ва ҳадисро дар назди Хоҷа Яҳёи Аммор ба ниҳоят расонид. Соли 1020 ҳиҷрии қамарӣ бо Абуабдуллоҳи Тоқӣ, ки аз бузургони мазҳаби ҳанбалӣ буд, вохўрда, фиқҳи ҳанбалиро фаро гирифт. Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ дар эътиқодот дар аввал пайрави аҳли калом буд.
Ҳазрати Ансорӣ шаҳру вилоятҳои Хуросону Эронро сайру сайёҳат намуд, муддатҳо дар Балх, Нишопур, Рай, Тўс, Бистом ва ғайра истиқомат кард ва илму маърифат ва дониши худро такмил дод. Ў дар Рай бо суханвари маъруфи сўфимашраб Бобо Кўҳӣ вохўрда, дар Нишопур ба мулоқоти Абусайиди Абулхайр мерасад. Ниҳоят дар бисту ҳафтсолагӣ бо донишманди исломӣ ва сўфии машҳур Абулҳасани Харақонӣ вохўрд. Пас аз ин аз гирдоварӣ, тавҷеҳи ҳадис ва таълимоти калом даст мекашад. Вай соли 1080 бо номи «Заммул ва аҳлиҳи» («Дар мазаммати калом ва аҳли он») асаре навишта, таълимоти ашъариро роҷеъ ба калом зери танқид гирифт ва онро бидъату ботил шуморида, бар зидди мўътазила низ қиём кард. Хусусан тафсири ақлонии Қуръони маҷидро напазируфт, зеро ба ақидаи ў мувофиқи далелҳои созгори ақли инсон шарҳ додан, дараҷаи раббонии онро паст кардан будааст. Ошноӣ бо Абулҳасани Харақонӣ ўро дар дар ҷодаи тасаввуф устувор ва росих гардонид ва аз ин ҷиҳат мухолифати вай бо аҳли калом ва ҳанбалиён шиддат гирифт. Соли 1049 ҳиҷрии қамарӣ Хоҷа Абдуллоҳи Ансориро ба зиндон партофта, дар зиндони Фушанҷи Ҳирот нигоҳ медоранд. Бо ҳамин сабаб боз ду бори дигар вайро зиндонӣ ва се бор табъид (бадарға) мекунанд, вале аз ин азияту маҳкумиятҳо эътиқоди ў ба тасаввуф коста нагардид.
Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ ду бор ба ҳаҷ рафта, ба зиёрати Каъбатуллоҳ мушаррраф мегардад. Бояд гуфт, ки эшон аз зумраи сўфиёни эътидолӣ буд ва шариъату тариқатро аз ҳамдигарашон ҷудо накарда, онҳоро дар роҳи дарёфтани ҳақиқат тавъам мешуморид.
Пири Ҳирот дар соли 1088 ҳиҷрии қамарӣ дар зодгоҳаш дунёи фониро тарк намуд ва ба раҳмати Худованди мутаъол пайваст. Оромгоҳаш дар мавзеъи Гозургоҳи ҳамин шаҳр воқеъ гардидааст.
Абдуллоҳи Ансорӣ ба забонҳои форсӣ ва арабӣ таълифоти зиёде дорад, ки қисми зиёди онҳо то замони мо омада расидаанд. «Илоҳинома», ки бо номҳои «Муноҷот» ва «Малфузот» низ машҳур аст, «Ганҷнома», «Қаландарнома», «Рисолаи дилу ҷон», «Канзу-л-соликин», «Зоду-л-мусофирин», «Муҳаббатнома», «Рисолаи ворин», «Ҳафт ҳисор», «Сад майдон», «Насоеҳ», «Табақоту-с- сўфия», « Манозилу-с - соирин» (бо ин унвон ду асар дорад, яке ба форсӣ ва дигаре ба тозӣ) , «Заммул калом ва аҳлиҳи» ва ғайра аз осори пурарзиши Пири Ҳирот ба ҳисоб меравад. Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ бештар аз шаш ҳазор байт шеъри арабӣ сурудааст, ки мутаассифона, аз ин миқдор ба ҷуз чанд пора чизи дигаре боқӣ намондааст.
Аз осори ба забони форсӣ навиштаи Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ «Канзу-л-соликин», «Зоду-л-мусофирин», «Муҳаббатнома», «Сад майдон», «Табақоту -с- сўфия», «Анису-л-мурид ва шамсу-л-маҷолис» (Қиссаи «Юсуф ва Зулайхо» дар чаҳордаҳ маҷлис ба наср навишта шудааст) ва ғайра ба шумор меравад.
Аз Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ девони алоҳидаи ашъор ба забони модариаш – форсии дарӣ боқӣ намондааст, вале зимни осори насрии ў ғазал, рубоӣ, қитъа ва дигар анвоъи шеър ба назар мерасад. Осори назмии ў самимиву равон ва аз лиҳози бадеъият ва тарзи баён ба таронаҳои мардумӣ хеле шабоҳат доранд. Хоҷа Абуллоҳи Ансорӣ дар ашъори орифона ва сўфиёнаи худ ба ороиши маснўъи шеър, ки хоси суханварони дарбор буд, накўшида, ба ҷойи шўру шавқи рамзии қасоиди дарбориву мадҳӣ эҳсосоти гарму нарми инсониро бо шавқу завқ баён намудааст, таваҷҷўҳи ҳар як хонандаро ба худ чун оҳанрабо мекашад ва дар ниҳодаш маъво мегирад. Инак, чанд пора шеъри Пири Ҳиротро чун намуна аз осори арзиманди эшон пешкаши хонандагони гиромӣ мегардонем:

Эй, ки ту мағрури бахту давлати фархундаӣ,
Хоҷаи соҳибсариру мафраши огандаӣ.
Эй, ки хуршедӣ ба сурат ё ки Ҷамшедӣ ба ҳусн,
Ё чу Зўҳра чеҳра дорӣ ё чу маҳ тобандаӣ…
Гарчи Шаддодӣ, валекин нестӣ эмин зи марг,
Ҳеҷ кас гуфтаст бо ту то абад пояндаӣ?
Гар амирӣ ҳам бимирӣ, Пири Ансорӣ бидон:
Хоҷагӣ аз ту назебад, сар бинеҳ, чун бандаӣ.


Худованд собиронро дуст дорад
 
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » культура и образование-санъат ва маориф » Литература-Адабиёт » Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ (Ҳайёт ва фаъолияти эҷодии шоир)
Страница 1 из 11
Поиск:

Powered by Султанов Баходур Анварович © 2017 Яндекс цитирования Находится в каталоге Апорт Яндекс.Метрика
Поддержать форум на Forum-top.ru