Таджикско-персидские Поэты и писатели-Шоиру Нависанда - Душанбе мой любимый город!

 Душанбе мой любимый город!

Таджикские поэты и писатели

Меню сайта
Наш опрос
Что изменится в отношениях РТ и США с избранием нового президента?
Всего ответов: 261
Мини-чат
 
200
 
 
Таджикские поэты иписатели

2008.12.18, 10:21
Илохо холи моро як назар кун,
Дарахти дини моро бо самар кун.
Умед аз лутфи ту бисер дорем,
Ба олам нури худро шуълавар кун.
Ба чуз мехри худат дар дил надорем,
Кабули хар дуо шому сахар кун.
Ба хаки арвохи он Расулат,
Зи дидори рухат моро хабар кун.
Ачаб чобук касест шайтони лаъин,
Зи калби уматон уро бадар кун.
Худовандо ту лутфи хеш фармой,
Бихишти адни худ бар мо назар кун.
Накардем хеч шарти бандагиро,
Гунохи бандагонат дар гузар кун.
Шавад Эмомуддин курбони номат,
Ба рохи рост уро рохсипар кун.
----------------------------------------------------

Эй дуст фиреби нафси шайтон нашави,
Дар банди кафас задию хайрон нашави.
Дуне боги кухна асту ту марди сафар,
Бо хирсу хароси худ зиндон нашави.
Дар махфили номардон пойбанд мабош,
Бе ёди худо ва дини ислом нашави.
Пайгомбари бархаке ки бар мо додаст,
Гофил зи дуруду хатми Курон нашави.
Хам илм омузиву хам касби халол,
Мунтазири пеши душману но инсон нашави.
Мо марди раво-равему дар хоки ватан,
Бо мардуми гайбатчи курбон нашави.
Зиёрати хочиён дур андеш аст,
Бе адои ин закот чупон нашави.
Фармони илохи аст дар дехаи худ,
Бе рузаву бе намоз инсон нашави.
Ту хайру саховате, ки бар даст кади,
Зомин ту ба хаки он ятимон нашави.
Эмомуддин насихат айни мудаост,
Шояд, ки моли халки Пилдон нашави.
-----------------------------------------------------------------
Эй дил ту бие хондани Курона кунем.
Осонии чонкандани ин чона кунем.
Бехуда гузашт дар ин чахон умри азиз,
Хам фикри хамин диёри вайрона кунем.
Дар махфили мо губори хушксоли расид,
Аз Худои худ талаби борона кунем.
Имруз дуо кунем хам кавлу кассам,
Бо мехру вафо изати мехмона кунем.
Боз толиби илм бошем хам фарзи худо,
Ин нафси палиди худ зиндона кунем.
Хар офате, ки мерасад ин бехабарист,
Боз тавбаву илтичо чандона кунем.
Бад кардани якдигару гайбатгуи,
Ин забони худ ба ком часпона кунем.
Мо умати пайгомбари бархак бошем,
Бар гуфтаи он Расул шукрона кунем.
Эмомуддин аз кайфияти хол мапурс,
Андешаи ин диёри Пилдона кунем
-----------------------------------------------------

Эй дил ту таманнои хамон мехру вафо кун,
Дар гушанишини хама вакт ёди худо кун.
Аз бехабарон хира шавад пардаи чашмат,
Бо нури Мухаммад хуру ризвонро нигох кун.
Шабро ту ганимат машумор хоби сахаргох,
Такрор куни Курон, сахар хезу дуо кун.
Мо ки гами чонкандани чон мехурем охир
Бар хез ту аз чой тани хеш даво кун.
Ин турбати хок, ки дар чашми сар афтод,
Дар зиндагиат фикри хамон мори сиёх кун.
Фахре накун аз дидани он умри дарозат.
Бар нафси накарда сер, ту чабру чафо кун.
Рузе рассаду марг ба мехмони ту ояд,
Афсус нахури хеч, хамон фарз адо кун.
Мо рохгузарон токати фарёд надорем,
Осуда мабош ту гами мискину гадо кун.
Ошик машави ту дили гамгин маёзор,
Химмат дар инчо бо ятиму гурабо кун.
Эмомуддин аз ташвиши рузгор чи диди,
То ушру закот бахри ятиму фукаро кун.
---------------------------------------------------------------

