Зиндагй чист? - Страница 2 - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик

Душанбе

Зиндагй чист? - Страница 2 - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, ДушанбеЗиндагй чист? - Страница 2 - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе 2012 - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
[2011.10.15][Омар Хайям]
Знает твердо мудрец: не бывает чудес.
Он не спорит - там семь или восемь небес.
Раз пылающий разум навеки погаснет,
Не равно ль, муравей или волк тебя съест.
(Перевод: Н.Стрижкова)
(0) |Добавил: Лана
fff
Страница 2 из 2«12
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » культура и образование-санъат ва маориф » Притчи о жизни-Хикояхои пандомез дар бораи зиндаги » Зиндагй чист? (Андешах,о дар бораи зиндагй)
Зиндагй чист?
BonuДата: Понедельник, 2013.01.28, 22:18 | Сообщение # 36
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Мо хеч замона хеч дунё хама хеч,
Эй хеч зи бахри хеч бар хеч мапеч.
Дони, ки зи одами чи мемонад пас,
Мехрасту мухаббат асту боки хама хеч.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Среда, 2013.01.30, 16:04 | Сообщение # 37
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Дидаам дилрезаҳое ки радифи дил нашуд,
Соҳиби унвон басе дидам, яке фозил нашуд.
Зиндагӣ! Гар устоди мо туӣ, бепарда гўй,
Аз чӣ шогирдони як мактаб ҳама оқил нашуд?!


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Четверг, 2013.01.31, 20:57 | Сообщение # 38
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Зиндаги бо шитоб  мегузарад
Умр  монанди об  мегузарад

Добавлено (2013.01.31, 20:57)
---------------------------------------------
МАЪНО ВА МАКСАД АЗ ЗИНДАГИ ЧИСТ? 

Суоле пеш меояд, ки инсон аз чи таркиб ефта? Ое мансабу касрхову чоху чалол ва пулу сарват ва либоси фохир метавонад кадру манзалати уро боло барад? На, инхо бидуни ахлоки шоиста ба андози як чав арзиш надоранд! Бидуни шак, зиндаги муаммои бузург аст. Хакиме бар хак мегуяд: мо ба дуне омадаем, аммо намедонем, ки чаро ба дуне омадаем. Моро ба майдони зиндаги андохтаанд, вале огох аз он наем, ки чи тавр бояд зиндаги кард. Мо мирандаем, огохем аз ин казия, аммо намедонем ва намехохем бидонем, ки чаро мемирем ва чи гуна бояд бимирем?! 
Хофиз мегуяд:
Ман ба худ н-омадам ин чо, ки ба худ боз равам,
Хар ки овард маро, боз барад бар ватанам.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Понедельник, 2013.02.04, 15:25 | Сообщение # 39
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Зиндагӣ ҷӯи равон асту равон хоҳад буд,
Ин майи кӯҳна ҷавон асту ҷавон хоҳад буд.
Он чи будасту набояд зи миён хоҳад рафт,
Он чи будасту набудаст ҳамон хоҳад буд!


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Вторник, 2013.02.05, 20:47 | Сообщение # 40
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Чашм бикшо агар чашми ту сохибназар аст,
Зиндаги дар паи таъмири чахони дигар аст!(Аълома Икбол.)


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Понедельник, 2013.02.25, 16:24 | Сообщение # 41
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Чун бубинам, ки сарфарозонро
Зиндагӣ зердасти худ кардаст,
Ноаён бекаманду безанҷир
Ходими пойбасти худ кардаст;

Чун бубинам аёлмандеро
Қолаби зиндагӣ фурў бурдаст,
Ҷоми ў лабшикаставу нима,
Ҷисми ў хастаю палакмурдаст;

Чун бубинам, ки обрўманде
Ташнаи оби ҷўи куҳсор аст,
Дар назар пурсалобату пурдил,
Лек некўш бинӣ, бемор аст;

Чун бубинам, ки обрўманде
Аҷз дида, тарки орзу кардаст,
Монда дар нимараҳ зи худ розӣ,
Роҳи дигар на ҷустуҷў кардаст;

Чун бубинам, ки оҳанинзўре
Гашта зангорхурдаву берўҳ,
Нобарории хешро дида,
Мехурад май зи ғуссаву андўҳ;

Бингарам чун ба чашми густохон –
Чашмашонро ҳаёт тарсондаст,
Ҷисмҳошонро гирифта дар қабза
Мисли шохи дарахт ларзондаст;

Гўям, – эй дўстон, – муросо чист?
Зиндагиро ба ҳукми худ созед.
Хомию сархамӣ чӣ кор ояд?
Хештанро ба кўра бигдозед!

Одамӣ гар зи хеш розӣ буд,
Ҳикмати зиндагӣ намеомўхт.
Буд розӣ агар ба оташбарг,
Оташи ҷовидон намеафрўхт.

Одамӣ гар зи буда розӣ буд,
Ганҷи нобударо куҷо меёфт?
Одамӣ гар ба пастӣ қонеъ буд,
Кай нишимангаҳи само меёфт?

Зиндагӣ нест ҷои созишгоҳ,
Зиндагӣ ҷои амру фармон аст.
Зиндагонист ҷои сўзишгоҳ,
Худшиносию шўру исён аст!


