Рустами Ваҳҳоб. - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик

Душанбе

Рустами Ваҳҳоб. - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, ДушанбеРустами Ваҳҳоб. - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе 2012 - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
[2011.10.02][Омар Хайям]
Вы, злодейству, которых не видно конца,
В Судный день не надейтесь на милость Творца!
Бог, простивший не сделавших доброго дела,
Не простит сотворившего зло подлеца.
(Перевод: Г.Плисецкого)
(0) |Добавил: Лана
fff
Страница 1 из 11
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » культура и образование-санъат ва маориф » Литература-Адабиёт » Рустами Ваҳҳоб.
Рустами Ваҳҳоб.
BonuДата: Четверг, 2016.04.14, 09:06 | Сообщение # 1
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Рустами  Ваҳҳоб.

Дар  нохияи  Точикобод  дар  дехаи  Капали  ба  дунё омадааст.Китоби  нави  шоир  бо  номи       "Шаҳри Хуршед",  аз   чоп  баромад.Шаҳриёри "Шаҳри Хуршед" Рустами Ваҳҳоб кист? Ӯ муҳаққиқи борикбини адабиёти форсии тоҷикӣ ва шоири муваффақ аст.
Рустами Ваҳҳоб даъво ва парвои мансабу вазифа ва унвону мукофот надорад ва ин, ки ӯ дар сарсухани ин матлаб ҳамчун Президенти "Шаҳри Хуршед" муаррифӣ гардид, ба он хотир аст, ки ӯ дар ҳақиқат бунёдкори "Шаҳри Хуршед" аст. Рустам "Шаҳри Хуршед"-ашро аз солҳои донишҷӯӣ то имрӯз месохт ва агар замоне дар он шаҳр танҳо мезист, имрӯз, яъне баъди чоп шудани китоб, танҳо нест, хонандагонаш "шаҳрвандон"-и "Шаҳри Хуршед"-анд.
Рустам номи рустояшро баргирифта аз номи фа-риштаи бостонии баракат ва фаровонӣ - Капила тахмин мекунад ва ба ривояти мардумӣ ҳам, ки "Капаи Алӣ" мегӯянд, эҳтиром дорад.
Рустами Ваҳҳобро бори аввал моҳи сентябри соли 1982 дида будам. Он замон мо донишҷӯи соли аввали факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон будем. Вақте ки ҳангоми танаффус ба долон баромадем, як нафар донишҷӯе, ки дар назди тиреза (агар ба форсии тоҷикӣ "панҷара" нависам, эҳтимол дорад, ки баъзе хонандагон панҷараҳои атрофи биноро тасаввур кунанд, ҳарчанд ки он замон перомуни биною боғҳо панҷараҳо вуҷуд надоштанд) китоб мехонд, диққати маро ҷалб кард. Ӯ ба мутафаккир мемонд ва тарзи хонданаш на хондани сарсарӣ, балки мутолиа буд. Дар вақти танаффусҳои дигар ҳам мушоҳида кардам, ки ӯ ба монанди дигар донишҷӯён ба шӯхию бозию сигору носкашӣ машғул набуда, мутолиа мекунад. Донишҷӯёни огоҳ ба пурсиши кунҷковонаи ман посух доданд, ки он шахс донишҷӯи соли панҷум Рустами Ваҳҳоб аст. Баъди ин кӯшиш мекардам, ки ба ӯ монанд бошам.
То ин замон агар донишҷӯи идеалиро тасаввур карданӣ шавам, дар пеши назарам симои ҳамонвақтаи Рустам меояд ва Донишгоҳи азизамонро бидуни Рустами Ваҳҳобу муаллимони донишмандамон Раҳими Мусулмониён, Мукаррама Қосимова, Худоӣ Шариф, Абулҳай Маҳмадаминов тасаввур карда наметавонам.
То соли 1988 намедонистам, ки Рустам шеър мегӯяд, ҳарчанд ки донишҷӯён дар ғайбаш ӯро шоир мегуфтанд. Ӯ дар "Шаҳри Хуршед" хоксорона мегӯяд:

Чун барам қатра бар он қавм, ки Кавсар дорад,
Чӣ кунад ҳарфи маро он, ки Паямбар дорад.
Соли 1988 Рустам ҳангоми сӯҳбати ду ба ду чанд варақ коғази чопиро супорида, шарҳ дод, ки шеъри нав гуфтааст. Он "Соқинома" буд, ки дар маҷмӯаи "Шаҳри Хуршед" интишор шудааст.
Рустам чуноне ки ишора шуд, аз носу сигору нӯшокиҳои сархушкунанда дар парҳез аст ва муроҷиати ӯ ба соқӣ муроҷиати суннатӣ буда, манзураш аз май бода нест:

На бодаст ин май, ки хуни дил аст,
Ҳама дурди дарди даруни дил аст.

Соқии Рустам ҳамон шахси идеалии дардошно ва дӯсти наздиктарин аст, ки бо дарди дили шоир ошност:
Бидеҳ, соқӣ, он оби афшурдаро,
Зи нав зинда кун ин дили мурдаро.
Маро бо ту ҳарчанд миқдор нест,
Ҳарифе дигар ҳам сазовор нест.
Биёвар чунон бодаи хушгувор,
Ки гар маст нӯшад, шавад ҳушёр.
В-агар тифл нӯшад, шавад шергир,
Ҷавонӣ биёбад аз ӯ марди пир.

Рустам дар "Соқинома" ба чанд масъалаи умумимиллӣ ишора кардааст, ки яке аз онҳо маҳалгароӣ мебошад. Ӯ тифоқии замони каёнро таъкид карда, аз ҳолати имрӯза ва маҳалгароӣ афсӯс мехӯрад:
Зи деҳе барояд якешермард,
Дигар деҳ нишинад ба андӯҳу дард.
Ниҳон ному ком асту ҷанге ниҳон,
Таҳи домани ҳар кӣ санге ниҳон.
Ниҳон меҳру кину ниҳон ройу дин,
Ба каф гурз на, гурза дар остин.

Ҷои дигар мегӯяд:
То чанд гӯри ҳам канем, то чанд доми ҳам танем,
Охир на аз Оҳарманем, эй баччаҳои Моҳаво.
Мо мисли кабкони ватан сайди ҳама зоғу заған,
Аммо ба ҳам минқорзан бо ғайрати бемунтаҳо.

Шоир таъкид мекунад, ки ҳар фард бояд дар хидмати ватану миллат бошад, на баръакс:
Эй дӯст, биё, ки мешу гургӣ накунем,
Кори сутурон аст сутургӣ, накунем.
Бар фарқи сари миллати уфтода зи пой
По мондаву даъвои бузургӣ накунем.

Ба андешаи Рустам худкушиву бегонапарварӣ боиси аз даст рафтани давлат ва пароканда гардидани миллат мешавад. Ӯ дар ин маврид аз Заҳҳоки морон ёдовар шуда, таъкид мекунад, ки фарзандони Кова ғамхори ҳамдигар бошанд:
Аҷамро аз он тира шуд рӯзгор,
Ки бар Ҷам гузин кард Заҳҳоки мор.
Мабодо, к-аз он ҳаждаҳи Ковиён
Яке ҳам намонад кунун дар ҷаҳон.

Искандари Мақдунӣ ҳам дар шеъри Рустам бо симои аслии худ ҳамчун истилогар таҷассум шудааст. Шоир бо ишора ба "Искандарнома"-ҳо таъкид мекунад, ки ситоиши Искандар танҳо ба хотири панд гирифтан аст:
Сикандар даре бар Аҷам боз кард,
В-аз он гоҳ тороҷ оғоз кард.
Сикандар сутудан аз он рӯзгор,
Шуда дар Аҷам панди омӯзгор.
Касе з-ин раҳ омад ба боди бурут,
Аҷам з-ӯ паямбар тарошиду бут.

