Ишқ - балои осмонӣ ё ҳукми Худо?! - Страница 2 - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик

Душанбе

Ишқ - балои осмонӣ ё ҳукми Худо?! - Страница 2 - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, ДушанбеИшқ - балои осмонӣ ё ҳукми Худо?! - Страница 2 - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе 2012 - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
[2011.10.02][Омар Хайям]
В этом мире глупцов, подлецов, торгашей
Уши, мудрый, заткни, рот надежно зашей,
Веки плотно зажмурь - хоть немного подумай
О сохранности глаз, языка и ушей!
(0) |Добавил: Лана
fff
Страница 2 из 2«12
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » культура и образование-санъат ва маориф » Литература-Адабиёт » Ишқ - балои осмонӣ ё ҳукми Худо?! (Шеърҳо дар ситоиши ишқ)
Ишқ - балои осмонӣ ё ҳукми Худо?!
gulijonДата: Понедельник, 2013.04.08, 15:00 | Сообщение # 36
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Аз шабнами ишқ хоки одам гил шуд,
Сад фитнаю шур дар ҷаҳон ҳосил шуд.
Чун наштари ишқ ба рую хун заданд,
Як қатра чакиду номи он дил шуд. МАВЛОНО


Худованд собиронро дуст дорад
 
SumayaДата: Четверг, 2013.04.11, 14:28 | Сообщение # 37
Майор
Группа: Почетные
Сообщений: 108
Награды: 4
Репутация: 4
Статус:
Бо ошиқон нишину ҳама ошиқӣ гузин,
Бо ҳар кӣ нест ошиқ, кам кун қариниё...


Добавлено (2013.04.11, 14:28)
---------------------------------------------
Дар ишқ чу Рӯдакӣ шудам сер аз ҷон,
Аз гиряи хунин мижаам шуд марҷон.
Алқисса, ки аз бими азоби ҳиҷрон,
Ар оташи рашкам дигар аз дузахиён.


Аз Аллох бубин, хар он чи меояд ба сар...

Сообщение отредактировал Sumaya - Четверг, 2013.04.11, 14:31
 
gulijonДата: Суббота, 2013.04.13, 12:02 | Сообщение # 38
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Раҳ ёбон асту шаб торику поям дар гил аст, 
Ишқу бемориву ғўрбат мушкил андар мушкил аст.  
Инчунин раҳро ба душворӣ тавон рафтан, маро
Ҳамраҳам умр асту умри нозанин мустаъҷил аст. 
Сахт ҳайронасту саргардон, вале дорад умед, 
Дил бад-он лутфе, ки зарроти ҷаҳонро шомил аст.  
Зоҳидон гар ҳиссаҳо иишқро мункир шаванд, 
Ошно донад, ки моро ин сухан ноқобил аст. 
Сўфии хилватнишинро,к-аз муҳаббат дил тиҳист,
Гар ба сурат менамояд ҳақ,  ба маънӣ ботил аст.  
Носеҳ аз дарди дили мо кай хабар дорад, ки мо
Дар миёни мавҷи дарёему ў бар соҳил аст.  
Гуфтамаш ҷону дилу  дин бохтам дар роҳи ту
Дар табассум гуфт: «Қосим, сабр кун, кори дил аст». 


Худованд собиронро дуст дорад

Сообщение отредактировал gulijon - Суббота, 2013.04.13, 12:12
 
SumayaДата: Понедельник, 2013.04.15, 09:00 | Сообщение # 39
Майор
Группа: Почетные
Сообщений: 108
Награды: 4
Репутация: 4
Статус:
[size=16]
[size=14][size=10]
[/size][/size][/size]


[color=#741b47][/color]


Аз Аллох бубин, хар он чи меояд ба сар...

Сообщение отредактировал Sumaya - Понедельник, 2013.04.15, 14:10
 
gulijonДата: Вторник, 2013.04.16, 15:30 | Сообщение # 40
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Тухме, ки ба марзи дил бикиштам ишқ аст,
Бо обу гили хеш сириштам ишқ аст.
Фардо бихўрам зи меваи маърифаташ,
К-ин мева зи боғи сарнавиштам ишқ аст.