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Пятница, 2013.03.08, 20:18 | Сообщение # 42
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:

[color=#333333][/color]
Зиндаги махруми такрор асту бас, 
Чун шарар ин чилва як бор асту бас. 
Аз Адам чуйед субх, эй окилон, 
Олам аст ин чо, шаби тор асту бас... 
Кист, то фахмад забони авчи мо, 
Нола ин чо набзи бемор асту бас... 
Бедил, аз зиндониёни улфатем, 
Буйи гулро ранг девор асту бас.

Добавлено (2013.03.08, 20:18)
---------------------------------------------
Медавам хар субхдам дар нимарохи зиндаги,
То расонам хешро бар шомгохи зиндаги.
Ташналаб андар биёбони чигарсўзои нафс,
Бахр чўям бахри худ аз хушкчохи зиндаги.
Медавам то умри ман зоеъ нагардад дар сукут,
Бо тапидан зинда бошад чун салохи зиндаги.
Субхдам эхё шавам хамќисмати мавлуди нур,
То набошам сокин андар торгохи зиндаги.
Медавам бедаступо дар кўчабоѓи орзу,
Ормон то бишканам дар боргохи зиндаги
То намонам як ќадам аз корвони умр дур,
Умри худ кардам саропо сарфи рохи зиндаги.
Медавам то сохили он мехри рўзафзуни Ёр,
То сафо ёбам зи ишќаш чун гувохи зиндаги.
Мешитобам сўи худ аз олами бегонае,
То шиносам хешро чун марди рохи зиндаги.
Медавам то дардмандеро шавам Дардошно,
Мархаме бахшам ба ќалб аз дарду охи зиндаги.
Дар бахори дафтарам як мисрае нокишта монд,
Хирманам бебор, кай шуд тирамохи зиндаги?. (Дардошно)[font='lucida grande', tahoma, verdana, arial, sans-serif]
[color=#333333][/color][/font]


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
webmastДата: Вторник, 2013.03.12, 01:10 | Сообщение # 43
Сержант
Группа: Почетные
Сообщений: 54
Награды: 4
Репутация: 2
Статус:
Зиндагӣ чист?
Хуни дил хӯрдан!

Добавлено (2013.03.12, 01:10)
---------------------------------------------
Зиндагӣ охир сар ояд бандагӣ даркор нест,
Бандагӣ гар шарт бошад, зиндагӣ даркор нест!


www.TojAdabiyot.com - Сомонаи Адабиёти Тоҷик
www.DonishOmuz.com - Форуми Фанҳои Омӯзишӣ
 
BonuДата: Среда, 2013.11.06, 19:17 | Сообщение # 44
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Дар зиндаги  Обруй , мансаб, сарват, кибру fурур хамаи ин гузаранда аст . Одам вакте сохиби ана хамин гуна чизхо мегардад худрову Худоро фаромуш мекунад. Чун ки одамизода шири хом хурдааст.Чизе ки инсонро дар ду олам хушнуд мегардонад ин Имон ба холики Яктост. Шарафу номус хоксориву рахмдили имони инсонсонро кави мегардонад. Шукри неъматхои Худованд дасти гирову пои равон чашми бинову гуши шунаво забони гуeву акли расо додааст. Чи кадар Худованд мехрубон аст барои бандахояш . Эй Худоe шукри номат мекунам,Шукри неъматхои афзун мекунам,Fайри шукрона наметонам дигар,Сар ба сачда ман тавалло мекунам.

Добавлено (2013.03.19, 10:08)
---------------------------------------------
Ҳузури зиндагӣ хоҳи, зи роҳи рост берун шав, 
Ки бе ангушти каҷ, аз кӯза раған бар намеояд.

Добавлено (2013.04.15, 16:45)
---------------------------------------------
Оҳ, эй зиндагӣ, манам ки ҳанӯз
Бо ҳама пучӣ аз ту лабрезам .
Фурӯғ

Добавлено (2013.04.16, 15:30)
---------------------------------------------
Вақте хостам зиндагӣ кунам, роҳамро бастанд; вақте хостам ситоиш кунам, гуфтанд хурофот аст; вақте хостам ошиқ шавам, гуфтанд дурӯғ аст; вақте хостам гиристан, гуфтанд дурӯғ аст; вақте хостам хандидан, гуфтанд девона аст. Дунёро нигаҳ доред, мехоҳам пиёда шавам...

Добавлено (2013.04.17, 16:38)
---------------------------------------------
Афсус ки зиндаги даме буду гаме
Калбеву шиканчаеву чашмеву наме
Йо чаври ситамгаре кашидан хар руз
Йо худ ба ситамкаше расондан ситаме..(Халили

Добавлено (2013.05.07, 15:48)
---------------------------------------------
Зиндагиро ҳеҷ фаҳмидӣ, ки фурсат то куҷост? 
Чун шарар донӣ, нигоҳе бар сари роҳи фаност, 
Ин қадар овозаи асбоби шӯҳрат норавост, 
Бар муроди хеш камтар рав, ки он доми балост,

Добавлено (2013.11.06, 19:17)
---------------------------------------------
Чашм бикшо агар чашми ту сохибназар аст, 
Зиндаги дар паи таъмири чахони дигар аст!(Аълома Икбол.)


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » культура и образование-санъат ва маориф » Притчи о жизни-Хикояхои пандомез дар бораи зиндаги » Зиндагй чист? (Андешах,о дар бораи зиндагй)
Страница 2 из 2«12
Поиск:

Powered by Султанов Баходур Анварович © 2017 Яндекс цитирования Находится в каталоге Апорт Яндекс.Метрика
Поддержать форум на Forum-top.ru