Тоҷикистон, аз назари Рустам, кӯлбори дарди ҳазорсола ва модари бемори мост. Ӯ дар шеъри "Тоҷикистон" ба мардум муроҷиат карда, таъкид мекунад, ки дар Ватан зистан кам аст, бояд дасти ҳамдигарро гирифта, аз паи ободӣ бошем ва дар навбати худ Ватан низ пуштибони ватандорони муҳоҷир бошад:
Гар бидонӣ, беватанбон нестӣ,
Гар ба Чинӣ, кам зи Хоқон нестӣ.

Ин даъвати Рустам ба ҳар як шаҳрванд дахл дорад:
Кист ғамхори Ватан - гар на ту бошиву на ман?
Чашми бедори Ватан - гар на ту бошиву на ман?
Кист, то санг агар нест, сари худ биниҳад
Пойи девори Ватан, гар на ту бошиву на ман?
Тан ба хорӣ кӣ диҳад, то наканад дасти адӯ
Гул зи гулзори Ватан - гар на ту бошиву на ман?

Ҳар шахс, ба андешаи Рустам, лоиқи биҳишт аст, аммо набояд ба хотири "ваъдаи фардои зоҳид" мунтазир нишинад, балки ҳар лаҳза барои ободӣ талош варзад, зеро ки Худованд имтиёзи интихобро додааст:
Ту ҳамонӣ, ки баҳои ту баҳор асту биҳишт,
На абулҳавл зи сангу на абарбурҷ зи хишт.
Омадӣ, то ҳама ҷо зишт накӯ гардонӣ,
На паи он, ки накӯро бикунӣ зишт, палишт.
Ихтиёри ману ту бар сари як ҳарф ниҳод,
Метавон "кушт" бихонем, вале кардам "кишт".

Шоир таъкид мекунад, ки ҳар шахс имконият ва қобилият дорад, ки зиндагии худро беҳтар гардонад, зеро:
Ки калиди дари бахти ту ҷуз ангушти ту нест,
Ҳунаре нест, ки дар бозуву дар мушти ту нест.

Модар дар тасвири Рустами Ваҳҳоб офаринанда ва дар баробари пайғамбар аст:
Зиҳӣ модарон - офаринандагон,
Паямбархудоён, Худобандагон.

Дар маҷмӯа мавзӯи ишқ низ яке аз мавзӯъҳои марказӣ мебошад. Шоир ба маъшуқа чунин муроҷиат мекунад:
Ту насиби манӣ, ба ҳар ҷоӣ,
Аз манӣ, эй ки сахт зебоӣ.
Боз як субҳи поки тиллоӣ
Аз ҷаҳон дар канори ман оӣ.
То наёбамат, намемирам.

Ҳунари шоирии Рустам дар сохтани вожаву ибораҳои нави шоирона ва образҳои нотакрори дар назари хонанда тасаввуршаванда волост. Ӯ вожаву ибораҳои шоиронае, аз қабили мижгони ҳасрат, зонуи гумон, ҷилвасавор, осмонитабор, яди хазро, теғи шафақ, шарфаи пари ҷон, шаби ҷовидони чашмон, пуштидасти ханда, бистари суруд, маслахи номуси ишқ, насхи мижгон ва монанди инҳо сохта, дар тас-вири ғуруб гуфтааст:
Хуршед, ки бо ҳамосаи нур
Шаҳномаи рӯзро биёрост.
Бо зарҳали ноб дар хати уфқ
Бинвишт: Даҳони баста тиллост.

Дар маҷмӯаи "Шаҳри Хуршед" ашъори гуногунжанр - ҳам маъмулӣ, аз қабили маснавию ғазалу рубоиёту қитъаот ва ҳам арӯзи озод ҷой доранд, ки дар солҳои гуногун эҷод шудаанд. Баррасии ҳамаи онҳо ва нақди маҷмӯа аз доираи имконият ва мақсади муаллифи ин навишта берун аст, зеро ки мақсад танҳо огоҳ кардани ташнагони шеъри форсии тоҷикӣ аз нашри чунин як маҷмӯаи шеъри ноб буд. Ба дӯсти азизам - Рустами Ваҳҳоб бо байти худаш таманно мекунам:
Шаҳри Хуршеди туро нури Худо озин бод!
Субҳи иқболи туро хуни дилам кобин бод.