Имруз наметавон рафт бо рохи росту борик,
Фардо чи сон бошад он гури тангу торик.
Сад ваъдахо бидодам ман шарти бандагиро,
Асло вафо накардам, ки гуядам чу табрик.
Эй рохгузар назар кун бо хоки туби кабрам,
Даст бар дуо кушои бар манзилам чу наздик.
Дар махфили худоям, ман марди бе навоям,
Дар хусни у гадоям аз милатхои точик.
Хоча макун ганимат хоби сахар фиреб аст,
Оё хабар надори аз зиндагии мамолик.
Аз кардахо пушаймон фардо шави ту хайрон,
Тоъат бикун ту дар вакт лаънат бар холи мушрик.
Эмомуддин видоъ кун аз мачлиси ракибон,
Такя бар зоти хак шав зеро,ки хас мухаррик*

*мухаррик---харакатдиханда

---------------------------------------------------------------

Хазон шуд умри ман гул аз чаман рафт,
Забонам кунда гашту бе сухан рафт.
Танам бе чону мардум нола доранд,
Мани танхо, ки номам аз ватан рафт.
Бо оби гарм бишустанд дасту поям,
Сарам печида тобут бо кафан рафт.
Ба суи кибла бурданд дав-давонам,
Фигони бе амон аз марду зан рафт.
Маро дар хоки худ танхо гузоштанд,
Илохо ин чи шуд дуд аз кафан рафт.
Бо хукми кудраташ чонам бидоданд,
Хамон лахза зи ман сесад сухан рафт.
Умеду мушкил осонам туи ту,
Ки рузам шаб шуду шамъ аз чаман рафт.
Бигаштаст хучраи ман тангу торик,
Кунам афсус ки умри ман бо фанд рафт.
Манам Эмомуддин фархунда гаштам,
Зи дуди дил ох зи гамбози ман рафт.

-------------------------------------------------------
Ман садка шавум забони куронхона,
Дар рохи Худо фидо кунад ин чона.
Аз куча назар кунанд бинанд хоки туп,
Аврохои бо умеди кабристона.
Хам падару хам модар дар хоки хунук,
Боз аруси таги чодир ин Пильдона.
Мардум ки ба худ парда кафанхо доранд
Ру чониби киблаанд Худо медона.
Ин косаи зарина ба пешат монди,
То кай ту куни хурсанд ин шайтона.
Хар дуои сахари асархо дорад,
Пур нагмаи чонгудози ин мургона.
Ин умри азиз бо хори зори бигузашт,
Кай фикр куни бохору тобистона.
Эй дуст бие парастиши нафс макун,
Бин мардуми дар ба дари саргардона.
Эмомуддин имруз паногох карди,
Ин кухои сарбаланди кухистона.
-------------------------------------------------

Курон бихон буи мухаммад дорад,
Сар то сари у ваъдаи чанат дорад.
По бар лаби чуй тахорати том металабад,
Дил хонаи у азону комат дорад.
Хар руз куни адо панч вакт намоз,
Дар боги бихишт сайри киёмат дорад.
Аз хондани ту шод шуд арвохи падар,
Рухи ту ба Каъбахам зиёрат дорад.
Пархез бикун зи гайбати нохалафон,
Чун умри худо наълату нафрат дорад.
Ру бар холи мискинон нихи марди худо,
Бар гунохи кардаги кафолат дорад.
Дар дунёи дуруза маранчон дили касс,
То хонаи хак дарон иморат дорад.
Рузу шаби ту ачаб ачаб мекузарад,
Он умри гузашта ранчу мехнат дорад.
Эмомуддин аз таънаи куфрон маранч,
Ин дунёи дун хам ранчу мехнат дорад…
-----------------------------------------------------------------