Худованд собиронро дуст дорад

Сообщение отредактировал gulijon - Вторник, 2013.04.16, 15:31
 
SumayaДата: Среда, 2013.04.17, 15:05 | Сообщение # 41
Майор
Группа: Почетные
Сообщений: 108
Награды: 4
Репутация: 4
Статус:
Дар ғамат ҷон додаму аммо ту дар нозӣ ҳануз,
Дар бисоти ишқ рухмотам, ту шаҳбозӣ ҳанӯз.
Теғи абрӯ бегунаҳ ёрон ба қатлам кардаи,
Чун уруҷи нашъаи май бар сарам тозӣ ҳанӯз.


Аз Аллох бубин, хар он чи меояд ба сар...
 
gulijonДата: Четверг, 2013.04.18, 14:55 | Сообщение # 42
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Мутриби ишқ аҷаб созу навое дорад,
Нақши ҳар нағма, ки зад, роҳ ба ҷое дорад.
Олам аз нолаи ушшоқ мабодо холӣ,
Ки хуш оҳангу фараҳбахш ҳавое дорад!
Пири дурдикаши мо, гарчи надорад зару зур,
Хуш атобахшу хатопӯш Худое дорад.
Муҳтарам дор дилам, к-ин магаси қандпараст,
То ҳавохоҳи ту шуд, фарри ҳумое дорад.
Аз адолат набувад дур, гараш пурсад ҳол,
Подшоҳе, ки ба ҳамсоя гадое дорад.
Ашки хунин бинамудам ба табибон, гуфтанд:
"Дарди ишқ асту ҷигарсуз давое дорад".
Ситам аз ғамза маёмуз, ки дар мазҳаби ишқ,
Ҳар амал аҷреву ҳар карда ҷазое дорад.
Нағз гуфт он бути тарсобачаи бодапараст:
"Шодии рӯи касе хӯр, ки сафое дорад".
Хусраво, Ҳофизи даргоҳнишин фотиҳа хонд,
В-аз забони ту таманнои дуъое дорад.


Худованд собиронро дуст дорад
 
SumayaДата: Понедельник, 2013.04.29, 14:31 | Сообщение # 43
Майор
Группа: Почетные
Сообщений: 108
Награды: 4
Репутация: 4
Статус:
Дили ман сарбасар дар оташи ишқаш кабоби ӯ,
Зи мастӣ қасди хунам дошт чашми нимхоби ӯ,
Манам чун мехи хайма баста бар гардан таноби ӯ,
Сияҳчашме, ки мегардам мани Маҷнун хароби ӯ,
Ба худ пайваста мепечам чу зулфи тоб тоби ӯ,
Ғазабнок аст бо ман он қадарнозу итоби ӯ,
Намегардад насиби мо, сияҳбахтон, шароби ӯ,
Надонам, қисмати рӯзи азал бо ман чӣ ранг омад?!


Аз Аллох бубин, хар он чи меояд ба сар...
 
gulijonДата: Вторник, 2013.04.30, 10:45 | Сообщение # 44
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Диламро дида ошиқ кард, ошиқ,
Ки дилро ишқ лоик буд, лоиқ,
Маро доранда маъшуқ аст, маъшуқ,
Дилам пайваста ошиқ аст, ошиқ.
Бад-он дилбар супурдам дил, ки дорад,
Ҷамолаш чумлаи ҳусни халоиқ.


Худованд собиронро дуст дорад
 
SumayaДата: Пятница, 2013.05.03, 14:41 | Сообщение # 45
Майор
Группа: Почетные
Сообщений: 108
Награды: 4
Репутация: 4
Статус:
Ошиқ шудам ба он бути айёр чун кунам,
Саъб аст кор,чораи ин кор чун кунам?
Дар умри хеш бохтаам
 ишқ чанд бор,
Ҳар бор сабр доштам,ин бор чун кунам?
Дилро ба банди
 ишқ гирифтор кадаам.


Аз Аллох бубин, хар он чи меояд ба сар...
 
imomov_rДата: Суббота, 2013.05.04, 09:24 | Сообщение # 46
Лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 87
Награды: 3
Репутация: 3
Статус:
Касе, ки ишқ мекорад ашк дарав мекунад.