Добавлено (2013.03.22, 18:27)
---------------------------------------------
ҚАСАМ БА РЎҲИ ҚАЛАМ
Қасам ба рўҳи қалам, нораво нахоҳам гуфт
Ҳар он сухан написандад Худо, нахоҳам гуфт
Қасам ба рўҳи қалам, то замони қатъи нафас
Агар ҳаво надиҳанд аз ҳаво[1] нахоҳам гуфт
Ҳамеша дар назарам рўйи дўст чилвагар аст
.Ба рўйи ойина ҳарфи риё нахоҳам гуфт
,Ба рўзи ҳодиса ҳам бад зи ман умед мадор
.Ки дар ҳарими вафо аз чафо нахоҳам гуфт
Замири мост чу худ дафтари мусаввари дўст
Ҳузури муддаъиён муддаъо нахоҳам гуфт
Чаҳон гирифта нидои «аласту бираббикум
Миёни сели бало чуз «бало!» нахоҳам гуфт
Агарчи дар ҳама офоқ қаҳти меҳру вафост


Добавлено (2013.03.22, 18:28)
---------------------------------------------
ТАВАЛЛО </b><b>
,Аз адам моро фаро хонданд, то Одам шавем
.
Аз биҳишти адн ҳам ронданд, то Одам шавем
 ,
Базри ин нӯҳ осмон биншонда дар як мушт хок

.Боз рӯйи хок биншонданд, то Одам шавем ,
Хокро дар гардиш оварданд даври офтоб
.
Гоҳ ин гаҳвора ҷунбонданд, то Одам шавем
 ,
Баҳри парвози тахайюл гунбаде оростанд
.
Бар сари мо ахтар афшонданд, то Одам шавем
 ,
Сад расулу сад валиюллоҳ барангехтанд
.
Сад суҳуф аз осмон хонданд, то Одам шавем
 ,
Модарон бар хоки хомуш хуни дил бигристанд
.
Бо тавалло зинда гардонданд, то Одам шавем

Добавлено (2013.04.15, 16:49)
---------------------------------------------
Гуфт Пайгамбар, агар ёби хабар,
Ки киёмат мерасад аз рахгузар
В-ин замон бошад ба дасти ту нихол,
К-аз пайи биншонданаш дори хаёл,
Зуд биншонаш, агар ёби мачол,
Хайрро харгиз нашояд эхтимол.

Добавлено (2013.04.19, 16:37)
---------------------------------------------
«Намози шаб бувад рушангари рӯз»
Ба шаб, эй дӯст, рӯзатро барафрӯз (Рустами Ваҳҳоб)

Добавлено (2013.08.29, 14:39)
---------------------------------------------
Чӣ осон кӯҳи оҳан суда гардад,
Чӣ мушкил дил даме осуда гардад.

Гарчи мурғонро тафохур бар ҳавост,
Ризқи ҷумла мурғгон дар зери пост.

Дил супурда ба «ҳар чи бодо, бод!»
Бод аз он ҳамеша ҳаст озод.

Бар ин роҳе, ки захмину фигор аст,
Пайи дандони чандин ришвахор аст.

Пайи шустани рахти шоми сиёҳ
Адо шуд ба ду ҳафта собуни моҳ.

Ду чашми тар ба сӯйи моҳпораст,
Фазои дидаам пур аз ситораст.

Эй ки бинии худ ниҳон бинӣ,
Чӣ кунӣ даъвии ҷаҳонбинӣ.

Чӣ андӯҳе гули садбарг дорад,
Ки бо ҳар барги худ як марг дорад.