На шох мондасту на дарвеш Илохо ояти тавба,
Киёмат омадаст аз пеш Илохо ояти тавба.
Сарам чун дар кафан печид ду поям чуфт дар банд аст,
Бо ки ман рози дил гуям Илохо ояти тавба.
Шитобон рох мерафтанд бар суи киблаам имруз,
Видоъ бо марду зан дорам Илохо ояти тавба.
Худовандо панохам гир, ки дар рох марди шайтон аст,
Ба хар холе, медори Илохо ояти тавба.
Нафас печида меояду рузам шом меояд,
Умед аз лутфи ту дорам Илохо ояти тавба.
Нигохбонам шави эй дуст ки Курон дар забон дорам,
Бигардон мушкилам осон Илохо ояти тавба.
Хаёти умри худро ман фиреби нафс гардондам,
Надорам чораи дигар Илохо ояти тавба.
Бубин дар ин замон холлам чи шуд молу амволам,
Надонистам, ки чанд солам Илохо ояти тавба.
Дуруде бар ту мегуям хабиби умати уям,
Чамоли хеш бинмой Илохо ояти тавба.
Кушо кулфи забонамро ё Оллоху ё Акбар,
Бигардон мушкилам осон Илохо ояти тавба.
Манам Эмомуддин хайрон, ки доим гаштаам сарсон,
Дар ин кухсори бе поён Илохо ояти тавба.

------------------------------------------------------------------

Умри худ барбод кардам дар талоши зиндаги,
Кухи олам бод кардам дар талоши зиндаги.
Коматам хам гашт чашмам хира по ларзон шуд,
Чанг по фулод кардам дар талоши зиндаги.
Харчи кардам зора кардам хеч у рози нашуд,
Тарки илм-устод кардам дар талоши зиндаги.
Рози дил ногуфта монду дарди дил пинхон шуд
Маърака обод кардам дар талоши зиндаги
Чор тараф дар тагу тозам кай илочи у кунам,
Хамчу мург фарёд кардам дар талоши зиндаги.
Дар дахон дандон намон, ки нони бе минат хурам,
Нафси худро шод кардам дар талоши зиндаги.
Хар сахар мехезаму ру суи кибла мекунам,
Сахви худ пайдо кардам дар талоши зиндаги
Гардани кач мунтазири пеши номардон шудам,
Душмани худ шод кардам дар талоши зиндаги.
Эй бародар хеч гох гофил зи ёди хак мабош,
Дарси дил имдод кардам дар талоши зиндаги.
Кори хакро пеша гиру дар байни ноахлон машин,
Дер боз фарёд кардам дар талоши зиндаги.
Хотири хеш чамъ дор Эмомуддин осуда бош,
Бо факирон ёр бош дар талоши зиндаги.

-----------------------------------------------------------

Гузарам зи куча богу бикунам нигохи Бедил,
Хама шаб дар ин умедаст чилвагохи Бедил.
Мани дилфигори гамгин бе карорам шаб то субх,
Суханам бо ки бигуям бие шохсавори Бедил.
Сухани ширин дори бо забони дардманди,
Кулфи дил кушода гаштаст бо буи димоги Бедил.
Дили зор мондаи ман, ки шавад мехмонам.
Бикуни насихати ман доимо фароги Бедил.
Намаке таъом дорад лазатте чашидаам ман.
Хамаи шакари ту канд инкадар чароги Бедил.
Бо китобат хамнишинаму чамоли ту бубинам,
Ман ятими нотавонаму кунам узрхохи Бедил.
Ба тарикати ту бандам бо шариати ту коил,
Машикан дили маро ту бар сарам кулохи Бедил.
Назми ту ширину дилкаш бигаштаст бар забонам,
Ки бо форси бихонам хомаи сиёхи Бедил.
Ба кобои майпарастон, ки кунам шаб зиндадори,
Хама шаб дари умед аст кунам ман нигохи Бедил.
То шавад Эмомуддин ба паёми ошной,
Ман факири дил фиребам дилу чон фидои Бедил.
-------------------------------------------------------------------
Аблахонро гайри навспарвари дун... Читать дальше-Матни комил »

Reads: 583 | Added by: kamolov8585 | Rating: 5.0 | Comments (0)