Сообщение отредактировал imomov_r - Суббота, 2013.05.04, 09:25
 
gulijonДата: Суббота, 2013.05.04, 12:16 | Сообщение # 47
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Андалеби гулшани ишқам, шунав гуфтори ман,
Ғунчаҳо бишкуфта рангоранг дар гулзори ишқ.
Ҷӯйи ҳикмат мебувад ҳар байт, ҳар як мисраам,
Нохуш ояд ҳосидони даҳрро ашъори ман.
Булбули бустонсарои ҳусни гулзори дилам,
Кист, то фаҳмад забони тӯтии асрори ман!
Андалеби хушфиғонам, нолам аз савдои гул,
Бар дилогоҳон хушояд нолаҳои зори ман.
Аз дукони дил матоъи фикр савдо мекунам,
Аз сухан пайдост, ёрон, равнақи бозори ман.
Аз ғами марг, ай ҳабибон, мешавад ҳар лаҳзае
Оби ҷӯйих ун равон аз дидаи хунбори ман.
Оҳ аз маргу дареғо аз фанои зиндагӣ,
Хам шуда дӯшам, гарон бинмуда кулфатбори ман.
Бо чунин бори гарон не зод, не ҳамраҳ маро,
Нест пайдо зоди раҳ ҷуз маъсият дар бори ман.
З-ин сабаб ҳар дам ба худ дорам фиғону нолае.
Ай, ки дар ғафлат гузашта умри чун гулзори ман...
...Ё раб, он соат, ки пӯшам дида аз гулзори даҳр,
Хориҷ аз имон макун, ай дар ду олам ёри ман.
Банда, Абдулҳай, бувад аз раҳматат умедвор,
Айбпӯшу ҷурмбахшо, Ҳодиву Саттори ман.


Худованд собиронро дуст дорад

Сообщение отредактировал gulijon - Суббота, 2013.05.04, 14:16
 
SumayaДата: Понедельник, 2013.05.06, 08:48 | Сообщение # 48
Майор
Группа: Почетные
Сообщений: 108
Награды: 4
Репутация: 4
Статус:
Зиҳи дар кӯи ишқат маскани дил,
Чи мехоҳи аз ин хун хурдани дил?
Чакида хуни дил бар домани ҷон,
Гирифта ҷони пурхун домани дил.
Аз он рӯзе, ки дил девонаи туст,
Ба сад ҷон ман шудам дар шевани дил.
Мунодӣ мекунанд имрӯз, дар шаҳр
Ки хуни ошиқон дар гардани дил.
Чу расво кард моро дарди ишқат,
Ҳаме кӯшам ба расво кардани дил.
Чу ишқат оташе бар ҷони ман зад,
Баромад дуди ишқ аз равзани дил.
Макун, ҷоно, дили моро нигаҳдор,
Ки осон аст бар ту бурдани дил.
Биё, ҷоно дили Аттор кун шод,
Ки наздик аст вақти рафтани дил.


Аз Аллох бубин, хар он чи меояд ба сар...
 
gulijonДата: Вторник, 2014.11.04, 07:27 | Сообщение # 49
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Яксар шарори ишқаму оҳам забона аст,
Ойинадори дардаму ҳайрат баҳона аст.
Хирман кунед донаи гавҳар зи ашки ман
Дар ҳар тараф, ки сели сиришкам равона аст.
Эй нохудо, ту лангари киштӣ зи сабр кун,
Бадри муҳити ишқ  аҷаб бекарона аст!
Мо ошиқему шӯҳраи офоқ гаштаем,
Аз мо басе ба олами имкон фасона аст.
Набвад ба сози пардаи ушшоқ зеру бам,
Оҳанги сози нағмаи мо з-ин тарона аст.
Ҳайронам аз хаданги камони расои у,
Ҳар ҷо дилест, тири ғамашро нишонаа ст.
Ашке, ки мечакад ба раҳи интизори ӯ,
Дар киштзори мӯҳраи уммед дона аст.
Туғрал, гузаштаам зи таманнои қасру ҷоҳ,
Боми фалак, ки бар сари ман сақфи хона аст.

Добавлено (2014.11.04, 07:27)
---------------------------------------------
Зихи эй ишк, сўзи навчавони,
Зихи эй ишк, савдои нихони.
Зулайхо шуд бубин шайдои Юсуф,
Надорад ишк хурдиву калони.


Худованд собиронро дуст дорад

Сообщение отредактировал gulijon - Вторник, 2014.11.04, 07:29
 
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » культура и образование-санъат ва маориф » Литература-Адабиёт » Ишқ - балои осмонӣ ё ҳукми Худо?! (Шеърҳо дар ситоиши ишқ)
Страница 2 из 2«12
Поиск:

Powered by Султанов Баходур Анварович © 2017 Яндекс цитирования Находится в каталоге Апорт Яндекс.Метрика
Поддержать форум на Forum-top.ru