Добавлено (2016.04.14, 08:55)
---------------------------------------------
Чӣ мехонӣ, ту эй булбул? Ҳама такрор мехонӣ,
Ҳамон як достонро ҳар саҳар сад бор мехонӣ.
Агар ман як сухан такрор гӯям, хурда мегиранд,

Касе бо ту намегӯяд, ки аз перор мехонӣ.
Найистонро майистон мекунӣ аз мавҷи овозат,
Расули «Мантиқуттайрӣ»-ю аз Аттор мехонӣ.
Навои Борбадро ҳеч кас чун ту намедонад,
Ҳазорон сол танҳо ту ҳамон адвор мехонӣ.
Ҳама дору дарахт аз нашъаи ту ранг мебандад,
Ту чун Мансур ҳар гаҳ бар фарози дор мехонӣ.
Паре аз каҷкулаҳ ҷаста, сафи мижгон ба ҳам
баста,
Саре бар осмон боло, қаландарвор мехонӣ.
Кӣ медонад, ки оёти Сулаймон аст, ё Довуд?
Кӣ мегӯяд, ки Ясно, ё ки Гоҳанбор мехонӣ?

Ту як мушти парӣ, охир, наметарсӣ, ки дар гирӣ?
Забони шуъла дар минқори оташбор мехонӣ.

Ҳамон донад, ки мушти хоки ту бо хуни ишқ
омехт,
Кадомин роз мегӯӣ, кадом асрор мехонӣ.
Феврали 2010

Добавлено (2016.04.14, 09:02)
---------------------------------------------

НОМАИ ЗАРИРОН

Фидойи онон, ки беҳтар аз ман сухансароянду

бесадоянд,

Фидойи онон, ки нойи ишқанду синачокони

бенавоянд.

Фидойи онон, ки дар суроғи ситора рафтанду

барнагаштанд

Ва ҳар сабоҳе дар интизорам, ки аз паси қулла

мебароянд.

Фидойи онон ки дар фазои ҳақоратафшон

ба қалби хунин

Вуҷуди худро чу ғунчаи гул гираҳ бубастанду

порсоянд.

Фидойи онон ки захм дар дил, сиришк дар дида,

пой дар гил,

Ситода сад фитнаро муқобил, чу қалъаи оҳани

вафоянд.

Фидойи онон, ки мавҷи Сурхобро ба пайғом

мефиристанд,

Ки дар канори зулоли Кавсар чу ташнаҷонони

Карбалоянд.[1]

Фидойи рӯҳи парастувоне, ки аз лаби боми ғам

париданд,

На, донае мардумӣ начиданд, то баҳори дигар

биёянд.

Фидойи пирону дастгирон, куҳантар аз «Номаи

Зарирон»,[2]

Хамида бар турбати далерон, ҳама шафоъат, ҳама

дуъоянд.

Фидойи онон, ки рӯҳи худро ба ёрии бекасон

фиристанд,

Чу қалби хунин ба синаи хок бо ғами халқошноянд.

Добавлено (2016.04.14, 09:03)
---------------------------------------------

МОДАР

Барфи боми пирият бар сар ҷавониҳои моро,

Меҳрубоно, бахш ин номеҳрубониҳои моро.


қомататро карда бори ғуссаҳои мо замингир

Мекашӣ бар дӯш нози осмониҳои моро.


Мисли як барги хазонӣ, дасти сӯйи осмонӣ,

Хоҳӣ аз ҳафт осмонҳо бехазониҳои моро.


Баччаҳои ту парешон, ту ҳама шаб зери болат

Гиря дорӣ ҳасрати беошёниҳои моро.


Рӯйи ту чун сафҳаи Мусҳаф шудасту метавон хонд,

Аз хати рӯйи биҳиштият нишониҳои моро.


Бо забони ту басе ҳамду санои халқ гуфтем,

Худ ту нашнидӣ замоне хушзабониҳои моро.


Пеши пойи лаҳзаи дидори покат мефишонам

Доғ дар дил лолаҳои ҷовидониҳои моро.

Добавлено (2016.04.14, 09:06)
---------------------------------------------
http://shahri-khurshed.blogspot.com/p/blog-page.html

Шаҳри Хуршед ҳамон рамзи Хуросони шумост


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.

Сообщение отредактировал Bonu - Пятница, 2013.03.22, 18:29
 
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » культура и образование-санъат ва маориф » Литература-Адабиёт » Рустами Ваҳҳоб.
Страница 1 из 11
Поиск:

Powered by Султанов Баходур Анварович © 2017 Яндекс цитирования Находится в каталоге Апорт Яндекс.Метрика
Поддержать форум на Forum-top.ru