2007.06.05, 22:37
 
Бахор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,
Тамоми зиндаги охиста аз пеши назар бигзашт.
Ба мисли гушту нокхун хамеша бо Ватан будам,
Агарчи нисфи умри бехтаринам дар сафар бигзашт.
Ватан, дар хар куjo омад ба сар форам х,авои ту,
Ман аз он суи уqёнус бишнидам садои ту,
Агарчи дар миён туфону мавч,и бах,рх,о буданд,
Вале омад ба гуши ман садои рудх,ои ту.
Ба ваqти бозгаштан чун расидам бар х,удудат ман,
Зи сар то по шудам мафтуну шаидои намудат ман.
Нишастам дар замини ту, паридам дар х,авои ту,
Ба овози дурудат ман, ба ох,анги сурудат ман.
Агарчи борх,о афтодам аз ёру диёрам дур,
Ба саиёхи маро карданд гарчи дустон машх,ур,
Вале ман дар хама jо, дар хама кунjу канори дах,р
Хамеша бо Ватан будам, хамеша бо Ватан масрур.
Мирзо Турсунзода
Category: Мирзо Турсунзода | Reads: 1053 | Added by: Admin | Rating: 5.0 | Comments (1)

2007.06.05, 22:34
Ба авч,и кибриё, к-аз пах,лўйи ач,з аст рох, он ч,о,
Сари мўе гар ин ч,о хам шавй, бишкан кўлох, он ч,о.
Адабгох,и мух,аббат нозу шўхй барнамедорад,
Чу шабнам сар ба мех,ри ашк меболад нигох, он ч,о.
Ба ёди махфили нозаш сахархез аст ач,зоям,
Табассум то куч,ох,о чида бошад дастгой он ч,о.
Мук,ими дашти улфат бош, хоби ноз сомон кун,
Ба х,ам меоварад чашми ту мижгони гиёх, он ч,о.
Хаёли ч,илвазори нестй х,ам оламе дорад,
Зи нак,ши по саре бояд кашидан гох,-гох, он ч,о.
Хушо базми вафо к-аз х,ич,лати изх,ори навмедй,
Шарар дар санг дорад пар фишонихои ох, он ч,о.
Ба саъйи гайр мушкил буд з-ошуби дуй растан,
Саре дар ч,айби худ дуздидаму бурдам панох, он ч,о.
Дил аз камзарфии ток,ат набаст эх,роми озодй,
Ба санг ояд магар ин ч,ому гардад узрхох, он чо.
Ба Канъони хавас дарде надорад Юсуфи матлаб,
Магар дар худ фурў рафтан кунад эчоди чох он ч,о.
Зи бас файзи сахар мечўшад аз гарди саводи дил,
Хама гар шаб шавад, рўзат намегардад сиёх он чо.
Зи тарзи машраби ушшок сайди бенавой кун,
Шикасти ранги кас обе надорад зери кох он чо.
Замингирам ба афсуни дили бемуддао, Бедил,
Ба он водй, ки манзил низ меафтад ба рох он чо.
 

 

Худовандо, ба он нури назар дар дида чо бинмо,
Ба кадри интизори мо чамоли муддао бинмо.
На ранге аз тараб дорему не аз хуррамй бўе,
Чамангумкардаем оинаи моро ба мо бинмо.
Шафеи чурми махчурон ба чуз гайрат чй мебошад,
Ба хакк,и дидаи Бедил, ки моро он лик,о бинмо
Category: Абулкодири Бедил | Reads: 1468 | Added by: Admin | Rating: 4.0 | Comments (1)

2007.06.05, 22:21
 
Category: Чалолиддини Румй | Reads: 1024 | Added by: Admin | Rating: 4.5 | Comments (0)

2007.06.05, 22:20
Ҳазор гуна адаб ч,он зи ишқ омузад,

Ки он адаб натавон ёфтан ба мактабҳо.

***

Меҳру рафъат васфи инсонй бувад,

Хашму шаҳват васфи ҳайвонй бувад.

***

Ишқҳое, к-аз паи ранге бувад,

Ишқ набвад, оқибат нанге бувад.

***
Гургу шеру хирс донад ишқ чист,

Кам зи саг бошад,,ки аз ишқ у тиҳист.

***
Ҳин, макаш ҳар муштариро ту ба даст,

Ишқбозй бо ду маъшуқа бад аст.

***

Ишқ бар мурда набошад пойдор,

Ишқро бар ҳайи ч,онафзой дор!

***
Нест маъшуқе зи ошиқ бехабар.

***
Ошиқй пайдост аз зории дил.

Добавлено (2007.06.05, 20:14)
---------------------------------------------
Румй ва Ҳёте - гуфтугуи тамаддунҳо
Ҳар касе к - у дур монд аз асли хеш,
Боз ч,уяд рузгори васли хеш.
Маъсуми Муҳаммадрач,аб, Хуч,анд
Ин байти маъруфи Ч,алолиддини Румй - шоири шаҳири точ,ики асри сездаҳи милодй дар ҳамоиши адабии байнулмилалии Хуч,анд ба гунае тафсир ёфт, ки қалбҳо ва арзишҳои волои маънавии одамон, новобаста ба тавофутҳои қавмиву нажодй, инсонҳову халқҳо ва фарҳангу тамаддунҳои мухталифро дар ҳама давру замонҳо ва дар гушаву канорҳои ч,аҳон ба ҳам меоварад ва пайванду ягонагй медиҳад.
Ҳамоиш дар Донишгоҳи давлатии Хуч,анд дар мавзуи «Румй ва Ҳёте - гуфтугуи фарҳангҳои Шарқу Ғарб» дар давоми ду руз бо иштироки донишмандону адабиётшиносони Точ,икистону Олмон, Русияву Узбакистон ва Эрон баргузор гашт. Матлубаи Мирзоюнус, адабиётшиноси точ,ик, аз ширкаткунандаҳои ҳамоиш гуфт, ашъори безаволи ин ду шоири ч,аҳонй - Румй ва Ҳёте, «Маснавии маънавй» ва «Девони ғарбиву шарқй» канори ҳам, дар тули асрҳо нақбеву роҳҳое маънавй байни дилҳои одамон кушудаанд: «Ин ҳар ду мехостанд пуле миёни мардумон созанд, мардумон ва тамаддуни ғарбиву шарқиро ба ҳам омезиш диҳанд, то як фазои сулҳу мусолиҳаву ҳамдигарфаҳмй дар ч,аҳон барқарор бошад. Ва имруз ҳам сабаби ин қадар маъруф будани ин ҳар ду бузургворон дар онаст, ки инҳо моро ба ҳамдигар мепайванданд, ч,аҳони Ғарбу Шарқро ба ҳам мепайванданд, тамаддунҳо, динҳо, фарҳангҳоро ба ҳам пайванд мезананд.»

Озитои Ҳамадонй, муҳаққиқи иронии осори Ч,алолидини Румй меафзояд, ки осори ин шоир ва мутафаккири бузург аз қалбу руҳи у, ва танида ба ҳунари беназири шоирй бархоста ва аз ин ру ба осонй қалбҳои дигарро тасхир мекунад. Ва айни ин маъниро дар мавриди ашъори Ҳёте - шоири беназири олмонй низ метавон гуфт. Хонум Ҳамадонй мегуяд : «Маҳди парвариши ин шоир тафаккур ва наҳваи шеърсароийи уст, ки боис мешад ч,аҳониён ба ин шоир тавач,ч,уҳ бикунанд.»

Дар рузҳои ҳамоиш тарч,имаи «Девони ғарбиву шарқй» - и Ҳёте, пас аз 130 соли ба табъ расидани он, ба тариқи комил ба забони точ,икй ба дасти нашр расид. Зимнан, 30 шеъри Ҳётеро шоири шинохтаи точ,ик Фарзона ба тозагй ба точ,икй баргардон кардааст. Адабиётшинос ва аз таҳиягарони «Девони ғарбиву шарқй» Матлубаи Мирзоюнус меафзояд : «Нашри комили тарч,има аз ч,ониби Куруши Сафавй сурат гирифта, ва ниҳоят дар чаҳор- панч, сол муқаддам доктор Маҳмуди Ҳаддодй тарч,имаҳоро ба сомон расониданд. Дар Точ,икистон кори тарч,имаи ашъори Ҳёте дар солҳои шастуми асри гуазшта шуруъ шуда буд ва аз ч,умла бархе аз шеърҳо Ҳётеро устод Лоиқ ба точ,икй гардонида буданд. Кори мо дар тартиб додани ин «Девони ғарбиву шарқй» - и Ҳёте аз он иборат буд, ки беҳтарин тарч,имаҳо, намунаҳои кори ҳамаи он мутарч,имонро ба ҳам орем.»

Аммо дар Точ,икистон дар давраи Шуравй нашри осори Ч,алолиддини Румй ба мисли осори бисёр шоирону адибон ва мутафаккирони давраҳои пешин дар зери муҳри мазҳабй мамнуъ буд ва танҳо шеъре чанд ба сурати пароканда руи чоп омада буд. Адабиётдустон ва китобхонони точ,ик бо ашъори Румй аз дастнавису нашрҳои пешини чопй ба ҳуруфи арабиасос, ки дар дасти онҳо маҳфуз монда буд, ошной ёфта, ихлос ва муҳаббат меварзиданд. Танҳо дар нимаи дуввуми солҳои ҳаштодуми асри гузашта баргузидаи «Девони Кабир» дар чанд муч,аллад ба ҳуруфи кирилй дар шаҳри Душанбе ва дар тайи солҳои ахир «Маснавии Маънавй» низ ба ин ҳуруф дар Теҳрон ба табъ расид.

Устоди Донишгоҳи давлатии Хуч,анд - Нуралии Нурзод мегуяд, ҳамоиши илмиву адабии байнулмилалй дар Хуч,анд ба хотири шинохти ч,ойгоҳ ва мақоми Румй ва Ҳёте дар муколамаи фарҳанг ва тамаддунҳои ч,аҳонй сурат мегирад. Аз нигоҳи вай, Румй ва Ҳёте арзиши руҳиву маънавии инсониро меъёр ва маҳаки ягонаи арч,гузорй аз инсон ва ч,омеаи инсонй шуморидаанд ва барои ин арзиш ҳеч, як марзу сарҳади маснуъиро қоил нашудаанд.

Category: Чалолиддини Румй | Reads: 1057 | Added by: Admin | Rating: 5.0 | Comments (2)

2007.06.05, 22:20

Ishqi tu sharobest, ki suzad dilu jonro,
Juz oshiqi shurida nanushid kas onro.
Z-in boda kase to nashavad mast, nadonad,
Ahvoli dili oshiqi oshuftaravonro.
On jo, ki gamash khayma zanad, barkanad az bekh,
Andeshai kavnaynu gami namu nishonro.
Sultoni saropardai ishqash chu nazar kard,
Afrukht ba nuri rukhi khurd jumla jahonro.
Dar jumla jahon zohiru pinhon shudu chun jon,
Avval natavon did ayyon surati jonro
Kas rah nabaraad dar tu ba tashbehu tasavvur.
To dasti yaqinash nakanad bekhi yaqinro,
Dar manzili hayrat mazanm, ey Sham, dami lutf,
Pushida hamon beh, ki kuni sirri nihonro.
Category: Чалолиддини Румй | Reads: 934 | Added by: Admin | Rating: 5.0 | Comments (2)

2007.06.05, 22:18

Гуфтй маро, ки чунй, дар рўйи мо назар кун,
Гуфтй хушй ту бе мо, з-ин таънаҳо гузар кун.
Гўйи мар ба ханда: хуш бод рўзгорат,
Кас бе ту хуш набошад, рав қиссаи дигар.
Гуфтй малул гаштам, аз ишқ чанд гўйй,
Он кас, ки нест ошиқ, гў қииса мухтасар кун.
Дар оташ андароям, чун мич,маре маёбам,
Кунч,е равам, ки ё раб, ин теғро сипар кун.
Густохамон ту кардй, гуфтй, ки рўзи аввал,
Ҳоч,ат бихоҳ аз мо, аз дарди мо хабар кун.
Хомўш шав дар ин раҳ то сирри ч,он бидонй,
Чун оқилони огаҳ худро ту бехабар кун.
Гуфтй, камар ба хидмат барбанд ту ба ҳурмат,
Гуфтй шудам парешон аз муфлисии ёрон,
Бикшо лаби ч,аҳонро пурлаълу пургуҳар кун.
Category: Чалолиддини Румй | Reads: 892 | Added by: Admin | Rating: 0.0 | Comments (0)

2007.06.05, 22:17

Рав сар бинеҳ ба болин, танҳо маро раҳо кун,
Тарки мани харобе, шабгарди мубтало кун.
Моему мавч,и савдо, шаб то ба рўз танҳо,
Хоҳй, биё, бубахшо, хоҳй бирав, ч,афо кун.
Аз ман гурез, то ту ҳам дар бало наяфтй,
Бигзин раҳи саломат, тарки раҳи балош кун.
Моему оби дида дар кунч,и ғам хазида,
Бар оби дидаи мо сад ч,ой осиё кун.
Хиракушест моро, дорад диле чу хоро,
Бикшад, касаш нагўяд, тадбири хунбаҳо кун.
Бар шоҳи хубрўён воч,иб вафо набошад,
Эй зардрўй ошиқ ту сабр кун, вафо кун.
Дардест ғайри мурдан к-онро даво набошад,
Пас ман чй гуна гўям, к-он дардро даво кун.
Дар хобҳ дўш пире дарр кўйи ишқ дидам,
Бо даст ишоратам кард, ки азм сўйи мо кун.
Гар аждаҳост дар раҳ ишқ аст чун зумуррад,
Аз барқи он зумуррад ҳин дафъи аждаҳо кун.
Бас кун, ки бехудам манн в-ар ту ҳунарфазой,
Таърихи Бу алй гў, танбеҳи Булало кун.
Category: Чалолиддини Румй | Reads: 909 | Added by: Admin | Rating: 0.0 | Comments (0)

2007.06.05, 22:16

Хуш хиромон меравй, эй ч,они ман, бе ман марав,
Эй ҳаёти дўстон, дар бўстон бе ман марав.
Эй фалак бе ман магарду эй камар бе ман матоб,
Эй замин бе ман мабошу эй замон бе ман марав.
Ин ч,аҳон бо ту хуш асту он ч,аҳон бо ту хуш аст,
Ин ч,аҳон бе ман мабошу он ч,аҳон бе ман марав.
Эй инон, бе ман марону эй забон бе ман махон,
Эй назар, бе ман мабину эй равон бе ман марав.
Шаб зи рўят моҳ рўйи хештан бинад сафед,
Ман шабам, ту моҳи ман, бар осмон бе ман марав.
Хорро бин руст з¬оташ дар паноҳи лутфи гул,
Ту гулй, ман хори ту, дар гулситон бе ман марав
Дар хами чавгон¬т мебозад, чу чашмат бо ман аст,
Ҳамчунин дар ман нигар, бе ман марон, бе ман марав.
Чун ҳарифи шоҳ бошй, эй тараб, бе ман мабош,
Чун ба поси шаҳ равй, эй посбон, бе ман марав.
Войи он кас, к¬ў дар ин раҳ бе нишони ту равад,
Чун нишони ту манам, эй бенишон, бе ман марав.
Вой онро, к¬андар ин раҳ меравад бедонише,
Оташи роҳам туй, эй роҳдон, бе ман марав.
Дигаронат ишқ мехонанду ман султони худ,
Эй ту волотар зи ваҳми ину он бе ман марав
Category: Чалолиддини Румй | Reads: 923 | Added by: Admin | Rating: 0.0 | Comments (0)

2007.06.05, 22:14

Чунин шабҳо шаби қадр аст моро,
Ҳилоли дигарон бадр аст моро.
Шабе, к¬он дилбари айёр бо мост,
На як шаб сад шаби қадр аст моро.
Ба гирди мо ҳаводис раҳ надорад,
Фароғ аз ҳодиси даҳр аст моро.
Зи фақру фоқа моро ор н¬ояд,
Ки ори дигарон фахр аст моро.
Ба зери ҳирқаам зуннори куфр аст,
Бад¬ин шўҳрат ба ҳар шаҳр аст моро.
Дуре, к¬андар ду олам менағунҷад,
Фитода дар дили баҳр аст моро.
Ҳама олам ба сони Шамси Табрез,
Ба зери сояи чатр аст моро.
Category: Чалолиддини Румй | Reads: 936 | Added by: Admin | Rating: 0.0 | Comments (0)

1 2 »
Приветствую Вас Гость

Логин:
Пароль:
Календарь
«  Март 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031
Поиск

Google
 
Друзья сайта
 Всё о таджикском рэпе
    Все о
Душанбе

 

 

Статистика

Powered by Султанов Баходур Анварович © 2010